Илон Маск эълон кард, ки то охири соли 2026 роботи инсоншакл ба Марс парвоз мекунад

Вай таъкид намуд, ки агар парвоз бомуваффақият анҷом ёбад, одамон метавонанд то соли 2029 ба Марс фуруд оянд.

Муассиси Tesla ва SpaceX Илон Маск эълон кард, ки киштии кайҳонии Starship, ки бо роботи инсоншакли Optimus таҷҳизонида шудааст, то охири соли 2026 ба Марс парвоз хоҳад кард.

Ӯ қайд кард, ки агар ин парвоз муваффақ гардад, одамон метавонанд то соли 2029 ба Марс расанд. Аммо эҳтимоли бештари фуруд омадани инсон дар Марс соли 2031 мебошад.

Tesla Optimus — прототипи роботи инсоншакл мебошад, ки аз ҷониби Tesla таҳия шудааст. Тибқи нақшаҳои Маск  Optimus бояд соли 2025 ба истеҳсоли оммавӣ ворид гардад. Ин модел ҳамчун роботи инсоншакле муаррифӣ шудааст, ки метавонад барои иҷрои вазифаҳои оддӣ ва хатарнок кумак расонад. Нархи интизоршавандаи он 30 000 доллар мебошад.

Дар тирамоҳи соли 2024 Маск эълон кард, ки дар ду соли оянда ба Марс панҷ киштии кайҳонии Starship бе сарнишин фиристода мешаванд. Тадбиркор ин қарорро бо "наздикшавӣ"-и Замин ва Марс, ки маъмулан ҳар ду сол як бор рух медиҳад, шарҳ дод.

Ба гуфтаи ӯ, агар ин рисолат бомуваффақият анҷом ёбад, дар тӯли 4 сол парвозҳои кайҳонӣ бо ширкати инсон амалӣ хоҳанд шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: