Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 14 март Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володинро ба ҳузур пазируфт.
Масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ва иттифоқии байни Ӯзбекистон ва Русияро баррасӣ карданд.
Дар оғози мулоқот меҳмони олимақом ба сарвари давлатамон салом ва таманниёти беҳтарини Президенти Федератсияи Русия Владимир Путинро расонд.
Ба тавсеаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ бо мақсади назорати татбиқи тавофуқ ва қарордодҳое, ки дар ҷараёни сафари давлатии президенти Русия ба Ӯзбекистон дар моҳи майи соли гузашта ҳосил шуда буданд, диққати махсус дода шуд.
Роҳбари мамлакатамон муҳим будани омодагии ҳамаҷониба ба ҷамъомади дуюми Комиссияи байнипарлумонӣ ва дар Ӯзбекистон, бо ҷалби васеи минтақаҳои ду мамлакат баргузор намудани онро таъкид намуд.
Зарурати иштироки фаъоли парлумонҳо дар дастгирӣ ва суръат бахшидан ба лоиҳаҳои афзалиятноки ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, барномаҳои муштарак оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва табодули фарҳангию гуманитарӣ таъкид гардид.