Дар Самарқанд бисёр намояндагони илму маърифат ва донишмандони номӣ ба камол расидаанд, ки яке аз чунин шахсиятҳои маъруф шоири зуллисонайну маърифатпарвари охири асри XIX ибтидои асри XX Ориф Гулхании Самарқандӣ мебошад. Боиси хурсандист, ки хонаи зисти шоир аз ҷониби авлодонаш нигоҳ дошта, ба Хона-музей табдил дода шудааст.
Мо – донишҷӯёни курси 2-юми факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд дирӯз бо роҳбарии Дилрабо Назарова ба ин даргоҳ ташриф овардем. Моро набераи Ориф Гулханӣ, шахси соҳибмаърифат Муқимҷон Орифӣ пешвоз гирифт. Бо сабаби зебову назаррабо будани саҳни хона-музей он бо номи «Боғи Гулханӣ» ҳам машҳур буда, дар ин ҷо чун дар замони шоир имрӯзҳо низ ҳар гуна маҳфилҳои шеърхонӣ гузаронида мешавад.
Дар музей зиёда аз 2500 нигора мавҷуд, қисмати асосии музейро китобҳо ва дастнависҳои шоир ташкил медиҳанд. Дар ин ҷо ба 5000 адад наздик китобҳо мавҷуданд, маъмурияти хона-музей нақшаи аз ин китобҳо ташкил намудани китобхонаро ҳам дорад. Инчунин дар инҷо либос ва асбоби рӯзгори замони шоирро то ба ҳол ба шакли аслӣ нигоҳ доштаанд, ки диққати ҳар як бинандаро ба худ ҷалб мекунад.
Мо донишҷӯён аз ин ташриф хушҳол гашта, маълумотҳои зиёдро дастрас намудем. Барои ин ба муассиси хона-музей миннатдорӣ изҳор менамоем.
Х. Ҳабибуллоева,
донишҷӯйи гурӯҳи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд.