Истиқоматкунандаи маҳаллаи «Боғбон»-и шаҳри Қувасойи вилояти Фарғона Рӯзибой Мамаҷонов аз қитъаи наздиҳавлии худ самаранок истифода мебарад.
Вай ҳаммаҳаллагонашро низ аз паси худ мебарад.
– Соли 2024 дар 3 сотих гармхона сохтам, – мегӯяд Рӯзибой. – Барои ин наздик 100 миллион сӯм харҷ кардам. Алҳол дар гармхона наздик ба 50 ҳазор бех тути заминӣ парвариш менамоям. Моҳҳои апрелу май ҳосилро ба бозор мебарорем. Аз ҳосили аввал, назар ба ҳисобу китобҳо, хароҷоти гармхонаро пӯшондан мумкин. Имсол боз як гармхонаи дигар барпо карданиам. Мақсади ман дар соҳаи парвариши тути заминӣ дар маҳаллаамон корпоратсия ташкил ва ҷавононро ба кор таъмин кардан. Дар ин самт бо фаъолони ҷамъомади шаҳрвандони маҳалла ҳамкорӣ менамоям.
Дар сурат: дар гармхонаи Рӯзибой Мамаҷонов.