Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Бо мақсади рағбатноксозии ҳамаҷониба ва амиқ омӯхтани роҳи ибратбахш ва мероси ғании илмиву маънавии ҳамватани бузурги мо, алломаи нотакрор, ки дар рушди илмҳои исломӣ саҳми бузург гузоштааст, султони илми калом Имом Абӯмансури Мотурудӣ (минбаъд Имом Мотурудӣ), тарғиби васеи тамоюлҳои кушодадилӣ ва баробарӣ, ки хосаи таълимоти мотурудӣ аст, дар байни мардум ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи муҳаббат ба Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои милливу умумибашарӣ қарор мекунам:
1. Пешниҳоди Кумитаи оид ба корҳои дин, Идораи мусулмонони Ӯзбекистон, ҳокимияти вилояти Самарқанд, Академияи байналмилалии исломи Ӯзбекистон ва Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии Имом Мотурудӣ дар бораи васеъ таҷлил намудани 1155-солагии Имом Мотурудӣ дар соли 2025 маъқул дониста шавад.
2. Ҳайати Кумитаи ташкилӣ аз рӯйи омодагӣ ва баргузории чорабиниҳо бахшида ба 1155-солагии Имом Мотурудӣ (минбаъд – Кумитаи ташкилӣ) тибқи замима тасдиқ карда шавад.
3. Кумитаи ташкилӣ (А. Арипов) дар муҳлати ду ҳафта барномаи чорабиниҳоро аз рӯйи таҷлили 1155-солагии Имом Мотурудӣ дар сатҳи олӣ ва ба тарзи муносиб, бо назардошти нуфуз ва мақоми аллома дар олами ислом тасдиқ намоянд, ки инҳоро дарбар мегирад:
а) дар моҳи апрели соли 2025 дар шаҳри Самарқанд гузаронидани анҷумани байналмилалии илмиву амалӣ дар мавзӯи «Мотурудия – таълимоти фарохдилӣ, мӯътадилӣ ва маърифат»;
б) гузаронидани озмуни илмии муҳаққиқони хориҷӣ аз рӯйи таълимоти мотурудӣ ва ташкили вохӯриҳои фарҳангӣ-маърифатӣ ва семинар-тренингҳо дар Ӯзбекистон бо иштироки ғолибон;
в) нашри тарҷумаҳои академии илмиву эзоҳии асарҳои «Таъвилот-ал-Қуръон» ва «Китоб ат-тавҳид»-и Имом Мотурудӣ ва манбаъҳо оид ба таълимоти мотурудӣ ба ӯзбекӣ ва забонҳои хориҷӣ;
г) ба муомила баровардани туҳфаҳои хотиравӣ бахшида ба 1155-солагии зодрӯзи Имом Мотурудӣ, инчунин, офаридани маркаҳои почта, тақвим ва намудҳои дигари воситаҳои иттилоотии намоишӣ, ки ҳаёт ва мероси илмии мутафаккири бузургро ифода мекунанд;
д) офаридани филми бадеию публитсистӣ, ки аҳамияти имрӯзаи роҳи зиндагӣ ва осори илмии бисёрҷабҳаи Имом Мотурудиро ифшо мекунад;
е) дар вилояти Самарқанд ташкили намоишгоҳи дастнависҳои нодир ва нусхаҳои чопии осору китобҳо роҷеъ ба ҳаёт, мероси илмиву эҷодии Имом Мотурудӣ ва уламое, ки дар самти таълимоти мотурудӣ фаъолият намудаанд;
ж) аз нав таъмир ва обод кардани маҷмӯаи Абӯмансури Мотурудӣ дар шаҳри Самарқанд.
4. Вазорати таълими олӣ, фан ва инноватсия:
а) якҷоя бо Кумитаи оид ба корҳои дин дар моҳҳои май ва октябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов аз ҳисоби маблағҳои Фонди рушди муассисаҳои таълими олӣ дар мавзӯи «Таълимоти мотурудӣ ва замони имрӯза» конфронси ҷумҳурии илмиву амалӣ ва озмуни мақолаҳои илмиро гузаронад;
б) супориши давлатиро ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои Хазинаи маблағгузории илму фан ва дастгирии инноватсия оид ба омӯзиши мероси илмӣ ва асарҳои нодири дастнависи алломаҳои мансуб ба таълимоти мотурудӣ амалӣ гардидаанд, тибқи тартиби муқаррарӣ ташаккул диҳад.
5. Ба Идораи мусулмонони Ӯзбекистон тавсия карда шавад, ки дар байни имом-хатибон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълими динӣ озмуни «Заковатманди таълимоти мотурудӣ»-ро баргузор намуда, ғолибонро муносиб сарфароз намоянд.
6. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд якҷоя бо Кумитаи оид ба корҳои дин, Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ, Агентии кор бо ҷавонон, Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар давоми соли 2025 дар ҷойҳо бахшида ба мероси илмии Мотурудӣ суҳбатҳои мизи мудаввар ташкил намоянд.
7. Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии Имом Мотурудӣ якҷоя бо Агентии мероси фарҳангӣ:
а) асарҳои дастнависи нодир ва дигар сарватҳои фарҳангиро оид ба ҳаёт ва мероси илмии Имом Мотурудӣ ва алломаҳои мансуб ба таълимоти мотурудиро, ки дар мамлакатҳои хориҷӣ ҳифз мешаванд, муайян карда, ба Ӯзбекистон овардани нусхаҳо ва ба таври сохторӣ тадқиқ кардани онҳоро ташкил кунанд;
б) ҷиҳати эҷоди маҳсулоти босифати медиавӣ ва асарҳои аудиовизуалӣ бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти илмии Имом Мотурудӣ, эълон кардани онҳо дар васоити ахбори умумии маҳаллӣ ва хориҷӣ, таблиғи васеъ дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ чораҳо андешад.
8. Ба Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Агентии иттилоотии «Дунё» Ассотсиатсияи миллии медиаи Ӯзбекистон тавсия дода шавад, ки чорабиниҳои марбут ба таҷлили 1155-солагии зодрӯзи Имом Мотурудиро васеъ инъикос намоянд.
9. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Р.Қ. Давлетов гузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Шавкат МИРЗИЁЕВ
Шаҳри Тошканд,
14 марти соли 2025.