Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Президенти ИМА дар робита ба тӯфони харобиовар тасаллият ирсол намуд

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп ба муносибати талафоти зиёди ҷонӣ ва осебдидагон, инчунин харобиҳои ҷиддие, ки дар натиҷаи тӯфони шадид дар иёлатҳои марказӣ ва ҷанубии кишвар рух додаанд, тасаллият ирсол намуд.

Сарвари давлати мо ба хонавода ва наздикони ҳалокшудагон суханони самимии тасаллӣ ва ҳамдардӣ баён намуда, ба осебдидагон шифои ҳарчи зудтар таманно кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: