Аз ҷониби Иттиҳодияи «Ӯзсаноатқурилишматериаллари» оид ба сарҳисоби корҳои соли 2024 ва вазифаҳои устувор барои соли 2025 анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.
Имрӯзҳо на танҳо дар шаҳрҳо, балки дар деҳот низ сохтмони иншоот дар авҷ мебошад. Мардуми деҳаҳои дурдаст низ барои беҳтар намудани ҷойи зисти худ аз пайи сохтмони манзили зебову шинам мебошанд. Аз ин рӯ, талаб ба масолеҳи сохтмон афзуда, миқдори корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти сохтмон аз 10 ҳазор зиёд шудааст. Албатта, ин натиҷаи аз ҷониби давлат дастгирӣ намудани соҳибкорон, фароҳам овардани шароити мусоид мебошад.
Анҷумани матбуотие, ки иттиҳодияи «Ӯзсаноатқурилишматериаллари» оиди сарҳисоби корҳои соли 2024 ва вазифаҳои устувори соли 2025 дар маҷлисгоҳи иттиҳодия баргузор намуд, долузарбии истеҳсоли масолеҳи сохтмонро собит намуд. Дар ҷамъомад роҳбарон ва мутахассисони соҳа иштирок карданд.
Аз баромади роҳбари раёсати иқтисодиву таҳлилии иттиҳодия Ӯткир Турдиев маълум гардид, ки иттиҳодия соли гузашта ба маблағи 42 трлн. сӯм маҳсулоти сохтмон истеҳсол намуда, нақшаи солонаро бо нишондоди 116 фоиз иҷро кардааст. Яъне 44 млн. мукааб метр оина, 90 млн. мукааб метр гипсокартон, 17,8 млн. тонна семент, 52 млн. мукааб метр кошини сафолӣ, 6 ҳазор тонна гулкоғаз, 365 ҳазор тонна омехтаҳои хушки масолеҳи сохтмон истеҳсол шудааст.
– Соли сипаришуда дар соҳа 2,2 млрд. долларина инвеститсия аз худ шуд, ки 1,4 млрд. доллари он аз ҳисоби инвеститсия ва воми хориҷӣ мебошад, – таъкид намуд роҳбари шуъбаи ҷалби инвеститсияи иттиҳодия Баҳром Аллаберганов. – Ба маблағи 831 млн. долларина маҳсулот содир шуда, 26,2 фоизи онро маҳсулоти металл, 8,7 фоиз сафол, 15,1 фоиз профил, труба ва пластмасса, 6,6 фоизро омехтаи хушки масолеҳи сохтмон ташкил медиҳад.
Маҳсулоти содиршуда асосан ба кишварҳои Русия (24,5 фоиз), Қазоқистон (22,6 фоиз), Тоҷикистон (13,9), Қирғизистон (12,4), Туркманистон (2,5), Литва (1,6) ва ба Чин (0,9) рост меояд. Иттиҳодия барои боз ҳам рушд додани содирот, кашф намудани бозорҳои нав дар давлатҳои хориҷ «хонаи тиҷорат» ва анборҳо созмон медиҳад. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Афғонистон фаъолияти «Ӯзбекистон савдо уйи» ба роҳ монда шудаанд. Минбаъд дар Латвия, Қазоқистон, Русия, ИМА ташкил кардани анбору «хонаҳои тиҷоратӣ»-ро ба нақша гирифтаанд.
Соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли масолеҳи сохтмонро ба 50 трлн. сӯм расонида, содир намудани 1,2 млрд. долларина маҳсулот дар назар аст. Дар доираи маҳаллигардонии маҳсулот 4,4 трлн. сӯмина масолеҳи сохтмон истеҳсол мешавад.
Давоми соли 2025 ба амал баровардани 2,4 млрд. долларина лоиҳаи инвеститсия ва ба 14211 нафар фароҳам овардани ҷойи кор пешбинӣ шудааст.
Г. Кабирова,
хабарнигори «Овози тоҷик».