Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 18 март ҳайати намояндагонро таҳти сарварии комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ Йозеф Сикела, ки бо сафари корӣ дар мамлакатамон қарор доранд, қабул кард.
Масъалаҳои муҳми рушди минбаъдаи муносибатҳои бисёрҷанбаи байни Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид.
Дар оғози суҳбат намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо ба Сарвари давлат салом ва таманниёти беҳтарини Президенти комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен ва раиси Шӯрои Аврупо Антонио Костаро расонд.
Тайи солҳои охир босуръат рушд кардани ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ бо мамнуният зикр гардид.
Таъкид шуд, ки барои пайваста вусъат додани он имконият ва иқтидори калон мавҷуд аст.
Дар фурсати кӯтоҳ имзо гардидани созишномаи нав дар бораи шарики ва ҳамкории густурда дар байни Ӯзбекистон ва ИА низ барои ин мусоидат кард.
Таъкид гардид, ки аз пешбурди лоиҳаву барномаҳои муштарак дар соҳаҳои нақлиёту логистика, энергетика, рақамисозӣ, кишоварзӣ, хоҷагии об ва дигар самтҳои афзалиятнок ҳар ду ҷониб манфиатдор мебошанд.
Ба масъалаи роҳандозии ҳамкории амалии судманди байниҳамдигарӣ дар соҳаи коркарди захираҳои минералии ҳаётан муҳим диққати махсус дода шуд.
Дар вохӯрӣ ҷанбаҳои ташкил ва баргузории нахустин нишасти “Осиё – ИА” ва Форуми иқлим дар аввали моҳи апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд баррасӣ шуд.
Оид ба масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ низ табодули афкор сурат гирифт.