Падар – сутуни асосиву мустаҳками хонадон ва аввалин қаҳрамони ҳар як фарзанд аст. Падар шахсест, ки бидуни суханҳои баландпарвоз ба мо меҳрубонӣ мекунад.
Дар вақти навбаҳорон, падар, маро дуо кун,
Чун файзи резаборон, падар, маро дуо кун.
Бо дидаҳои зорам ҳар лаҳза интизорам,
Чун барги сабзазорон, падар, маро дуо кун.
Ман дар ғарибиҳоям дур аз канори ёрон,
Ҳангоми базми ёрон, падар, маро дуо кун.
Падар – сутуни асосиву мустаҳками хонадон ва аввалин қаҳрамони ҳар як фарзанд аст. Падар шахсест, ки бидуни суханҳои баландпарвоз ба мо меҳрубонӣ мекунад. Падар барои фарзандони худ роҳ мекушояд ва барои хушбахт шудани онҳо тамоми имкониятҳоро фароҳам меоварад, то ки камоли эшонро бубинад, фарзандон дар осмони орзуи худ озодона парвоз кунанд.
Меҳри падар мисли кӯҳи баланд аст, ки кӯҳ барин пуштбони мост ва моро аз нокомию беадолатии зиндагӣ эмин медорад. Дуруст аст, ки дар ҳаёт роҳҳои каҷу рост ҳастанд, мо бояд аз роҳи каҷ нагардем, дар роҳи рост қадам гузорем, ҳалол ва боимон бошем аз падару модар дуо гирем, падарро ҳеч гоҳ наранҷонем. Аз ҳар сухани падар дарси ибрат омӯзем, зеро ӯ беҳтарин устоди зиндагист.
Падар касест, ки рози дили худро пинҳон нигоҳ медорад, зеро меҳри ӯ на зоҳирӣ, балки ботинӣ аст. Дар ин маврид шоир Султон Муроди Одина чунин гуфтааст:
Агар модар сифоти ҷумла оламро сазовор аст,
Падар бо заҳмати ҷонаш ҳаётатро сабабгор аст.
Агар модар ғами худро сабук аз ашк месозад,
Падар дар дил ниҳон дорад ғами худ гарчи саршор аст.
Модар сабаби ба дунё омадани мо, падар муҷиби зиндагонии мост. Мо медонем, ки модарон дарду ғами худро бо ашкрезӣ сабук мекунанд, аммо надидаем, ки падар ғаму андӯҳи худро берун андозад. То падар зинда аст, дар ҳаёти мо ҳеч гоҳ зулмат нахоҳад шуд.
Ҳаминро бояд алоҳида қайд кард, ки агар падар хаставу ғамгин бошад, сабабаш моем, ҳамчунин ҳар гоҳ падар хурсанд бошад ҳам, сабаби он мо ҳастем. Ҳанӯз, ки падару модарон зиндаанд, шарт аст, ки дуои онҳоро гирем, зеро онҳо ғаниматанд.
Паёмбар (с.а.в) фармудааст:
«Се дуо рад намешавад: дуои падар барои фарзандаш, дуои мусофир ва дуои мазлум.»(Ривояти Ибни Моҷа ва Тирмизӣ).
Ин ҳадис нишон медиҳад, ки дуои падар барои фарзандаш дуои қабулшуда аст ва онро Худо рад намекунад.
Хулоса, дуои падар қабулшаванда ва раднопазир аст. Дуои падар ба фарзанд мисли дуои пайғамбар ба умматаш мебошад. Касе, ки падару модарашро эҳтиром мекунад, ризқ ва умри дароз мебинад. Дуои падар метавонад фарзандро аз бадбахтиҳо нигоҳ дорад. Мо – фарзандон бояд дуои падарро ғанимат донем ва ба ӯ ҳамеша ҳусни эҳтиром гузорем.
С. ДӮСИЁРОВА,
донишҷӯйи соли дуюми факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Бухоро.