АДИБОНИ ТОҶИКЗАБОНИ ХОНИГАРИИ ҚУҚАНД

Дар хонигарии Қуқанд барои равнақи адабиёти форсу тоҷик Дилшоди Барно, Муҳаммадшариф Гулханӣ, Аҳмад, Маҳмуд, Ҳотиф, Мазмур ва дигарон қаламфарсоӣ кардаанд.

Бо мо маълум аст, ки аҳолии асосии хонигарии Қуқанд аз мардуми ӯзбек, тоҷик, қирғиз ва қазоқ иборат буд. Дар ин поя аз байни ин мардуми маҳаллӣ  ҳамеша одамони донишманд, эҷодкор сабзида мебаромаданд.

Ҳатто баъзе аз онҳо ғайр аз забони модариашон бо забони тоҷикӣ ҳам эҷод мекарданд. Ба ин ашъори шоирон малика Нодирабегим, шавҳари ӯ Умархони ҳукмдор, домулло Шермуҳаммад мисол шуда метавонанд.

Дар хонигарӣ барои равнақи адабиёти форсу тоҷик Дилшоди Барно, Муҳаммадшариф Гулханӣ, Аҳмад, Маҳмуд, Ҳотиф, Мазмур ва дигарон қаламфарсоӣ кардаанд.

Аз заковат ва баёни рехтаи Дилшоди Барнои ҳабдаҳсолаи асир ҳукмдор Умархон лол монда, ба ҷасорати ин шоираи ҷавон тан дода буд.

 Достонҳои «Таърихи муҳосира», «Ҳатми мунтахаб ул-ашъори», «Шикоят аз замона» , «Мадҳи ҳаёт» ва бисёр ғазалҳо ба қалами Дилшоди Барно мансубанд. «Матонати инсон ва таърихи муҳоҷирон» низ асари ӯст.

Муҳаммадшариф Гулханӣ дар шаҳрҳои Қуқанду Намангон зиндагӣ кардааст. Ӯ дар шеърҳояш чашмгуруснагӣ, бадкирдорӣ, фиребгарии зимомдорони замони худро танқиду ҳаҷв кардааст. Гулханӣ асосгузори жанри зарбулмасал дар адабиёти ӯзбек мебошад. Аз ин адиб ба мо 12 ғазал ва 1 қасида омада расидаанд.

Шоир Мазмур дар дарбори Умархон хидмат кардааст. Дар бораи ин адиб Фазлии Намангонӣ дар тазкирааш маълумот медиҳад:

Ҳисорӣ бувад Мазмури пурҳунар,

Зи эҳсони султон шуда баҳравар.

Хаёлаш баланд асту фикраш расо,

Суханпарвар асту муаммосаро.

Бояд этироф кард, ки тазкиранавис Фазлии Намангонӣ дар китобаш «Маҷмуаи шоирон» дар бораи бисёр адибони тоҷикзабони хонигарии Қуқанд маълумот додааст.

Шоир Ушшоқ аслан зодаи Ҳисор буда, бо адиб Мазмур ҳамдиёр мебошад. Номи аслии Ушшоқ Мавлоно Евкатчӣ будааст.

Ӯ менависад:

Сари андеша дар ҷайби тафаккур,

Пайи таърих, Комӣ, доштам з-он,

Хирад гуфто, ки шуд Ушшоқ бедил,

Ниҳон аз фозилони мулки Тӯрон.

Дар гузашта бисёр қаламкашони тоҷики ҳисорӣ, дарвозӣ, кулобӣ, хуқандӣ дар хонигарии Қуқанд барои равнақи адабиёти тоҷик саҳм гузоштаанд, ки то ҳол ҳаёту осори бисёри онҳо омӯхта нашудааст.

Назирҷон Эргашев,

ноҳияи Чуст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: