САНОАТИ КӮҲӢ ВА ГЕОЛОГИЯ: ИМКОНИЯТҲО ТО ЧӢ АНДОЗА ИСТИФОДА МЕШАВАНД?

Солҳои охир дар кишвари мо дар самти таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи саноати кӯҳӣ ва геология, рушди устувори базаи ашёи хоми маъдани ҷумҳурӣ, ҷалби сармоя, кашфи конҳои нави маъданҳои фоиданок ислоҳоти пайваста амалӣ мегардад.

Дар доираи ислоҳоти маъмурӣ Вазорати саноати кӯҳӣ ва геология таъсис ёфта, афзалиятҳои он муайян гардиданд. Инчунин, барномаи рушди базаи ашёи хоми минералӣ дар солҳои 2023-2025 тасдиқ карда шуд.

Ислоҳоте, ки дар бахшҳои истихроҷи маъдан ва геология амалӣ мешавад, дар рушди иқтисодии кишвар саҳми арзанда гузошта, дар ҷорӣ намудани иқтидори нави истеҳсолӣ, инноватсия, таҳкими иқтидори иқтисодӣ ва ҳамзамон таъсиси ҷойҳои нави кор нақши муҳим доранд.

Дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби мутахассисон доир ба муҳимтарин дастовардҳои соҳа ва истифода аз имкониятҳо маълумот дода шуд.

Соли 2024 ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекгеология қидирув» корҳои иктишофии геологӣ, аз ҷумла ҷустуҷӯ, арзёбӣ ва таҳлили лаборатории конҳои канданиҳои фоиданок, харитаи топографӣ, геологӣ ва харитакаширо анҷом дод. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ корҳои кофтукови геологӣ ва лабораторӣ оид ба тилло, нуқра, мис, сурб, волфрам, металл ва элементҳои нодири замин, инчунин канданиҳои фоиданок дар асоси 142 лоиҳа, ки аз ҳисоби буҷаи давлатӣ, қарордодҳо ва маблағҳои комбинатҳои маъдани кӯҳии Навоӣ ва Олмалиқ маблағгузорӣ карда мешаванд, амалӣ карда шуданд. Дар охири сол аз рӯйи 20 объект корҳои ҷустуҷӯи геологӣ анҷом ёфта, ҳисоботи геологӣ ва захираҳои пешбинишуда ба баланси давлат қабул карда шуданд.

Дар соли 2024 нишондиҳандаҳои захира ва захираҳои пешбинишавандаи канданиҳои фоиданок 100 фоиз иҷро гардиданд. Барои васеъ кардани базаи ашёи хоми маъданӣ дар асоси ба вуҷуд овардани харитаҳои геологии миёна ва калон як қатор корҳо анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, дар чуқурии 1200 -1800 метр бо таҷҳизоти ҳозиразамон корҳои пармакунӣ гузаронда шуд, ки дар ҷустуҷӯ намудани маъдан, васеъ кардани сарватҳои зеризаминӣ ва базаи ашёи хоми минералӣ аҳамияти калон дорад.

Бо мақсади ба зинаи нав баровардани корҳои ҷустуҷӯи геологӣ ва ҷалб намудани техникаю технологияи муосири ҷахонӣ, истифодаи техникаи аэрогеофизикӣ ва дрон ҷорӣ карда шудааст. Дар натиҷа арзиши аслии кор арзон, вақт сарфа ва самараи кор якчанд маротиба баланд гардид.

Намунаҳое, ки дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯи геологӣ гирифта шудаанд, дар сехҳои суфтакунии ҷамъияти саҳҳомӣ коркард шуда, барои таҳлил ба лабораторияҳо фиристода мешаванд. Дар лабораторияҳо бо таҷҳизоти ҳозиразамон таҳлилҳо гузаронида, хулосаҳо мебароранд.

Аз ҷониби ҷамъияти саҳҳомӣ бо мақсади сарфаи неруи барқ ва пешбурди истифодаи манбаъҳои алтернативии энергия неругоҳҳои фотоэлектрикии офтобӣ бо иқтидори 529 кВт насб ва ба истифода дода шуд. Дар натиҷа 886 ҳазор киловатт қувваи электр сарфа гардид.

Дар соли 2025 дар асоси татбиқи Барномаи давлатии «Соли ҳифзи муҳити зист ва иқтисодиёти сабз» боз ҳам вусъат додани корҳои иктишофии геологӣ ва ташкили корҳои соҳа дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, васеъ намудани намудҳои хидматрасонӣ оид ба корҳои пармакунӣ ва технология, рушди корҳои геофизикӣ, моделсозӣ, навсозӣ ва татбиқи иқтидори геофизикӣ, инчунин дар равандҳои истеҳсолот ҷорӣ намудани таҷриба ва усулҳои пешқадам низ ба нақша гирифта шудааст.

М. Мамаҷонова,

хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: