АМАЛҲОИ САВОБЕ, КИ ДАР МОҲИ ШАРИФ БОЯД ИҶРО КАРД

Моҳи мубораки Рамазон аз қадимулайём барои халқи мо чун суннати инсонпарваронаи ниёгон, рамзи меҳрубонӣ ва раҳмдилӣ, саховатмандию бузургворӣ, инчунин айёми обутоби маънавӣ аҳамияти махсус дорад.

Солҳои охир дар кишвар эътибор бобати ба наслҳои оянда маънидод кардани арзиш ва анъанаҳое, ки дар худ моҳияти инсонпарваронаи дини муқаддаси исломро таҷассум мекунанд, беш аз пеш афзудааст.

Аз ҷумла, ин моҳи муборак баробари дастгириву тақозои амалҳои савоб худдориро аз рафтору кирдори носавоб талқин мекунад. Суҳбати мо бо вакили Идораи мусалмонони Ӯзбекистон дар вилояти Бухоро, Сар имом-хатиби вилоят, ректори Мадрасаи олии «Мири Араб»-и Бухоро, барандаи ордени «Имом Бухорӣ»  Ҷобир Элов дар атрофи ҳамин масъала сурат гирифт.

– Домулло, моҳи Рамазони шариф муборак шавад! Хуб мешуд ба хонандагони «Овози тоҷик» дар бораи фазилатҳои ин моҳи муборак мухтасар маълумот медодед.

– Оре, Рамазон моҳи шариф ва муборак аст. Дар ин моҳ ҳар амали рӯзадор ибодат ва савоб шумурда мешавад. Рамазон моҳест, ки дар он дуои ҳар як мусалмон қабул мегардад. Дар ин моҳ раҳмату баракоти Аллоҳи таъоло меборад. Рамазон барои муъмину мусалмонон моҳи баракот аст.

Аввали моҳи мубораки Рамазонро раҳмат, мобайнашро мағфират, охирашро рӯзҳои раҳоёбӣ аз дӯзах меноманд. Воқеан, дар он гуноҳҳои шахси ба раҳмати Аллоҳ сазоворгардида бахшида мешаванд, шахси аз гуноҳ покшуда аз дӯзах раҳо ёфта, ба ҷаннат медарояд. Боз як фазилати дигари моҳи Рамазон шаби қадр аст. Ин ба ду маъност:  Нахуст шабест, ки аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Сониян дар ин шаб тақдири бандагон то шаби қадри соли оянда сабт меёбад.

Аллоҳи таъоло марҳамат мекунад: «Албатта, мо он (Қуръон)-ро дар шаби муборак нозил кардем. Дарҳақиқат, дар ин шаб  кулли амалҳои нек аҷр меёбанд» (сураи «Духон», оятҳои 3-4). Аз ин рӯ, дар ин шаб машғул шудан ба ибодату дуо фазилати ҷудогона дорад. Расулуллоҳ (с.а.в.) фармудаанд: «Касе, ки шаби қадр бо ихлос ва имони комил пинҳонӣ ба сӯйи Аллоҳ ибодат мекунад, ҳамаи гуноҳҳои пешинаи вай афв мегарданд».

Рамазони шариф моҳест, ки дар он раҳмат ва баракоти Аллоҳ таъоло нозил мегардад ва муъминон ба якдигар хайру эҳсон, меҳру мурувват зоҳир мекунанд. Набӣ алайҳисалом мефармоянд: «Ин моҳи хайру эҳсон аст, дар моҳи Рамазон ризқи муъминон зиёда мегардад. Касе, ки дар ин моҳ ба рӯзадор ифторӣ диҳад, гуноҳҳои вай мағфират мешаванд ва аз дӯзах озод мегардад. Инчунин ба вай на кам аз савоби рӯзадор савоб дода мешавад».

Расулуллоҳ (с.а.в.) фармудаанд: «Касе, ки дар моҳи Рамазон амали нафл кунад, ин амал ба фарз баробар аст, касе, ки як амали фарз кунад, он ба амали ҳафтод фарз мувофиқ аст».

Бинобар ин, муъмину мусалмонон бояд баҳри бештар ибодат ва амалҳои нек кардан азму кӯшиш намоянд. Додани закот ва садақаҳои нафл низ дар моҳи Рамазон фазилатнок мебошанд.

Аз Умар ибни Абдулазиз раҳимауллоҳ омадааст: «Агар намоз ба ту раҳнамои ҷаннат бошад, рӯза ба даромадгоҳи он мебарад. Садақа бошад, туро ба вай ворид месозад».

Боз як фазилати рӯзаи рамазон ин аст, ки туфайли он мо нафси худро тарбия мекунем, онро ба сабр омӯхта, бо тоату ибодат обутоб медиҳем. Чунки рӯза се хусусият дорад. Аввало – ибодат аст. Дуюм, рӯзадор барои он ки рӯзааш мукаммал бошад, бояд аз гуноҳҳои хурду калон худдорӣ кунад, сониян, нафси худро идора карда тавонад. Касе, ки ба ин талабҳо пурра риоя мекунад, дар вай малакаи худдорӣ аз гуноҳ, саъй сӯйи некӣ, меҳру саховат ба муҳтоҷон, итоат ба Аллоҳ таъоло ташаккул меёбад.

– Мегӯянд, ки моҳи Рамазони шариф файзу баракоти зиёд дорад, дар ин бора низ таваққуф мекардед.

– Дарҳақиқат, моҳи Рамазон манбаи хайру барака аст. Мо дар бораи баракоти ин моҳ бисёр ҳарф зада метавонем. Аллоҳ таъоло дар ояти 185-уми сураи «Бақара» овардааст: «Моҳи Рамазон аст, ки дар он барои одамон ҳамчун ҳидоят «Қуръон» нозил гаштааст».

Яъне дар Рамазони шариф нозил гаштани китоби Аллоҳ таъоло ҳам аз баракоти бузург доштани ин моҳ гувоҳӣ медиҳад.

Расулуллоҳ (с.а.в.) «касе, ки бо имон ва умеди савоб рӯзаи моҳи рамазонро медорад, гуноҳҳои пешинаи вай мағфират мегарданд», гуфтаанд. (ривояти Имом Бухорӣ).

Аллоҳ таъоло соҳиби фазилатҳои бузург, моҳи раҳмат ва мағфират Рамазонро ба ҳамаамон муборак намуда, дар ин моҳ ба адои мукаммали ибодатҳоямон муяссар гардонад.

Мусоҳиб Амрулло Авезов,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: