Аксари муҳаққиқон паҳлӯҳои муҳимми рӯзгори Маҳмудхоҷа Беҳбудиро ба таври густурда мавриди омӯзиш қарор надода, ё аз фарогирии сарчашмаи аслӣ бебаҳра мондаанд, бештари онҳо дар аксар маврид якнавохт баёни андеша намуда, ё ба ибораи дигар, яке дигареро такрор кардааст.
Шаҳри бостонии Самарқанд дар домани фарҳангии худ дар ҳама давру замон уламову фузало ва шоирону нависандагони маъруфро ба майдон оварда буд, ки на танҳо ифтихори даврони хеш буданд, балки дар рушду тарвиҷи минбаъдаи афкори илмӣ-адабӣ, иҷтимоиву сиёсӣ хидмати мондагоре анҷом додаанд. Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ [1875-1919] аз ҷумлаи ин чеҳраҳои мондагор буд, ки ҳамчун яке аз саромадони матбуоти тоҷику ӯзбек дар рушду тарвиҷи бевоситаи публитсистикаи тоҷику ӯзбек нақши сазоворе гузоштааст.
Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ соли 1875 санаи 19 январ [1291 ҳиҷрӣ, 10-зулҳиҷҷа] дар деҳаи Бахшитеппаи наздикии Самарқанд чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Адабиётшиносони зиёди тоҷику ӯзбек доир ба таърих ва макони валодати Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ба таври амиқ сухан нагуфтаанд. Ба гувоҳии донишманди тоҷик Расул Ҳодизода «санаи таваллуди Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар ҳама ҷо соли 1875 нишон дода шудааст. Аммо ҳоло маълум нашуд, ки ин сана аз куҷо ва аз кадом санад гирифта шудааст». Аз деҳаи тоҷикнишин будани зодгоҳи Беҳбудӣ ёд намуда, Расул Ҳодизода таъкид менамояд, ки «дар саҳеҳии ҷойи таваллуди Беҳбудӣ ҷойи тардид нест, зеро инро писари аршад ва марҳуми ӯ Масъудхоҷа ва имрӯз бозмондагони авлоди ӯ низ тасдиқ мекунанд».
Аксари муҳаққиқон паҳлӯҳои муҳимми рӯзгори Маҳмудхоҷа Беҳбудиро ба таври густурда мавриди омӯзиш қарор надода, ё аз фарогирии сарчашмаи аслӣ бебаҳра мондаанд, бештари онҳо дар аксар маврид якнавохт баёни андеша намуда, ё ба ибораи дигар, яке дигареро такрор кардааст.
Яке аз пайравон ва равшангари машҳури он замон Сайидризо Ализода низ ба ҳаёту фаъолияти ин маорифпарвари барҷаста дар яке аз навиштаҳояш дахолат намуда, соли таваллуди Беҳбудиро 1291 ҳиҷрӣ, ҳаждаҳи зилҳиҷҷа дар Самарқанд донистааст.
Ҳамчунон донишмандони маъруфи тоҷик З. Раҷабов, М. Шакурӣ, Р. Ҳодизода, Н. Fаффоров, И. Усмонов ва дигарон соли 1875-ро соли таваллуди Беҳбудӣ донистаанд. Муҳаққиқи ӯзбек Б. Қосимов бо назардошти ихтилоф дар ин замина соли 1875 ба дунё омадани ӯро дуруст шуморидааст. Муҳаққиқи дигар Н.Каримов низ дар китоби худ ин ҳама андешаҳои гуногунро дар мавриди валодати М. Беҳбудӣ мавриди баррасӣ қарор дода, ба хулосае меояд, ки ин равшангари маъруф «19 январи соли 1975 таваллуд ёфтааст».
Беҳбудӣ дар давоми зиндагиаш аз шаҳрҳои зиёди олам дидан намудааст ва ин ҳама сафарҳо ба ӯ таъсири зиёде мерасонанд. Чунончӣ, бо мақсади ҳаҷ соли 1900 Беҳбудӣ ба зиёрати Маккаву Мадина меравад ва аз шаҳрҳои бузурги Қоҳираву Истанбул дидан менамояд. Ошноӣ бо усулҳои нави таълим дар мактабҳо, пешрафту рушди илму техника, бо назардошти урфу одатҳои он шаҳрҳо, ба Беҳбудӣ таъсири зиёд намуд. Дар фосилаи солҳои 1906-1907 аз шаҳрҳои Русия – Петербург, Уфа, Маскав ва Нижный Новгород дидан намуд. Беҳбудӣ аз сиёсату авзои он шаҳрҳо воқиф гардида, ғарқаи афкори воло ва муассир ба ватан баргашт.
Бо дарки авзоъ ва ҳолати нобасомони кишвар Беҳбудӣ ниҳоят пайи тарғибу ташвиқи ислоҳи ҷомеа ба фаъолият пардохт. Ӯ бо рӯзномаҳои давр чун «Туркистон вилоятининг газетаси», «Тараққий», «Хуршид», «Туҷҷор» ҳамкорӣ ва робитаи зич дошт. Ҳар навиштаи ӯ фарогири масоили мубрами ҷомеа буд, ки бо инъикоси воқеии замон ҳамватанонашро аз вазъу ҳолати ногувори ҷомеа воқиф менамуд.
Беҳбудӣ чун мубаллиғ дар ташкил ва тарғиби мактабҳои усули нав бештар бо дӯстон ва шогирдон: Абдуқодир Шакурӣ, Саид Аҳмади Сиддиқии Аҷзӣ, Абдурауфи Фитрат, И. Раҳматуллозода ва Ҳоҷӣ Муин ҳамкорӣ дошт. Ӯ манзили худро ба мактаби Абдуқодир Шакурӣ дод, то ки ҳудуди мактаб васеъ шавад ва сафи толибилмон афзун гардад.
Маҳз дар ин давра бо дарки мавҷуд набудани китобҳои дарсӣ Беҳбудӣ китобҳои «Мухтасари ҷуғрофияи русӣ», «Мухтасари ҷуғрофияи умумӣ», «Китоб-ул-атфол», «Мухтасари таърихи ислом»-ро таълифу тасниф намуд. Ин китобҳо ба тарғиби илму фанни замонавӣ равона шуда буданд. Беҳбудӣ дар роҳи ормонгароӣ ба кушодани аввалин китобхонаҳо тавфиқ ёфт, аксари китобҳои онро худаш дарёфта, фонди китобхонаҳоро афзун гардонидааст. Таъсиси «Нашриёти Беҳбудӣ» низ дар ин роҳ мусоидат кард.
Хидмати дигари Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар он аст, ки ӯ соли 1913 песаи «Падаркуш»-ро таълиф намуда, ба анъанаи драманависӣ дар адабиёти тоҷику ӯзбек асос гузошт.
Дар он даврон «амалдорони ҳукумати амирӣ ва махсусан амир Олимхон ӯро душмани ашаддии худ медонистанд». Ин буд, ки Беҳбудиро ваҳшиёна ба қатл расонданӣ шуданд. Вай дар Шаҳрисабз дастгир шуд. Дар Қаршӣ дар боғи подшоҳ Тағойбек Беҳбудӣ ва ҳамроҳонаш барои хеш қабр мекобанд ва дар сари ҷойнамоз оғуштаи хун мегарданд.
Солҳои охир бо шарофати насими истиқлол чеҳраҳои намоёне, ки замоне номашон аз ёдҳо рафта буд, дубора зинда гардиданд. Номи Маҳмудхоҷа Беҳбудиро, замоне пас аз марг, ба шаҳри Қаршӣ гузошта буданд. Аммо баъди чанде [1937] чун душмани халқ номаш аз тамоми гӯшаву канор бардошта шуд. Ҳатто, яке аз муҳаррирони рӯзномаи «Меҳнаткашлар товуши» марги Беҳбудиро хуш пазируфта буд: «Хуб шуд, ки Беҳбудӣ вафот кардааст. Агар Беҳбудӣ имрӯз зинда мебуд, ба Туркистони мо Анварпошои дуввумро оварда, ба ягон мансабе соҳиб мешуд».
Ба ин гуна андешаҳои ботилу ғаразнок Ҳоҷӣ Муин ҷавоби шоиста гардонид. Аммо ин туҳмату андешаҳои ғаразноки иддае аз муҳаққиқон ба шарофати насими истиқлол бекор гардида, таҷдиди назар ба ин масъала сурат гирифт. Профессор Иброҳим Усмонов дар ин маврид чунин навиштааст: «Аҷиб аст чархи фалак. Ному амали шахсе, ки панҷяки аввали қарни ХХ «бузургвор»-аш мегуфтанд ва дар ҳар кор пешраву пешбинаш мехонданд, дар панҷяки охири ҳамин қарн ба вартаи фаромушӣ афтод».
Олимони тоҷик З. Раҷабов, М. Шакурӣ, Р. Ҳодизода, А. Набиев, А. Абдуманнонов, С. Табаров, И. Усмонов, Н. Fаффоров низ саҳми ин пешвои маорифпарваронро дар рушди публитсистикаи тоҷику ӯзбек баён намудаанд. Дар ин самт дар Ӯзбекистон корҳои зиёди таҳқиқотӣ анҷом ёфтаанд, ки дар шинохти ин чеҳраи мондагор мусоидат менамоянд.
Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ яке аз донишварони шаҳир ва публитсисти маъруфи авохири садаи ХIХ ва оғози садаи ХХ буда, осори адабӣ ва публитсистии ӯ дар адабиётшиносии мо, онгуна ки шоистаи ӯст, ба таври комил ба пуррагӣ тадқиқ нашуда ниёз ба омӯзиш аст. Зикр намудан бамаврид аст, ки Беҳбудӣ аз лиҳози таълифи мақолоти илмӣ, адабӣ, фарҳангӣ, публитсистӣ аз пуркортарин адибони маъруфи он давр аст ва теъдоди зиёди мақолоти ӯро шумурдан ҳам имкон надорад.
Дар мавриди шахсияти Беҳбудӣ яке аз пайравонаш Сайидризо Ализода чунин таъкид менамояд: «Маҳмудхоҷа аввалин ношири маориф ва маданият, Маҳмудхоҷа бузургтарин ходими миллат ва ҷамоат буд. Мушорунилайҳ дар як замоне, ки рондани сухани тараққӣ ва маориф дар кишвари мо аз бузургтарин гуноҳ ба шумор мерафт, дар як гоҳе, ки будани номи мактаб ва ҷароид ба манзалаи калимаи кофир шинохта мешуд, мардона ба майдон даромада, далерона ба ҷаҳолат ва нодонӣ бинои мубориза гузошт, ба нутқҳои балеғона ва мақолаҳои муассиронааш мусулмононро бедор сохта, ба сӯйи илм ва маориф савқ дод». [«Шуълаи инқилоб», №35, 8-04-1920].
Профессор Расул Ҳодизода хидмати бузурги Беҳбудиро ба сифати асосгузори матбуоти тоҷику ӯзбек таъкид карда, чунин мегӯяд: «Беҳбудӣ асосгузори матбуоти тоҷику ӯзбек, сардафтари публитсистикаи тоҷику ӯзбек буд».
Воқеан хидмати таърихии М.Беҳбудӣ дар он аст, ки ӯ бо назардошти муҳимияти матбуот барои ҷомеа аз ҳисоби худ моҳи апрели соли 1913 аввалин нашрияи «Самарқанд»-ро бо забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ нашр намуд. Ин нашрияи мубаллиғи афкори ислоҳталабони Осиёи Марказӣ ҳарчанд умри дароз надид, бо матолиби рангини хеш тавонист дар вусъату густариши афкору ҷаҳонбинии омма нақши муассире гузорад. Нашри он то моҳи августи соли 1913 идома ёфта, ҳамагӣ 45 шумора нашр гардид.
Дар нашрия бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ маводҳои пурарзише дарҷ гардидаанд, ки дар бозгӯйии масоили умдаи ҷомеаи он давр аҳамияти хос доранд.
Беҳбудӣ пас аз он ки нашрияи «Самарқанд» бо ҷурми хисорот ва зарари иқтисодӣ аз нашр боздошта шуд, бо дарёфти шароиту имконият ба нашри маҷаллаи бонуфузе оғоз намуд. Тобистони [20-август] соли 1913 нахустин шумораи маҷаллаи «Ойина» ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ нашр гашт. Ба гуфтаи ношир «Ойина» «маҷаллаи илмӣ, адабӣ, сиёсӣ, фаннӣ ва таърихӣ буда, он ахбори ҳафта, ҳаводиси тозаи ҷомеа ва оламро дар саҳифаҳояш мунъакис менамояд».
Беҳбудӣ ба ҳамватанону ҳамзабононаш чунин хитоб кардааст: «Маҷалла аз они мо нест, аз они миллат аст». Ин маҷалла ҳамагӣ 68 шумора нашр гардидааст.
Ормонҳои Беҳбудӣ ва ҳаммаслаконаш ба вусъат ва густариши афкору ҷаҳонбинии мардум мусоидат намуданд. Матолиб бо назардошти талабот ва ниёзҳои маънавӣ дар ҷомеа бо такя ба воқеияти иҷтимоӣ ва баррасиву хулосабарории мушаххас ба риштаи таҳрир омаданд. Ҷавҳари асосӣ дар нашри маҷалла ҳамон мушкили ислоҳ ва таҷдиди ҷомеа аст. Ба андешаи Беҳбудӣ, ислоҳи ҷомеа, пеш аз ҳама аз мактаб оғоз меёбад, зеро мактаб роҳи фардоро равшанӣ мебахшад. Ӯ ҳаёти миллатро ба мактаб вобаста дониста, мегӯяд, ки «ислоҳот дар ҷомеа пеш аз ҳама «аз мактабу мадраса оғоз мегардад .Чунки ҳаёти миллат вобаста ба мактабу маориф аст. Мактабу мадрасаи кадом миллат, ки обод аст, он миллат худро мудофиа мекунад». [«Ойина», №1, 20.08.1913]
Дар мавриди таъсиси ин маҷаллаи бонуфуз шеъре аз ҷониби шоир Мир Сарвар таълиф гардидааст, ки дар он омадааст:
Биҳамдуллаҳ, ки дар мулки Самарқанд,
Аҷаб «Ойина» пайдо гашт, аҳсан!....
Чунин «Ойина»-и софу зиёбахш
Бидида, дидаи ман гашт равшан.
Хаташ хубу иборатҳош марғуб,
Зи ахбору ҳикоятҳо чу гулшан!
Агар ба осори публитсистиаш рӯ оварем, навиштаҳои «Усули ҷадида чӣ гуна аст?», [«Б.Ш»,1912], «Миллатҳо чӣ гуна тараққӣ мекунанд?» [«Миллатлар қандай тараққий этарлар»],«Эҳтиёҷи миллат» [«Самарқанд»,1913], «Ойина чист?», «Ҷуғрофиё чист?», «Таърих ва ҷуғрофия», «Иллатҳое, ки моро мехоянд» [«Бизни кемиргувчи иллатлар»], «Тил масаласи», «Икки эмас, турт тил лозим» [«Дуто не чор забон даркор аст»], «Таърихи ихтирои башар»,«Мӯҳтарам ёшларга мурожаат» [«Ойина», 1913-1915] ва ғайраро метавон мушоҳида намуд, ки фарогири мавзуоти гуногунанд. Зикр намудан бамаврид аст, ки махсусан маҷаллаи «Ойина»-и ин чеҳраи барҷастаи наҳзати маорифпарварӣ дар таърихи адабиёту матбуоти оғози садаи ХХ аз умдатарин ва ҷолибтарин падидаи адабӣ-фарҳангӣ ба шумор меравад, ки дар рушду ташаккули матбуоти тоҷику ӯзбек нақши барҷаста дорад. Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ чун яке аз саромадони матбуоти тоҷику ӯзбек дар мавриди назарияи матбуот чунин мегӯяд, ки «матбуоти ҳақиқӣ он аст, ки бояд рӯйи хотири касе накунад».
Назар ба таъкиди муҳаққиқи ӯзбек Б.Қосимов «баъзеҳо мақолаҳои ӯро 200 адад, дигарҳо 500 адад» гуфтаанд. Ҳоҷӣ Муин бо зикри доираи фаъолияти Беҳбудӣ дар 18 рӯзнома теъдоди нигоштаҳои ӯро наздик 200 адад шуморидааст. Ва ин гуна навиштаҳои пурарзиши Беҳбудӣ хеле зиёданд, ки агар «ҳамаи онҳоро якҷо ҷамъ намоем, як китоби 500-600 саҳифадор мешавад».
Аммо осори Беҳбудӣ бо ин теъдод маҳдуд буда наметавонад. Нукоти муҳими илмӣ-адабӣ ва фарҳангию публитсистии ҷолиби осораш ба вижа баррасии осори адабӣ, илмӣ, таърихӣ, публитсистӣ ва он шеваи нигориш мақолоти ин ходими фаъоли матбуот аз ҳар ҷиҳат шоёни таҳқиқу пажӯҳиш аст. Имрӯз моро зарур аст, то ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ин равшангари машҳур ошноӣ пайдо намоем ва ба аксари кулли матолиби кӯҳна дар ин замина нигоҳи наве андозем. Яъне дар ин замина ҳамкории судманд миёни аҳли илму адаби тоҷику ӯзбек метавонад самараҳои зиёд ба бор оварад. Омӯзишу таҳқиқи осору нашрияҳои Беҳбудӣ ҳамчун падидаи тозаи маънавӣ ва фарҳангӣ, ки дар шаклгирии баъзе аз анвои адабӣ ва публитсистикаи тоҷику ӯзбек таъсир ва нақши муайяне доранд, дар ҳоли ҳозир ба манфиати кор аст.
Абдуқодир Шехов,
номзади илмҳои филологӣ, устоди кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ.