Маълум шуд, ки дар Ӯзбекистон шумораи корхонаҳо бо иштироки сармояи хориҷии кадом давлатҳо зиёд аст

Тайи солҳои охир Чин дар таъсиси корхонаҳо дар Ӯзбекистон аз Русия пеш гузашт.

Тибқи маълумоти Кумитаи миллии омори Ӯзбекистон, то 1 марти соли 2025 дар кишвар 15 503 корхона ва ташкилот бо иштироки сармояи хориҷӣ фаъолият мекунанд.

Аз ин шумора, 4 011 корхона муштарак ва 11 492 корхона хориҷӣ ба ҳисоб мераванд.

Шумораи корхонаҳое, ки бо сармояи давлатҳои хориҷӣ дар Ӯзбекистон фаъолият доранд, чунин аст:
Чин – 3 576
Русия – 3 016
Туркия – 1 899
Қазоқистон – 1 082
Кореяи Ҷанубӣ – 662
АМА – 347
Тоҷикистон – 329
Ҳиндустон – 316
ИМА – 307
Қирғизистон – 303

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: