ЗАРУ ЗЕВАР

Ҳикоя

– Диққат. Суд меояд!

Хумор дар курсии сиёҳ нишаста ва мисле болои хор бошад, сахт нороҳат аст. Чанд ҳамкораш, ки дар маҷлиси суд нишастаанд ва ба бар хилъати сафед доранд, музтарибанд. Хусусан, Тоҷибар аз вазъе, ки ба амал омада, бештар ноҳинҷор ва сари худ боло бардошта наметавонад.

Хумор ҳамшираи одӣ буду Тоҷибар мудири шуъбаи поликлиника. Яке дар манзили якҳуҷрадори бинои чаҳорошёна, дувумӣ дар ҳавлии ҳашаматнок бо оилаҳои худ мезистанд. Шавҳари Хумор посбони маҳалла буду соҳиби сари Тоҷибар савдогари калон. Ба «нобаробари»-е, ки ба чашм мехӯрд, нанигариста, ҳар ду дугонаи наздик буданд. Равуоҳои оилавӣ риштаҳои байни хонадонҳои одиву дороро мустаҳкам месохт. Ба зоҳиран «хоҳарвор» муносибат кардани мудири шуъбаву ҳамшира ҳамкорон ҳавас мекарданд. Вале ин дер давом накард.

Хумор акнун ба рӯзгори осудаи дугонааш бо чашми ҳасад менигарист. «Баробари шавҳараш худаш ҳам меёбад. Роҳбар, ки ҳаст, кораш пеш. Ман ҳатто куртае надорам, ки кас ҳавас кунад».

Тоҷибар, ки дугонаашро гуселкунӣ баромад, гуфт:

– Гум шуда нарав, омада ист.

– Биёям, мегӯям, лекин.., – нигоҳи вай ба саги занҷирбанди дами дарвоза гиреҳ хӯрд. Чашми оташбори ҷонвар ӯро тарсонд. Шикоятомез идома дод:

– Метарсам аз ана ин лаънатӣ. Хӯрам, мегӯяд-а.

– Э, туро намешиносад?

– Чӣ набошад, саг-да. Бовар карда мешавад?

– Натарс, – гуфт соҳиби хона, – ба касе, ки бо нияти соф омадааст, кордор нест.

Вақте Хумор «Э, номаш саг!» гуфта, аз дарвоза мебаромад, ҷонвар беқарор шуд ва сахт ғуррид. Тоҷибар:

– Беркут? – ранҷишомез садо баровард сӯи саг. – Ба ту чӣ шуд?

***

Султон бо ҷӯраҳояш гирди миз нишастааст. Вақте Хумор ошро овард:

– Худат ҳам шин, – гуфт Дилмурод.

– Чой оварам, – рафтагор шуд соҳиби хона. Шавҳараш ӯро нигоҳ дошт ва ба маънои «боз якто» ангушт нишон дод.

Хумор, дар даст шиша, бозгашт ва ба давраи мардҳо ҳамроҳ шуд. Ба стаканҳо май рехта, Дилмурод эълон кард:

– Аз ҳамин рӯз эътиборан Хумор ба мо ҳамроҳ.

– Ҳамроҳи одӣ не, ба амалиёти имрӯза роҳбалад, – даҳон ширин кард Турғун. – Фармондеҳ!

Султон аз ӯҳдабароии завҷааш ботинан завқида бошад ҳам, мисле ба оҳанги эътироз:

– Тайсон, ин чӣ гуфтагиат? – гуфт нимшунаво. – Шавҳар аскари қаториву зан командир?

Мардҳо хандиданд. Хумор ба нуқтаи номаълум менигарист ва аз дил мегузаронд: «Ва ниҳоят, ман ҳам шарики ин дуздҳо... Ҳамин хел накунам нашуд!»

– Чиро фикр карда мондӣ, шарик? – пурсид Дилмурод.

– Хаёли зани ман дар шадда-шадда марворид, – хандид Султон.

Ҳақиқатан фикру хаёли Хумор ба зару зеварҳои дугонааш Тоҷибар банд буд. «Ба даст оварам, мефурӯшам. Дигарашро мехарам».

– Шарикҳо, вақт шуд, – ба соат нигарист Турғун. – Намехезем?

***

Хумор «тӯда»-ро рост ба ҳавлии дугонааш бурд. Нисфишабист. Ҳама ҷо торик. Вале аз хаёле, ки ба сараш меомад, дили Хумор равшан мешуд. «Зеварҳо ба ман кифоя, ғаниматҳои боқимонда аз они мардҳо».

Вақте аккоси Беркут шунида шуд, ба Турғун, ки ба девор часпида мебаромад, Хумор: «Тайсонака, аз саг эҳтиёт шавед, лаънатӣ, ниҳоят ганда», гуфт бо овози паст.

Ба «посбони ҳавлӣ» чӣ тавр муомила карданро Турғун пешакӣ фикр карда буд. Аз девор ба тарафи дарун фуромада-нафуромада, вай ба навозиши саг даромад ва ба наздаш колбасаеро партофт, ки ба дарунаш доруи заҳрдор гузошта шуда буд. Саг сагиашро кард ва зуд ба колбаса даҳон андохт, хоид, фурӯ бурд, лаб лесид ва умедвор ба Турғун нигарист. Турғун гуфт: «Барои дароз кашида хобиданат ҳамин кифоя аст».

Аммо ин тавр нашуд. Хавфро дурусттар пай бурда, саг ба аккос даромад, «шабгард»-ҳо саросема шуданд. Чӣ бояд кард? Ҳамаро ба по хезонданаш мумкин ин расво. Бояд гурехт.

«Заҳр гуфта, доруи бетаъсирро дода будааст, ифлос!» – доруфурӯшро ҳақораткунон Турғун бо эҳтиёт ба тарафи кӯча гузашт. Вақте шӯру ғиреви саг баландтар шуд, вай «Чаро истодаед, гурезед!» – амр намуд ба ҳамроҳҳояш.

«Тӯдаи чаҳорнафара» осема худро ба қафо зад. Дили Хумор сип-сиёҳ. «Илоҷи даромадан нашуд – саг кора расво кард. Зевар насиб накарда будааст. Афсӯс!»

Дур шуданд ва чун бартарафшавии хавфро пай бурда, ба як ҷо ҷамъ омаданд, Турғун:

– Чӣ кор мекунем? – рӯй овард ба даста. – Дасти холӣ ба хона  баргардем?

– Не, Тайсонака, – даҳон кушод Хумор. – Ман як ҳавлии дигарро медонам.

– Саг дорад?

– Надорад.

– Ба Худо шукр.

– Меравем?

– Э, албатта!

***

Хумор ҳамтабақҳояшро ба ҷойи дигар бурд.

– Хонаи Нуъмонбойбача-ку, – пичиррос зад Дилмурод.

– Кор омад кунад, ҳоли бойбачаро хароб мекунем, – гуфт Султон, – ба ҷойи вай мо бой мешавем, чӣ гуфтӣ, Тайсон?

Дуздҳо оиди оне, ки чӣ кор кунанд, маслиҳат намуданд. Дилмурод ба симчӯб часпид, симҳои барқу телефонро бурид.

Гулӯи Нуъмонро, ки бо завҷааш мехобид, касе буғикунон ба худ кашиду вай чашм кушод ва парида аз ҷой хест. «Роҳзанҳо!» – бо таҳлука аз дил гузаронд.

– Даматро набарор, – фишшос зад ниқобпӯш, ба чаккааш таппонча рост карда.

Нуъмон саросема ба завҷааш нигарист ва аз даҳшат даҳонаш воз монд: ниқобпӯши дигар ба гулӯи Зарина корд дошта  бо пӯписа мепурсид: «Калид куҷост? Аз ту мепурсам, калиди сейф канӣ?»

Дузди сеюм, дар даст фонар, ҳама ҷои хонаро тагорӯ мекард, ҷевонҳоро мекофт...

Нуъмон пайт ҷуста, ба дасти ниқобпӯше, ки наздаш меистод, сахт парида зад, таппонча аз дасти вай парид. Ҳарду якдигарро чанд мушт заданд. Дузд ин бор бо корд ҳамла кард. Рақиб сар нафуроварда муқобилат намуд ва корди ба замин афтода тӯли чанд сония ду-се бор аз даст ба даст гузашт. Китфи ниқобпӯш хуншор гашт. Вай боз бо корд ҳамлавар шуда, ба ҷойи ростомадаи соҳиби хона чанд зарба зад.

Нуъмон нолишомез дароз кашид. Вақте фарёди зани ӯ баланд шуд, дуздҳо саросемавор худро ба берун заданд.

***

Нуъмон дами субҳ дар беморхона аз олам гузашт. Ба «гуруҳи зудамал»-и тафтишӣ, ки ба ҳаракат даромада буд, Султон (ҳамчун посбони маҳалла) ҳамроҳӣ мекард. Аз чашмпӯшии Нуъмон вай ҳам афсӯс мехӯрд ва мегуфт: «Ҳайф шуд. Одами нағз буд».

Ҷустуҷӯйи ҷинояткорон хеле давом кард. Вале натиҷа надод. «Дело» пӯшида шуд.

Аз байн ду сол гузашт. Ба ноҳия додситони нав таъин шуду вай «корҳои пӯшидашуда»-ро аз нав варақ зад. Таҳти роҳбарии ӯ воқеаҳои марбут ба фоҷиаи Нуъмон низ аз нав омӯхта шуданд. Тамоми муассисаҳои табобатии вилоят таҳти назорати «гуруҳи зудамал» қарор гирифт. Рӯйхати онҳое, ки аснои рӯйдоди фоҷиаомез дар шуъбаҳои ҷарроҳӣ ба қайд гирифта шудаанд, аз назар гузаронда шуд. Исму фамилияе диққати мақомоти тафтишотро бештар ба худ кашид.

Турғун (Тайсон) ноилоҷ ба ҷинояти худ иқрор гашт.

Дуздиву тороҷгариҳои дигари даста низ фош шуда буд...

Хумор дарақ-дарақ меларзид. Мисле аз забон монда бошад, ба саволҳо ҷавоб намедод. Танҳо вақте ба дасташ «қулфаки оҳанин» мезаданд, «қулфи даҳон»-аш кушода шуда:

– Ба ҳамааш айбдор ана ҳамин! – гуфта шавҳарашро нишон дод.

– Не, худаш. Сабабчӣ ана ҳамин лаънатӣ! – ба вай теғкашон менигарист Султон. – Зару зевар гуфта...

«Таппонча» (дар асл бозичаи бачагона будааст) аз ҷойи воқеа ёфт шуда буд. Хумор дар куҷо будани дастпӯш, ниқоб ва дигар аслиҳаҳоро гуфт. Дар назди ҳоҷатхонаи канораи маҳалла дасти ӯро кушоданд. Вай маҷбур буд чизҳои партофтаашро... гирифта барорад. Ана ба ту зар, мана зевар, мегуфт ба худ бо афсӯсу надомат.

Маҷлиси суд давом мекунад. Қатори дигарон чанд нафар бонувоне ҳам, ки ходимони тиббианд, бо сари хам нишастаанд. Намедонанд чӣ тавр ҷониби собиқ ҳамкорашон, ки қатори дузду роҳзанҳо дар курсии сиёҳ нишастааст, нигаранд.

Аз ҳама музтариб – Тоҷибар, ки як вақтҳо дугонаи наздик буд ба судшаванда. «Хонаву ҷой, шавҳар, гул барин фарзанд, ҷойи кор доштӣ, Хумор. Чӣ намерасид? Зару зевар?»

Нохушии ду сол пештар рӯйдода дар пеши назараш зинда шуд. Саҳари солеҳон сӯйи дарвоза қадам зад. Чашмаш ба Беркут афтод, ки бо як ҳол дароз кашида буд. Саг одатан пойҳои пешашро ба зери ҷоғи худ гузошта мехобид. Вале ин дафъа ҷоғи он болои кулухмайдаҳост.

– Беркут! – фарёде баровард вай.

Ҷасади ҷонвар кайҳо сард шуда буд. Бадани соҳибхона ваҷаррос зад. 

Пагоҳаш ба кор рафт ва нохуширо ба дугонааш расонд. Хумор:

– Наход.., – гӯён дар ҷойи истодааш шах шуд.

Ин асно нафаре назди онҳо омад ва гуфт: «Нуъмонакаро корд задаанд». Рӯйи Хумор чӣ тавр ранг бурдаву ранг меовард, ба дугонааш аён гашт.

Ҳамааш дар ёдаш. Ҳа, Тоҷибар фаромӯш накардааст.

Вай ҷуръат карда, ба сӯйи дугонаи айбдоршавандааш нигарист. Бо нафрат? Не. Нисбати ӯ ҷуз ҷонсӯзӣ чизи дигаре ҳис нанамуд. «Раҳмам меояд, Хумор, раҳмам!..»

Муҳаммад ШОДӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: