ЛИБОСИ МИЛЛӢ – РАМЗИ МИЛЛАТ

Мо аз он хушбахтем, ки таърихи чандинҳазорсола дорем ва нақшу нигораҳои миллиамон дар сару либос ва анъанаҳои миллиамон инъикос меёбанд. Либоси миллии мо ифодагари назокату малоҳати бонувон буда, бо атласу адрас ва банорасаш машҳури ҷаҳон аст.

Эҳтиром ба либоси миллӣ вазифаи ҳар як кас мебошад.

Дар ин бобат дар вилояти Намангон низ корҳои муфид ба сомон мерасанд. Аз ҷумла, ҳар рӯзи ҷумъа пӯшидани либосҳои миллӣ ба роҳ монда шуд. Дар корхонаву ташкилот, муассисаҳои таълимиву тиббӣ, ... ҳама дар сар тоқиву дар бар атласу адрас мепӯшанд.                                                  

– Мутаассифона, солҳои охир эътибор ба либоси миллӣ кам шуда буд, – мегӯяд омӯзгори собиқ Зулфия Холдорова, – аммо тақлид ба либоспӯшии бегонагон афзуд, ба пӯшидани ҳиҷобу либосҳои танг, ҳатто даридаву рангпарида одат кардем. Дар ин бора ҷавонон, албатта, зиёдаравӣ мекунанд. Мо – калонсолон ба назорати онҳо сари вақт эътибор надодем.

Мо дар оила 7 нафарем: писару ду духтарам дар корхонаи давлатӣ кор мекунанд. Набераҳоям дар донишгоҳу мактабҳо таҳсил мекунанд, дар муассисаҳои томактабӣ тарбия мегиранд. Дар хонаводаи мо низ ба масъалаи либосҳои миллӣ, харидану дӯхтани онҳо эътибор афзуд. Албатта, аз ин шод мешавам. Ба онҳо дар бораи ҷавонии худ, либосҳои он замон ҳикоя мекунам. Бояд аз либосҳои миллии худ ифтихор кунем.

Ҳоло дар  ҳамаи мактабҳои миёна ва муассисаҳои томактабӣ қариб ҳар рӯз маросимҳо бахшида ба баҳор, иди Наврӯз баргузор мегарданд. Омӯзгорон, хонандагон ва ҳатто коргарони техникӣ низ мувофиқи синну соли худ либоси миллӣ мепӯшанд.

Хусусан, дар ноҳияи Поп байни мактабҳо, корхонаву ташкилот бо номи »Либоси миллӣ – рамзи миллат» чандин чорабинӣ баргузор шуданд.

Шоҳида ДАМИНОВА,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: