НАМОИШИ ШАХСИИ АКАДЕМИК АЗАМАТ ҲОТАМОВ КУШОДА ШУД

Дар Галареяи санъати тасвирии Ӯзбекистон намоиши шахсии академики Академияи бадеии Ӯзбекистон Азамат Ҳотамов кушода шуд, ки аз 24 асари графикӣ ва 14 ҳайкалтарошӣ иборат аст.

Дар экспозитсия намоиши асарҳои эҷодкор, аз ҷумла «Оина», «Модар ва фарзанд», «Оила», «Рассом ва илҳом», «Дунёи рангин», «Ёди бачагӣ», «Шоира», «Шер», «Фариштаи зебоӣ», «Вақте ки ӯ орзу мекард» ва ғайра ҷой гирифтааст.

Яке аз мавзӯъҳои асосии ҳайкалтарош тасвири симои зан мебошад. Дар асарҳои академик симои зан бо хатҳои зебо тасвир карда шуда, эҳсоси меҳру муҳаббат ва эҳтиром ифода гардидааст.

А. Ҳотамов соли 1952 дар ноҳияи Шерободи вилояти Сурхондарё таваллуд шудааст.

Ӯ дар Донишкадаи рассомӣ, ҳайкалтарошӣ ва меъмории Ленинград ба номи Репин таҳсил гирифтааст. Бо медалҳои нуқра ва тиллоии Академияи бадеии Ӯзбекистон мукофотонида шудааст.

Алҳол дар Донишкадаи миллии рассомӣ ва дизайни ба номи Беҳзод ба донишҷӯён дарс медиҳад.

Ҳасан Абдуназаров.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: