МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲО БАРРАСӢ ГАРДИДАНД

Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева бо узви Палатаи намояндагони Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хонум Керол Миллер мулоқот кард.

Дар рафти суҳбат  ислоҳоте, ки дар Ӯзбекистон амалӣ мегарданд, тағйироти мусбат дар ҳаёти давлат ва ҷамъият,  масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории стратегии Ӯзбекистон ва ИМА муҳокима шуд.

Дар вохӯрӣ тавсеаи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, табодули таҷриба дар соҳаи кишоварзӣ ва самтҳои истиқболноки татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ баррасӣ гардид. Инчунин, оид ба таҳкими ҳамкориҳо аз рӯйи масъалаҳои саноати энергетика, таълим, тандурустӣ, таъмини ҳуқуқҳои зану духтарон ва баробарии гендерӣ табодули афкор намуданд.

Ҷонибҳо нақши муҳими дипломатияи парлумониро дар таҳкими равобити байни давлатҳо таъкид намуда, масъалаи таъсиси гурӯҳҳои дӯстӣ ва роҳандозии муколамаҳои байниминтақавиро баррасӣ карданд.

Дар анҷоми мулоқот ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкории байнипарлумонӣ ва таҳкими робитаҳои дуҷониба тавофуқ ҳосил шуд.

Н.АБДУРАИМОВА,

мухбири ЎзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: