Дар як гӯшаи кӯҳистони Қашқадарё, дар деҳаи Файзобод, як мактаб вуҷуд дорад, ки онро бе як шахсияти фидоӣ – Ҳасанқул Солиҳов тасаввур кардан муҳол аст.
Ӯ мардест, ки зиндагияшро барои таълим, рӯшноӣ ва бедории насли ҷавон бахшидааст.
Ҳасанқул Солиҳов соли 1965 дар деҳаи Янгиободи ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд чашм ба дунё кушодааст. Дар оилаи деҳқон ба камол расид ва бо ҳар қатраи арақи меҳнати падару модараш ҳикмати зиндагиро омӯхт. Ҳанӯз кӯдак буд, ки аҳолии деҳаашонро ба ноҳияи Китоб кӯчониданд. Бо ин тағйироти ҳаётӣ, тақдир ӯро ба роҳи дигар бурд. Соли 1972 ӯ ба мактаби рақами 74-уми деҳа, ки ба номи Фурқат буд, рафт ва нахустин донаи муҳаббат ба илму маърифат дар дили ӯ кошта шуд.
Орзуи омӯзгор шудан ӯро ба шаҳри Панҷакент бурд, ки соли 1980 таҳсилашро дар омӯзишгоҳи омӯзгорӣ идома дод. Солҳои 1983-1985 ӯ ба хидмати ҳарбӣ рафт. Дар он ҷо ҳам меҳру муҳаббати ӯ ба китоб ва дониш кам нагардид.
Ҳасанқул пас аз бозгашт, соли 1985 оиладор шуд ва бо ин иқдоми ҳаётӣ на танҳо асоси як хонавода, балки асоси як рисолати бузургро гузошт. Соли 1986-1991 дар шуъбаи ғоибонаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии педагогии Самарқанд ба номи С.Айнӣ таҳсил мекунад. Аз соли 1987 ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохта, аввал дар мактаби рақами 75-уми ноҳияи Китоб ва баъдан дар мактаби рақами 74-ум кор кард. Соли 1998 бо ташаббуси устод Истамқул Соҳибов ва якчанд омӯзгорони дигар, дар деҳаи Файзобод мактаби соф тоҷикӣ таъсис ёфт. Ин мактаб барои фарзандони тоҷик рӯшноии наве буд.
Аз соли 2000 то 2020 Солиҳов ҳамчун ҷонишини директор оид ба корҳои маънавӣ хидмат карда, дар рушду камоли шогирдонаш саҳми назаррас гузоштааст. Як лаҳзаи ифтихории ӯ соли 2005 буд. Шогирдаш ва ҳамзамон писараш Ҷамшед дар зинаи ҷумҳуриявии озмуни фаннӣ аз забон ва адабиёти тоҷик ғолиб гардид. Ин натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии устод буд, ки бо муҳаббат ва садоқат ба таълим машғул мешуд.
Бо хидматҳои шоистаи худ Ҳасанқул Солиҳов соли 2007 бо унвони «Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон» сарфароз гардид. Аммо барои ӯ мукофоти олӣ – муҳаббат ва эҳтироми шогирдон мебошад, ки то ҳол номи ӯро бо самимият ба забон меоранд.
Ӯ падари меҳрубон, омӯзгори дилсӯз ва шахсе мебошад, ки бо садоқат ва меҳнати пок зиндагии худро ба маориф бахшидааст. Бо ҳамсараш Орзугул Ҳисомова фарзандонашон Заррина, Ҷамшед, Хуршед ва Турсунқулро ба камол расонида, ҳоло онҳо бо 8 нафар наберагон осори зиндагии падарро идома медиҳанд.
Имрӯз номи ӯ дар мактабе, ки бо меҳру талошҳояш бунёд гаштааст, бо ифтихор зикр мешавад. Ҳар шогирде, ки аз он мактаб берун меравад, як пора аз рӯҳ ва меҳнати ин муаллимро бо худ мебарад. Муаллимон меоянду мераванд, аммо шахсиятҳое чун Ҳасанқул Солиҳов дар таърихи мактаб чун шамъе, ки торикиро равшанӣ мебахшад, боқӣ мемонанд.
Устоди гиромӣ Ҳасанқул Солиҳов ба синни мубораки 60 қадам гузошт. Шаст сол – на танҳо як шумора, балки таърихи пурифтихори як умр заҳмату талош аст.
Ба устоди муҳтарам умри дароз, тансиҳатӣ ва давоми хидматҳои шоистаро таманно дорем. Орзу дорем, ки шамъи маърифате, ки равшан намудаанд, солҳои сол ҷило диҳад ва шогирдони зиёде аз он баҳра баранд!
Зикруллои Зубайдулло.