Занҷирой Абдусаломова дар арафаи иди бонувон дар асоси фармони роҳбари давлат бо Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия мукофотонида шуд.
«Агар мо ба духтаре савод омӯзонем, тамоми оила босавод мешавад», – гуфт роҳбари давлат
Солҳои охир дар Ӯзбекистони Нав таъмин сохтани ҳуқуқ ва манфиат, боло бардоштани шаъну шарафи зан яке аз самтҳои бартариноки сиёсати давлат ба шумор меравад.
Роҳбари давлат дар маросими бошукӯҳ бахшида ба рӯзи байналхалқии занон чунин суханони самимиро иброз намуд: «Занони донишманд, босавод ва соҳибистеъдоди мо бароямон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа намунаи ибратанд. Онҳо дар соҳаҳои фарҳанг ва санъат низ Ватанро шуҳратёр мекунанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки соли гузашта дар сафи ғолибони озмунҳои бонуфузи байналхалқии соҳа-ҳои мазкур 25 нафар духтари соҳибистеъдод, дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ бошад, 71 нафари онҳо шомил буданд. Барои он ки духтарону бонувони боистеъдод имкониятҳои худро беш аз пеш татбиқ намоянд, мо минбаъд низ ҳатман барои онҳо тамоми шароитро фароҳам меоварем. Дини муқаддаси мо даъват менамояд, ки модарон, хоҳарону духтарони меҳрубонамонро эҳтиром намоем, ба онҳо ғамхориву эътибори баланд зоҳир кунем. Агар мо ба духтаре савод омӯзонем, тамоми оила босавод мешавад. Агар оила бомаърифат ва босавод бошад, дараҷаи тафаккур ва маданият дар тамоми ҷомеа баланд мешавад. Дар кишваре, ки занон соҳиби маърифат ва касбҳои замонавӣ мебошанд, сулҳу салоҳ ҳукмрон мегардад. Халқе, ки бонувонаш босаводанд, ҳатман хушбахт хоҳанд шуд».
Яке аз оилаҳои соҳибмаърифат ва ибратпазир дар маҳаллаи Синтаби ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё Фарҳод Одинаев мебошад. Фарҳод ходими барқ, Дилафрӯз ҳамшираи шафқат. Онҳо фарзандони худро дар муҳити солим, меҳнаткаш, китобхону маънавияташ баланд тарбия намуда, ба воя расонданд. Фарзанди калонии онҳо Занҷирой аз хурдӣ ба китобхонӣ, шеъру таронахонӣ шавқи беандоза дошт.
– Фарзанди калонӣ меҳрубон, боғайрат, боақлу тамиз бошад, додару хоҳаронаш низ аз пайи ӯ мераванд. Занҷирой мактабро бо баҳои аъло хонд. Барои кумак ба падару модар дар қатори ҳамсолони худ ба кори саҳро мебаромад. Шеъру суруд ё дигар қоидаҳои вазифаи хонагиро дар варақчае кӯчонда ба саҳро мерафт. Ҳам кори саҳро ва ҳам супориши муаллимонашро иҷро мекард. Бештар бо момою бобояш мезист, тарбияи онҳоро гирифт. Бобояш Абдусалом Одинаев гарчанд пешаи агрономиро дошт, ба адабиёт, шеъру ғазал ва китоб шавқи баланд дошт. Аз онҳо хеле миннатдорам, ки дар тарбияи фарзандонам ҳиссаи худро гузоштанд, – мегӯяд модараш Дилафрӯз Одинаева.
– Зодгоҳи бобоиям деҳаи Синтаби ноҳияи Нурато мебошад. Рӯзгоре барои обод кардани заминҳои Мирзочӯл кӯч бастаанд. Аз машаққатҳои зиндагӣ, меҳнати вазнини он рӯзгор ҳикоя карда мегӯянд, ки ба қадри ҳаёти осуда ва фаровони имрӯз бояд расид. Бобоям китобхона доранд. Ҳамин китобҳо буданд, ки маро ба роҳи дониш, илм ва фарҳанг ҳидоят намуданд. Ҷевони китобҳои бобоямро аз чангу гард тоза мекардам ва онҳоро варақ зада, худро дар олами дигар ҳис мекардам. Соатҳо дар он ҷо мемондам. Садои момоям, ки «Занҷирой, куҷоӣ, ҷорӯбро гирифта, ҳавлӣ рӯб, сатилҳоро об пур кун, ба мол алаф андоз...» мегуфт, маро ба худ меовард, – мегӯяд Занҷирой дар идомаи суҳбат.
Занҷирой Абдусаломова 31 октябри соли 2003 дида ба дунё кушодааст. Чи тавре ки дар боло гуфта гузаштем, тарбияи аввалиро ҳам аз падару модар ва ҳам аз бобою бибӣ гирифтааст. Онҳо ба мактабу дарстайёркунии фарзандон эътибори ҷиддӣ медоданд. Занҷирой баъди хатми мактаби миёнаи рақами 10-уми ноҳияи Сайҳунобод ба факултети журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон дар асоси гранти давлатӣ дохил шуд. Дар донишгоҳ низ бо хулқи намунавӣ, дониши баланд, фаъолнокию эҷодкорӣ ангуштнамо буд. Мақолаҳои ӯ дар рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ пайи ҳам чоп мешуданд.
Дар озмуни «Зомин – 2024» иштирок намуда, соҳиби стипендияи ба номи Александр Файнберг гардид.
Занҷирой дар арафаи иди бонувон 8-Март бино ба фармони роҳбари давлат бо Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия мукофотонида шуд.
– Вақте аз дасти Президент мукофотро мегирифтам, худро дар қатори хушбахттарин духтари тоҷики ӯзбекистонӣ ҳис кардам. Роҳбари давлат бо самимият дастамро фишурда гуфт: «Духтарам, Занҷирой, ту барин журналистон ба мо зарур. Зеро тарғибгари ислоҳоти Ватан шумо – журналистон мебошед». Суханҳои падаронаи роҳбари давлат, албатта, ба мо – ҷавонон неру, боварӣ ва масъулият мебахшад, – мегӯяд Занҷирой.
Соли 2022 бо ташаббуси Агентии кор бо ҷавонони ҷумҳурӣ китоби қаҳрамони мо бо номи «Ойдин орзулар» рӯйи чопро дид.
– Албатта, барои дастрас намудани чунин муваффақияти бузург аввало ҳиссаи падару модарам, бобою бибиам, омӯзгорони солҳои мактабӣ – А. Набиев, Г. Ҳакимова, Ш. Шеров, Н. Узоқова, Ш. Зуҳурова ва омӯзгорони солҳои донишҷӯиям ниҳоят калон аст. Аз ҳамаи онҳо миннатдорам. Гуфтан ба маврид аст, ки маҳорати сухангӯӣ, хондани шеъру тарона ва дигар хабарҳои кӯтоҳро дар назди микрофон аз журналист, барандаи барномаҳои тоҷикии вилояти Сирдарё Рисолатбону Гулова (охираташон обод бод!) омӯхтам, – мегӯяд Занҷирой.
Шоир фармудааст:
Саъй нокарда дар ин роҳ ба ҷое нарасӣ,
Музд агар металабӣ, тоати устод бибар.
Занҷирой Абдусаломоваро бо ин мукофот аз номи муштариёни «Овози тоҷик» низ табрик мегӯем.
Саодат Бекназарова,
хабарнигори "Овози тоҷик"