Саҳни мактаби рақами 9-уми ноҳияи Бойсун намуди идона дошт. Хурсандии омӯзгорону шогирдони дабистон ҳадду канор надошт. Падару модарон низ ба хурсандии онҳо шарик буданд. Зеро барои мактабиён бинои наву шинами замонавӣ ва толори варзишӣ ба истифода супорида шуд.
Дар чорабинии ифтитоҳии мактаб намояндагони ҳокимият, шуъбаи таълими халқи ноҳия, фаъолони маҳалла ва падару модарон ширкат варзиданд. Муовини ҳокими ноҳияи Бойсун Абдуфаттоҳ Ҳасанов ҳамагонро бо ин маскани маърифат табрик гуфт ва зикр намуд, ки бунёди чунин мактаби замонавӣ нишонаи ғамхории сарвари давлатамон ва ҳукумат нисбат ба ҷавонон буда, аз ин шукрона бояд кард. Мудири шуъбаи таълими халқӣ Олтибой Садатов дар суханронии хеш қайд намуд, ки дар ин маскани дорои ҳамагуна шароит ҷавонони ташнаи илм ба камол мерасанд.
Сипас, устодони фахрӣ ва собиқадор Ҷӯра ва Собир Муҳаммадинов, ки солиёни зиёд дар ин мактаб фаъолият бурдаанд ба сухан баромада, дар бораи таърихи гузаштаи мактаб, имрӯзу ояндаи он маълумоти ҷолиб арза доштанд.
Мактабе, ки соли 1953 бо роҳи ҳашар бунёд ёфта буд, ҳоло вайрон гардида, ба ҷойи он бинои боҳашамати сеошёна бунёд гардид. Ҳоло 380 нафар хонанда дар ду биное, ки паҳлӯи ҳам қад рост кардаанд, таълим мегиранд ва ба онҳо 33 нафар омӯзгори маълумоташон олӣ сабақ медиҳанд.
Тазаккур бояд дод, ки аз рӯйи лоиҳаи пешбинишуда бинои мактабро корхонаи хусусии «Кӯчкак чинори» (раҳбараш Зокир Равшанов) ба маблағи 2 573 350 000 сӯм толори варзиширо корхонаи хусусии «Салар Ҷалил» (раҳбараш А.Ҷӯраев) ба ивази 1 896 410 000 сӯм хушсифат бунёд намуд.
Ҳар як синфхона ҷевони китоб, тахтаи синф, мизу курсии шинам дорад. Толори варзишӣ бо таҷҳизоти варзишӣ пурра таъмин гардидааст. Инчунин, дар бинои нави мактаб, ба ҷуз синфхонаҳо, китобхона, хонаи маънавият, хонаи муаллимон, хонаи тиббиёт ва хонаи директор низ ҷойгир аст.
Албатта, месазад, ки фарзандони баркамоли Ӯзбекистони Нав дар чунин як мактаби шароиташ мусоид таълиму тарбия гиранд, чун фарзанди шоиста ба камол расанд ва баҳри ояндаву гул-гулшукуфии диёр камарбаста гарданд.
Шодӣ РАҲМАТОВ,
муовини директори мактаби рақами 9-уми ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё.