Пурсишномаи «Овози тоҷик» дар байни мактабҳои теъдоди донишомӯзонаш аз 700 нафар зиёди ноҳияи Сӯх собит намуд, ки маъмурият ва омӯзгорони бархе аз мактабҳои таълимоти умумӣ ҳанӯз аз хоби ғафлат бедор нашудаанд. Ба ин гурӯҳ мактабҳои рақами 18-ум (80 овоз), 4-ум (73 овоз), 5-ум (71 овоз), 2-юм (69 овоз), 7-ум (66 овоз) ва 21-ум (63 овоз) шомиланд, ки ҳатто аз уҳдаи ҷамъ кардани 100 овоз набаромадаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар пурсишнома маъмурият ва ҷамоаҳои омӯзгории ду муассиса – мактабҳои таълимоти умумии рақами 11 ва 14-уми ноҳия нисбат ба ҷамоаҳои дигар фаъолнокӣ нишон доданд ва ҷойҳои якум ва дуюмро ишғол намуданд. Аммо далели бархӯрди «сараму дилам»-и ҷамоаҳои омӯзгорӣ дар чӣ бошад? Чаро азму иродаи мардуми шӯҳратбори кӯҳистони ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарёро мояи ибрат қарор надоданд?
Дар мавсими обунаи «Овози тоҷик», ки ҳар сол моҳҳои сентябр-декабрро дар бар мегирад, аксарияти ҳамсуҳбатони мо баланд будани нархи обунаро баҳона карданд ва худро канор кашиданд. Кормандони таҳририяти «Овози тоҷик»-ро ба чунин хулоса овард, ки муштариён аз хоби ғафлат бедор шаванд ва ҳадди ақалл ба шакли электронии он худро номнавис кунанд.
Роҷеъ ба кору фаъолияти ғолиби пурсишнома – мактаби рақами 11-ум гузориш интишор намудем. Дар пайи сафар ба ноҳия бо ҷамоаи омӯзгорони мактаби рақами 14-ум низ суҳбат анҷом додем. Он хеле самимӣ буд. Вақте ки ба директори он – Садриддин Абдураҳмонов дипломи дараҷаи 2-юм ва туҳфаҳои рамзии таҳририяти «Овози тоҷик» тақдим гардид, иброз дошт, ки агар дар ихтиёрашон боз чанд соат медоштанд, дар пурсишнома ҳатман ҷойи аввалро ишғол мекарданд ва барои диплому туҳфаҳои рамзӣ ибрози сипос намуд. Вай гуфт, ки минбаъд робита бо «Овози тоҷик»-ро мустаҳкам мекунанд ва дар пурсишномаҳои баъдӣ боз ҳам фаъолтар ширкат менамоянд.
Тасмим гирифтем, ки ҳини сафар аз мактаби таҳсилоти умумии рақами 7-ум низ боздид намоем. Ҷамоаи ин мактаб бо ҷамъоварии танҳо 66 овоз иктифо намудаву яке аз ҷойҳои охирро касб кард. Ин дар ҳолест, ки мактаб яке аз куҳантарин муассисаҳои таълими миёнаи ноҳия маҳсуб меёбад ва ҳанӯз соли 30-юми асри гузашта ба фаъолият оғоз намудааст.
Як идда фориғуттаҳсилони он соҳиби унвонҳои илмӣ мебошанд ва қисмати дигар бо меҳнати пурсамар эҳтироми мардумро сазовор гаштаанд. Аз ҷумла, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Усто Ҷаҳонов, профессор Юсуф Додобоев, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон Бегалӣ Болтаев, устоди Донишкадаи давлатии бемориҳои бачагонаи Тошканд Баҳодур Одилов, Муаллими халқии Иттиҳоди шӯравӣ Обидхӯҷа Иброҳимов, кардиолог Маъруф Эгамов, нависанда Абдураҳими Беҳбуд, собиқ мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Фарғона Каримҷон Муҳиддинов, роҳбари студияи телевизиони ноҳия Фарҳод Миршарипов, журналист, фаъоли ҷамъиятӣ Камолиддин Азизов ва боз чанд тани дигар маҳз аз ҳамин шумор мебошанд.
– Чӣ иттифоқе афтод, ки мактаби собиқадору номдори ноҳия дар пурсишномаи «Овози тоҷик» фаъолияти хуб нишон надод? – пурсидам аз директори он Раҳматҷон Ҳайдаров.
– Ҳақиқатан мо ба ин пурсишнома ба таври бояду шояд таваҷҷуҳ зоҳир накардем. Чунин пурсишнома бори нахуст дар байни мактабҳои ноҳия ба вуқӯъ пайваст. Дар ин бора бо корманди рӯзнома низ бевосита суҳбат доштам. Аммо ба гумони банда агар дар раванди овоздиҳӣ ҷамоаи омӯзгорони мактаб ҷалб карда шаванд, кифоя хоҳад буд, – изҳор намуд Р. Ҳайдаров.
– Мактаби рақами 7-ум ҳамеша дар сафи мактабҳои пешқадами ноҳия қарор дорад. Шумораи шогирдонаш, ки баъди хатми мактаб дар донишгоҳҳои гуногун таҳсил мекунанд, сол аз сол меафзояд, аммо дар пурсишнома яке аз ҷойҳои охирро ишғол кардани чунин мактаби номдор бахшиданӣ нест, – ба суҳбат пайваст раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Мӯлгон Додокарим Валиев.
Бо роҳбаладии муовини директор оид ба корҳои маънавият ва маърифат Вафодор Раҳбариддинов аввал вориди ҳуҷраи маънавият ва маърифат шудем. Дар як гӯшаи он бастаи рӯзномаҳо чида шудаанд. Аммо ягон лавҳае дар ин мактаб ба забони тоҷикӣ ба назар намерасид.
– Чаро ҳеч нусхаи тоҷикии лавҳаҳоро ин ҷо намебинем? – пурсидам аз роҳбалади худ.
– Тамоми маводи таблиғотӣ бо супориши садорати таълими халқи вилоят тайёр карда шудааст ва худи садорат ба мактабҳои таҳсилоти умумӣ намунаҳои онро ирсол кардааст. Ба ҳамин далел мо то дастрас намудани нусхаҳои тоҷикии он аз намунаи дигари онҳо истифода намудем. Аммо бархе аз лавҳаҳои ин ҳуҷраро ба забони тоҷикӣ иваз хоҳем кард, – посух дод В. Раҳбариддинов.
Мулоқот дар хонаи муаллимон масъалаҳои беҳбуди кор дар соҳаи таълиму тарбияро дар меҳвари худ қарор дод. Омӯзгорон эътироф намуданд, ки гузаронидани пурсишномаи «Овози тоҷик» дар беҳбуди кори таълиму тарбия дар мактабҳои таълимашон тоҷикӣ омили муҳим мебошад, зеро барои ошкор намудани як қатор мушкилоти мактаб ва роҳҳои ҳалли он мусоидат хоҳад кард.
Омӯзгори собиқадори фанни забони модарии мактаб Муйдин Тошбоев гуфт, ки як ҷузъи кори омӯзгори забони модариро диктант ташкил медиҳад. Барои ҳамин вай бо дарки эҳтиёҷ китобчаи «Маҷмӯаи диктантҳо»-ро таълиф намудааст, аммо дар чопи он мушкилоти молӣ мекашад. Ба гуфтаи Муйдин Тошбоев, агар ин китобча чоп шавад, омӯзгорони забони модарии мактабҳои ноҳия ва берун аз он истифода хоҳанд кард.
Аз суҳбат бо омӯзгорони ин мактаб аён шуд, ки набудани тестҳои имтиҳони дохилшавӣ ба забони тоҷикӣ ҳанӯз муаммои сарбастаеро ташкил медиҳад. Гуфта шуд, ки аттестатсияи муаллимон танҳо ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва қазоқӣ мегузарад. Ин ҳол омӯзгорони мактабҳои тоҷикиро ба мушкилоти забонӣ мувоҷеҳ менамояд. Дар мулоқот оид ба дарозии матни ҳикояҳои китоби адабиёти синфи VII низ ибрози ақида сурат гирифт. Гуфта шуд, ки дар як соати дарс омӯзгор наметавонад мавзӯъро пурра фаро гирад.
– Мактаби мо то ҳол бо китобҳои дарсӣ пурра таъмин нашудааст. Омӯзгорони баъзе фанҳо аз нусхаҳои ӯзбекии китобҳои дарсӣ истифода мебаранд. Гузашта аз ин, дар тарҷумаи китобҳои фанни физика ва механика нуқсонҳои ҷиддӣ мушоҳида мешаванд. Ҳатто баъзе қонунҳои Исаак Нютон сарфи назар шудааст, ки таълими он ҷойгоҳи хосеро ташкил менамояд. Ин магар натиҷаи бемасъулиятӣ ва саҳлангориҳои дастандаркорони чопи китобҳои дарсии тоҷикӣ намебошад? – гуфт муаллими фанни физика ва механика Икромҷон Қашамов.
Вақте вориди чанд синфхона шудем, донишомӯзони зиёд аз фанҳои гуногун дониши хуби худро намоиш доданд. Хусусан, аз қироати шеър дар бораи Ватан-Модар, истиқлол, табиати зебои диёр, одамони маъруфи маҳал ва амсоли он табъи мо болида гардид.
– Донишомӯзони мактабамон дар озмунҳои фаннии ноҳиявӣ ва вилоятӣ фаъолона ширкат карда, ҷойҳои ифтихориро ба даст меоранд. Сарварбек Абдуназаров аз забони англисӣ (синфи IX), Маҳтоба Раҳбаралиева аз забони тоҷикӣ, Гуласал Бурҳонова аз фанни ҳуқуқ ва Додохон Муллоев аз забони ӯзбекӣ (синфи Х), Файзиддин Шералиев аз фанни таърих ва Маҳбубахон Раҳимова аз фанни забони русӣ (синфи XI) ифтихори мактаби моянд, – мегӯяд ҷонишини директор В. Раҳбариддинов.
Вақти он расидааст, ки аҳли зиё, хосатан омӯзгорон ҳуввияти миллии худро аз даст надиҳанд. Ҳоло, дар замони касби истиқлол Қонуни асосӣ барои тоҷикони кишвар тамоми шароитро фароҳам овардааст. Барои ҳамин ҷиҳати дастгирии минбари ягонаи худ – «Овози тоҷик» чи аз тариқи обуна ба он ва чи аз тариқи номнавис кардани худ ё «подписка» дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар тоҷик бояд ҷиддан иқдом намояд. Беҳуда нагуфтаанд: «Чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ?»
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.