БУЗУРГМАРДИ АРСАИ ИЛМ

Нахустин шиносоии мо бо устод Аҳмад Абдуллоев замоне рух дод, ки дар синфи чоруми мактаби таълимоти ҳамагонии рақами 5-уми ноҳияи Бойсун таҳсил доштам.

Хирад раҳнамову хирад дилкушой,

Хирад дастгират ба ҳар ду сарой.

Абулқосими Фирдавсӣ

Нахустин шиносоии мо бо устод Аҳмад Абдуллоев замоне рух дод, ки дар синфи чоруми мактаби таълимоти ҳамагонии рақами 5-уми ноҳияи Бойсун таҳсил доштам. Мо гурӯҳе аз ҳамсинфон баъди дарс ҷониби хона раҳсипор будему доир ба тарзи навишти дурусти баъзе калимаҳо баҳс мекардем. Аз ҷумла, ман мегуфтам, ки «Муҳаммад» бо ду «м» навишта мешавад, аммо шарикам инкор мекард. Ин ҳангом аз кӯчаи саросар хокӣ, ҷавонмарде дар бар либоси шинам мегузашт, ки туфлиҳои сиёҳи ялаққосӣ ва мӯйи сип-сиёҳи ба қафо шоназада (ба худаш хеле мезебид) дошт. Вай ба баҳси мо таваҷҷуҳ кард:

– Ин писарча рост мегӯяд, калимаи «Муҳаммад» бо ду «м» навишта мешавад, онро «ташдид» мегӯянд, – гуфт ӯ. Ман бо ғурур сӯйи рафиқонам нигаристам. Баъд дар хона аз падарам фаҳмидам, ки ин марди хушсурат, ҷавони адабиётшинос, амакбачаи қиблагоҳам Аҳмад Абдуллоев будааст. Устоди равоншод Салим Раҳмон ҳар гоҳ моро ҳушдор медод, ки чун ин ҳамдеҳаамон домани илмро сахт дорему бомаърифат шавем. Рости гап, ҳамин як дидор сабаб гашту аз пайи омӯзиши забону адабиёти нотакрору бебаҳои гузаштагон шудам. Аҳмад бароям идеал буд.

Баъд аз он ки дар мактаби миёна аз устодон – Равшани Эҳсон, Салим Атозода дарси адабиёт омӯхтам, барои идомаи таҳсил роҳи Душанберо пеш гирифтам, бахт ба рӯям хандид ва донишҷӯйи мактаби олӣ гаштам. Ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ баробари олимони варзида аз Аҳмад Абдуллоев низ ҳамеша дар бисёр масъалаҳо маслиҳат мегирифтам.

Мутаассифона, овони дар курси чорум хондан, ба беморие печидаму зиёда аз чил рӯз бистарӣ гаштам. Баробари ҳамкурсону ҳамдеҳагони донишҷӯ барои мани мусофир Аҳмад Абдуллоев низ ҳамдарду ғамшарик, маслиҳатгар буд. Ҳар гоҳ чеҳраи нуронии ӯро бинаму суҳбаташро шунавам, гӯё дардҳоям таскин меёфтанд. Эҳтироми баланд, ки дошт, духтурону профессорони беморхона ба беҳдошти саломатии ман эътибори ҷиддӣ медоданд.

Ман сиҳҳат ёфта, таҳсилро давом додам ва дар мавзӯи «Ҳаёт ва эҷодиёти Мирзо Ҳаити Саҳбо» кори дипломӣ гирифтам, ки роҳбари илмиам доктори илмҳои филологӣ Субҳон Амирқулов буд. Дар таълифи кори дипломӣ низ А.Абдуллоев роҳу равиш нишон дод. Танқиду таърифҳои вай, маслиҳатҳои беғаразонааш маро рӯҳбаланд мекарданд. Дар фарҷом рӯзи ҳимояи кори дипломӣ ба таърифу таҳсини академик Муҳаммадҷон Шакурӣ мушарраф ва соҳиби баҳои аъло гаштам.

Бойсунро диёри мардхез мегӯянд. Ин куҳандиёри кӯҳистон бисёр бузургонро ба камол расонидааст, ки дар пешрафти маданияту маърифат саҳми босазо гузоштаанд ва мегузоранд. Аз шумори чунин ашхос метавон номи доктори илмҳои филологӣ, профессор Аҳмад Абдуллоевро ба забон бурд. Ӯ 15 марти соли 1936 дар деҳаи Бибиширини ноҳияи Бойсун дар оилаи мударрис таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаб ба факултети филологияи Донишкадаи омӯзгории Душанбе дохил шуда, онро бомуваффақият хатм мекунад. Солҳое муаллимӣ карда, шавқи омӯзиш, ҷозибаи каломи бадеъ, иштиёқи чидани гуҳарҳои гаронбаҳои баҳри бекарони адабиёти форс-тоҷик ӯро ба шаҳри Ленинград раҳнамун сохт. Дар аспирантураи донишгоҳи давлатии ин шаҳр таҳсил намуд, таҳти роҳбарии олими шинохта А.Н.Болдирев дар мавзӯи «Ҳаёт ва эҷодиёти Адиб Собири Тирмизӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя кард. Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АФ Тоҷикистон кор кард, ҳамзамон дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва Донишкадаи омӯзгорӣ ба толибилмон асрори илми адабиётро омӯхт.

Соли 1983 дар мавзӯи «Масъалаҳои жанр ва услуб дар лирикаи адабиёти форсӣ-тоҷикии нимаи аввали қарни ХI» рисолаи докторӣ ҳимоя намуд. Рисола аз тарафи ҳайати шӯрои илмӣ пешниҳод шуд, ки чун китоби таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва аҳли илм нашр карда шавад.

Абдуллоев солҳои 1990-1995 мудири кафедраи забону адабиёти тоҷики Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон буд. Бо даъвати маъмурияти Донишгоҳи давлатии Тирмиз ба ин ҷо омад ва то ба нафақа ба ҳайси профессор ба донишҷӯён сабақ дод. Олими заковатманд то поёни умр садҳо мақола ва бисёр асарҳои гаронбаҳо таълиф намуд. Дар рисолаҳои ӯ «Адиб Собири Тирмизӣ» (1969), «Заҳири Форёбӣ» (1974), «Адабиёти форс-тоҷик дар нимаи аввали асри ХI» (1979) баробари тадқиқи ҳаёт ва эҷодиёти як зумра шоирони асрҳои ХI-ХII ҷараёни адабии ин қарнҳо, масъалаҳои жанру услуби лирика, майлҳо ва равияҳои адабӣ, хусусиятҳои халқию демократӣ ва оҳангҳои «деҳқонӣ»-и назм, моҳияти адабиёти дарборӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтаанд.

Абдуллоев дар мақолаҳояш низ бештар ба масъалаҳои назарии адабиёти классикии форс-тоҷик – масъалаҳои инкишофи жанрҳо, сабкҳо, ҷараёнҳои адабӣ, таърихият ва таҳаввули шеър диққат медиҳад. Аз ҷумла, дар мақолаҳои «Романтизми устувор ва майлҳои реалистӣ» (1979), «Сино ва равияҳои назми замони ӯ» (1980), «Соҳибқирони шоирӣ» (1982), «Оғози шеъри тоҷик» (1983) ва ғайра ба масъалаҳои мазкур диққат додааст.

 Олими дақиқкор дар таҳияи матнҳои оммавӣ ва илмию интиқодӣ низ саҳми арзанда гузоштааст. Аз ҷумла, Адиб Собири Тирмизӣ «Ашъори мунтахаб» (1965), «Осори мунтахаб» (1981), Аҳмади Дониш «Осори баргузидаи бадеъ» (1976), «Сабақи Рӯдакӣ» (1984, 1991) ва ғайра далели ин гуфтаҳост.

Асарҳои илмиву адабӣ ва илмиву бадеии ӯ «Адиб Собири Тирмизӣ», «Абулқосим Фирдавсӣ», «Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» ва «Носири Хусрави Қубодиёнӣ» аз соҳирқаламии муаллиф шаҳодат медиҳанд. Олим инчунин дар таълифи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ низ саҳм гирифтааст. Бахусус китоби «Адабиёти синфи IХ» дар тамоми мактабҳои тоҷикии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистону Қазоқистон аз тарафи омӯзгорону хонандагони сершумор хуш пазируфта шуд. Бояд тазаккур дод, ки ин китоб бо як диди баланди олимона ва педагогӣ таълиф гардидааст.

Тобистони соли 2022 донишманди варзида ин дунёи фониро тарк гуфт, вале хотираи дурахшони ӯ ҳамеша бо мост. Боиси ифтихор аст, ки дар китоби «Тоҷикон дар масири таърих»-и Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 1995 дар Теҳрон ба чоп расидааст, хидматҳои Аҳмад Абдуллоев низ дар омӯзишу баррасии фарҳангу адаби тоҷик зикр шудааст.

Раҳматуллоҳи Шоҳимардон,

ноҳияи Бойсун.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: