РАҲБАРОНИ ӮЗБЕКИСТОН ВА ТОҶИКИСТОН АҲАМИЯТИ СУРЪАТ БАХШИДАН БА ТАРҲҲОИ МУШТАРАКРО ТАЪКИД КАРДАНД

18 март Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Дар оғози суҳбат сарони давлатҳо ҳамдигарро бо фарорасии ҷашни Наврӯз самимона табрик гуфта, саломатии мустаҳкам, шукуфоиву комёбиҳо ва барои халқҳои бародари мо сулҳу оромӣ ва фаровонӣ таманно намуданд.

Ба масъалаҳои татбиқи созишнома ва тавофуқҳо, ки дар сатҳи олӣ қабул шудаанд, диққати махсус доданд.

Аҳамияти идомаи муколамаи фаъоли сиёсӣ, дастгирӣ ва пешбурди лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт, барномаҳои табодули фарҳангӣ, гуманитарӣ ва байниминтақавӣ қайд карда шуд.

Масъалаҳои омодагӣ ба мулоқоти сеҷониба, ки дар охири моҳи март дар Тоҷикистон баргузор мегардад ва нишастҳо, ки моҳҳои апрел-майи соли ҷорӣ дар мамлакатамон дар формати «Осиёи Марказӣ плюс» баргузор мешаванд, баррасӣ шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: