Соли 2018 дар Ӯзбекистон тақрибан 14 ҳазор кӯдак ба мактабҳои хусусӣ мерафт. То соли 2024 ин шумора аз 112 ҳазор нафар гузашт.
Теъдоди хонандагони мактабҳои хусусӣ нисбат ба соли таҳсили гузашта 75 фоиз зиёд шудааст. Падару модароне, ки фарзандонашон дар мактабҳои хусусӣ таҳсил мекунанд, аз андози даромад имтиёз мегиранд.
Ба иттилои Кумитаи миллии омор, то оғози соли таҳсили 2024/25 шумораи хонандагони мактабҳои хусусӣ ба 112 093 нафар расид.
Ин рақам нисбат ба соли таҳсили гузашта тақрибан 2 баробар ва нисбат ба оғози соли таҳсили 2018/19 8,1 баробар зиёд аст.
Шумораи хонандагони мактабҳои хусусӣ дар солҳои гуногун:
➖ 2018/19 – 13 769 нафар
➖ 2019/20 – 21 042 нафар
➖ 2020/21 – 26 970 нафар
➖ 2021/22 – 30 553 нафар
➖ 2022/23 – 45 927 нафар
➖ 2023/24 – 64 010 нафар
➖ 2024/25 – 112 093 нафар
Тезтарин афзоиш ба соли таҳсили 2024/25 рост меояд: шумораи хонандагони мактабҳои хусусӣ 75 фоиз зиёд шудааст.
Дар соли пандемия афзоиш нисбатан суст буд. Аммо агар тамоюли умумӣ ҳисоб карда шавад, тайи 6 соли охир шумораи хонандагони мактабҳои хусусӣ ба ҳисоби миёнаи солонаи 43,1 фоиз хеле зуд афзоиш ёфтааст.