Хабари хуш зуд овоза мешавад. Пурсишнома, ки дар саҳифаи расмии рӯзномаи «Овози тоҷик» дар телеграм бо мақсади муайян кардани мактаби фаъолу пешқадами вилояти Ҷиззах дар байни шаш мактаби тоҷикӣ гузаронида шуд, зуд дар саросари кӯҳпоя доман паҳн кард. Бино ба натиҷаҳои ҷамъбаст, мактаби таълими умумии рақами 13-ум ноҳияи Фориш (директор Сарибой Ярашев) бо ҷамъ овардани 718 овоз ҷойи якумро ба даст овард.
Дар пурсишнома, ки аз 8 феврал то 14 феврал идома ёфт, 1699 нафар овоз доданд.
Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо вазъият ва ҳолати ин мактаб ба деҳаи Порашт роҳ пеш гирифтем. Роҳи мумфарши Нурато аз роҳи ҳудуди ноҳияи Фориш бамаротиб тафовут дошт. Дар роҳи ҳудуди Нурато ҳам ронанда роҳат мебараду ҳам мусофирон. Роҳи Фориш, ки пур аз чуқуриҳои мумаш хестаи бо хок пургардонида аст, ронандаву ҳамсафаронашро нороҳат мекард. Ба замми ин, борон меборид ва он хок ба лой табдил ёфта, боз ҳам вазъияти ронандаро ногувор мекард. Ба деҳаи овозадори Порашт расидем. Ҳамон борон борида, аз омади фасли баҳор дарак медод. Дар деҳоти шафати кӯҳпояи Нурато чӣ миқдор зиёд барфу борон борад, мардум ҳамон миқдор шод мегарданд. Зеро боришот манбаи об буда, фаслҳои тобистону тирамоҳ ба фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ имконияти мусоид фароҳам меорад.
Назди ҳавлии мактаб аз сабукрав берун омадам. Дар мактаб дарс идома дошт.
Воқеан, деҳаи Порашт яке аз деҳаҳои дорои манзараи дилфиреб, хушбоду ҳавоест, ки дар самти шимолии кӯҳистони Нурато ва ғарбии маркази ноҳияи Фориш ҷойгир аст. Поёнтар аз деҳа роҳи мошингарди Фориш – Нурато гузашта, вилоятҳои Ҷиззах ва Навоиро бо ҳам мепайвандад. Дар самти шимолии деҳа дашти Қизилқум ва Ҳайдаркӯл доман паҳн кардаанд.
Ҳангоми аз шаҳраки Боғдон ба ҷониби Нурато омадан, деҳаи Порашт нахустин деҳаи тоҷикнишин аст. Дар самти ғарбии Порашт бо фосилаҳо деҳоти тоҷикнишини Ӯхм (Ӯхум), Андиген, Моҷарм (Моҷурум), Синтаб (Сентаб), Соб (Соп), Симбулоқ, Эҷ (Каттаэҷ), Сойхурд (Кичиксой ё Кичикэҷ) ҷойгузин шудаанд. Номҳои дохили қавсҳо имрӯз дар даромадгоҳи ҳар деҳа бо ҳарфҳои калон навишта шудаанд, ҳарчанд иштибоҳ аст. Роҳгузарон деҳоти номбурдаро на бо номи таърихиаш, балки бо навиштаҷоти имрӯз мешиносанд. Замоне дар даромадгоҳи Порашт ҳам навиштаҷоти «Эски Фориш» буд. Бо ташаббуси чанде худогоҳони пораштӣ номи таърихии деҳа барқарор гардида, дар даромадгоҳи Порашт сабт ёфтааст. Кош, ин иқдоми пораштиҳоро муқимони деҳоти дигар низ пайравӣ мекарданд. Дар ин ҳолат рӯҳи аҷдод шод гардида, нур болои нур мегардид.
Порашт чӣ маъно дорад?
– Калимаи «порашт»-ро бо маъноҳои мухталиф шарҳ медиҳанд. Порашт намо ва манзараи хушҳавою форам дорад. Истилоҳи порашт бо калимаи «форам» муродиф аст; дувум, порашт аз «По» ном беморӣ пайдо шудааст. Дар кафи по ярае пайдо шуда, ҷойи он ришта-ришта мешавад, он яраро «поришта» мегуфтаанд. Дар ҳамин ҷараён аз калимаи «поришта» номи Порашт ба майдон омадааст. Ман ҷонибдори андешаи аввалӣ мебошам, – хулоса намуд омӯзгори собиқадор Мақсад Маъдиев.
Порашт дар бағали кӯҳҳо воқеъ аст. Аз ҷануб ва қисман аз шарқу ғарб кӯҳҳо иҳота намудаанд. Дар деҳа беш аз 1000 нафар аҳолӣ буду бош дорад. Онҳо асосан бо чорводорӣ ва кишоварзӣ машғул мебошанд. Солҳои 40-50-уми асри гузашта қисми зиёди аҳолӣ ба заминҳои навкорами Мирзочӯл ва вилояти Ҷиззах кӯч бастаанд. Ин анъана то ба имрӯз давом дорад. Шояд имрӯз сафи пораштиҳои берунӣ аз аҳолии деҳа чанд маротиб зиёд бошад. Онҳо дар ободгардонии даштҳои вилояти Ҷиззах, Мирзочӯл ва имрӯз дар бунёди Ӯзбекистони Нав саҳм мегузоранд.
Бобо Файзиеви пораштӣ яке аз асосгузорони ноҳияи Арнасой мебошад. Шарифбой Ғоибов чандин сол дар хоҷагии 16-уми ноҳияи Арнасой директор буд. Дар ободонӣ ва фаровонии зиндагии мардум саҳми арзанда гузоштааст. Ҳоло Раҳмон Завқиев роҳбари шуъбаи ободонии ноҳияи Пахтакори вилояти Ҷиззах аст. Пардабой Завқиев ва Амонбой Наврӯзов бошанд, чун роҳбарони соҳаҳои гуногуни хоҷагии «Нурато» пурсамар фаъолият намуда, дар рушди чорводорӣ ва таъмини зиндагии фаровони мардум саҳм гирифтаанд. Инҳо ва садҳо нафари дигар маҳз дастпарварони мактаби деҳаи Порашт мебошанд.
Пардабой Завқиев иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон буд. Аммо дар бораи фаъолияти ҷанговаронаи ӯ маводи дилхоҳ дастрас накардем. Гуфта мешавад, ки Пардабой Завқиев дар ҷанг захм гирифта, ба Ватан бармегардад ва дар ақибгоҳ фаъолияти пурсамари худро идома медиҳад. Ӯ чанд сол дар маҳаллаи «Синтаб»-и ноҳияи Нурато, ки дар ҳайати ноҳияи Фориш буд, ҳамчун раиси маҳалла, баъдан ҳамчун роҳбари Идораи маҳсулоттайёркунии ноҳия фаъолият намудааст. Ва солҳои охири ҳаёт ба ҳайси раиси Кумитаи ветеранҳои ҷанги ноҳияи Фориш кор кардааст. Байни мардум эътибор ва обрӯйи зиёд пайдо карда, як давраи муайян деҳаи Порашт номи Пардабой Завқиевро гирифта буд.
Дар суҳбати Ҳоҷигулмомои 99-сола
Бе пир марав, ки дар бимонӣ,
Ҳарчанд Сикандари замонӣ.
Бо роҳбаладии Рамазон Комилзода ва Нурҷон Ярашев ба хонадони Ҳоҷигул Ярашева омадем. Момое, ки гирди сандалии бобоӣ дар иҳотаи фарзанду аҳли оила нишаста буд, моро бо чеҳраи кушод пазироӣ намуд. Аз чеҳраи ӯ нур меборид, нури меҳру муҳаббат. Момои Ҳоҷигул соли 1926 таваллуд ёфта, ҳоло 99-сола мебошад ва то ҳол бардаму бақувват аст.
– Ҳозир аз шаҳр омаданд, кӯфтагии роҳ ҳис мешавад. Шояд ба саволҳои шумо дар ҷавоб душворӣ кашанд, – гуфт писарашон.
Бо ин ҳама мондагии роҳ момои Ҳоҷигул бо ҳамон чеҳраи хандону лаҳни ширини тоҷикӣ суҳбати худро бо овардани шеъру байтҳо идома дод.
– Душвориҳои зиёд дошт солҳои ҷанги хонумонсӯз. Мардҳо ба ҷанг сафарбар шуданд. Мо хурду ҷавон дар ақибгоҳ ҳам ба ҷойи худ, ҳам ба ҷойи мардон меҳнат мекардем. Занҳои ҷавон, кӯдаконро дар хона гузошта, ба дарав мерафтем. Фасли тирамоҳ ба ғунучини ҳосил, ҷамъ овардани мева чун харраву алич машғул мешудем. Маҳсулоти гирдовардаро ба фронт мефиристоданд, – ёдовар шуд момо.
Момо хушбахт аст. Давраи пириро дар иҳотаи беш аз сад набераю абера ва чабераҳо идома медиҳад. Зиндагиномаи момои Ҳоҷигул сабақест имрӯзиёнро.
Дуои неки моморо гирифта, аз пайи кори худ шудем.
Мактаби Ҷонибек чӣ ҳол дорад?
Деҳаи Порашт як мактаб, чандин дукон ва субъектҳои хидматрасонии сайёҳӣ дорад. Саҳнаи мактаб тозаву озода. Дарахтону ниҳолҳои ду самти даромадгоҳ ба пешвози фасли баҳор куртаи нав ба бар кардаанд. Ба таъбир аз чангу хок тозаву озода шудаанд. Дар пештоқи бинои мактаб «13 мактаб» навишта шудааст. Чун ворид ба толори мактаб мегардед, лавҳаи хотиравии шоир, рӯзноманигор, тарҷумон Ҷонибек Қувноқ, ки дар санги хоро ҳаккокӣ шудааст, бо ҳамон симои пуртабассум пеши чашм падидор мегардад.
Директори мактаб Сарибой Ярашевро пайдо накардам. Ӯ таъҷилан ба Ӯхм рафта будааст. Суҳбатро бо ҷонишини директор оид ба корҳои маънавию маърифатӣ Рамазон Азизов дар китобхонаи мактаб идома додем. Китобдори мактаб писари устоди шодравон, собиқ омӯзгори варзидаи забон ва адабиёти тоҷик Абдумурод Назаров – Малик Назаров будааст.
Нақл намуданд, ки мактаб соли 1928 бо даву този омӯзгор Қазоқбой Нурматов ташкил шудааст. Муаллими аввалини мактаб ҳам Қазоқбой Нурматов будааст. Дар соли 1970 бинои нави мактаб сохта мешавад. Ва дар соли 2009 аз нав бунёд мегардад.
– Имрӯз дар мактаб 196 нафар донишомӯзон таҳсил доранд, ки ба онҳо 23 нафар омӯзгор таълиму тарбия медиҳанд. Дарсҳо дар ду баст ҷараён мегиранд. Дар ҳамин ҳолат ҳам синфхонаҳо намерасанд. Дар гузаронидани маҳфил ва дигар тадбирҳо душвории доимӣ дорем. Бо вуҷуди ин, бо саъю талоши омӯзгорон ба комёбиҳои хуб ноил гардидаем, – гуфт Рамазон Азизов.
Рамазон омӯзгори фанни физика. Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм намудааст. Ҷавон аст. Аз суҳбат ошкор буд, ки хеле худшиносу худогоҳ ва бо раванди замон ҳамнафас. Соҳа ва пешаи худро хуб медонад. Ҳарчанд худ муқими деҳаи Ӯхм аст, аз дастовардҳои гузаштаву имрӯзаи мактаб хуб огоҳ ва аз он ҳама ифтихор дорад. Ашхосеро, ки дар боло зикрашон намудем, хуб мешиносад. Барои зинда нигоҳ доштани номи устодони марҳум, ки дар таълиму тарбияи насли наврас комёб гардида буданд, гӯшаи «Устодони марҳум»-ро ташкил кардаанд. Дар он аксҳои Ҳасанбой Эргашев, Эргашбой Азизов, Анора Азизова, Олибек Қувноқов, Нормурод Завқиев, Тағоймурод Авазбоев, Акабой Ҷумъаев, Абдумурод Назаров, Наврӯз Турдиев, Тағоймурод Авалбоев, Кӯчарбой Азизов ва Намозбой Шарифуллоев гузошта шудааст.
Аз Ҷонибек Қувноқу Қироншоҳ Шарифзода, Раҳимшоҳ Шарифзода ифтихор доранд пораштиҳо. Вақте ки мактабҳо номгузорӣ мешуд, мактаби рақами 13 ба номи Ҷонибек Қувноқ гузошта шуда буд.
Ҷонибек Қувноқ (10 ноябри соли 1941 – 6 ноябри соли 1990) яке аз симоҳои дурахшони адабиёти тоҷик мебошад. Ҳарчанд умри кӯтоҳ дид, вале аз худ нақши мондагоре гузошт. Зиндагиномаи Ҷонибек ҷавононро мактабест дар тарбия ва ташаккули адабиёт, эҳсосоти маънавию маърифатӣ, рӯзноманигориву тарҷумонӣ ва намунаи дурахшонест ба ташаккули робитаҳои дӯстиву бародарии халқҳо.
Қироншоҳ Шарифзода узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, соли 1975 пас аз хатми мактаб ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил мешавад ва онро соли 1980 бо ихтисоси филолог-журналист хатм мекунад.
Қироншоҳ Шарифзода муаллифи 5 китоб ва бештар аз 500 мақола, очерк, гузориш ва мусоҳибаҳои матбуотӣ мебошад. Китобаш «Бухорои шариф»: назаре пас аз 100 сол «(Душанбе, 2012) аз таърихи аввалин рӯзномаи форсии тоҷикӣ «Бухорои шариф» ҳикоят мекунад.
Раҳимшоҳ Шарифзодаро (бародари Қироншоҳ) аҳли фарҳанги Ӯзбекистон ҳамчун хабарнигор, мутарҷим ва рассом мешиносанд.
Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан...
Маҳз мақом ва хидматҳои омӯзгорон аст, ки ҷавонони пораштӣ бо фаъолияти худ ба ифтихори умум ноил гардидаанд. Имрӯз низ омӯзгорони варзидаи мактаб анъанаҳои устодонро давом дода, дар замони нав барои бунёди Ӯзбекистони Нав ҷавонони шоистаро таълиму тарбия медиҳанд. Пораштиён аз фаъолияти пурсамари омӯзгорон бо роҳнамоии Сарибой Ярашев, омӯзгори тоифаи олии фанни таърих Нурҷон Ярашев, омӯзгори тоифаи олии забон ва адабиёти тоҷик Дилбармоҳ Қурбонова, омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ Дилмурод Шарифов, омӯзгори тоифаи якуми синфҳои ибтидоӣ Мусаввар Султонова, китобдори мактаб Малик Назаров, Ҳофиз Шарифову Рамазон Комилзода ва дигарон ифтихор доранд.
Беҳтар аз бино бувад...
Ба хонаи омӯзгорон ворид шудам. Ҷавоне машғули мутолиа буд. Нурҷон Ярашев худро муаррифӣ кард.
– Нурҷон омӯзгори фанни таърих мебошад, – гуфт Р. Комилзода. – Дар мактаб-интернати рақами 59-уми шаҳри Самарқанд таълим гирифтааст. Соли 2017 факултаи таърихи Донишкадаи давлатии педагогии Ҷиззахро хатм намудааст. Ва ҳоло омӯзгори тоифаи олии фанни таърих мебошад.
Худ, ки тахассуси муаррихӣ дорам, ба таъбир, бо Нурҷон суҳбатамон қӯр гирифт. Зуд бо ҳам забон ёфтем. Ҳарчанд чашмони Нурҷон оҷиз буданд, ӯро чун як шахси хештаншиносу худогоҳ ва дорои хотираи қавӣ дарёфтам. Дақиқ эҳсос намудам, ки Нурҷон ҳастии худро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшидааст. Мегӯянд, ки дар дег бошад, дар кафлес мебарояд. Аллакай заҳматҳои Нурҷон самар овардаанд. Шогирдони ӯ Марҷона Бӯриева дар факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон, Ситора Тағоймуродова дар факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд ба номи Низомӣ, Рамзиддин Умаров дар факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҳсил мегиранд. Маҳз бо ташаббуси Нурҷон ҳамкориҳо бо факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ҷиззах ва мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи Фориш хуб ба роҳ монда шудааст. Аллакай дар мактаб бо иштироки олимони ин донишгоҳ ва Институти археологияи Самарқанд се маротиба конференсияҳои илмӣ-амалӣ баргузор гардидааст. Мақолаҳои олимони соҳа ва баъзе хонандагони мактаб, мақолаҳои Нурҷон Ярашев дар се маҷмӯа ба нашр расидаанд.
Комёбиҳои муаллимаи тоҷикистонӣ
Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,
То ба охир меравад девор каҷ.
Деҳаи Порашт кӯдакистон надорад. Кӯдакон бидуни таълими томактабӣ мактаб меоянд. Ба маъное онҳо дар бораи ҷамоа, мизу курсӣ, бозиву рафтори ҷамоавӣ чист, тасаввур ҳам надоранд. Бо ҳамон бозиву рафтори хонагиву кӯчагӣ ба остонаи мактаб қадам мегузоранд. Душвор ба омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ. Омӯзгорро зарур аст, дар хонандагон рафтору гуфтори ҷамоавиро ташаккул диҳад, ба дилу дидаи ҳар як толибилм роҳ ёбад, завқу шавқи онҳоро ба дарки масъулияти ҷамоа бедор кунад, ки ҳар яке дар оилаҳои муҳиташ мухталиф тарбия гирифтаанд.
Дилбармоҳи тоҷикистонӣ аз зумраи омӯзгоронест, ки масъулияти худро дар тарбияву таълими кӯдакон хуб эҳсос дорад. Омӯзгори асил соли 1994 факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Мегӯянд, ки «духтар санги фалахмон аст». Бо тақозои тақдир Дилбармоҳ аз Тоҷикистон ба ҷавонписари пораштӣ издивоҷ намуд. Аз соли 1997 инҷониб дар ин мактаб шуғли омӯзгорӣ дорад. Дар ин давра ӯ донишгоҳи дуюмро бо тахассуси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ хатм намуд.
Дар синфи ӯ 20 нафар кӯдакон таҳсил доранд. 20 нафар, ки аз 20 хонадони гуногунмуҳит омадаанд, аз омӯзгор 20 намуд тарзи муносибатро тақозо мекунад. На ҳама омӯзгор ба ҳалли ин муаммо тавон дорад. Дилбармоҳ чунин тавонро дорад. Маҳз ҳамин маҳорату дониш буд, ки ба ҳимояи тоифаи олии омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ноил гардидааст. Ва имрӯз байни ҷамоаи омӯзгорону толибилмони мактаб ва мардуми деҳа мақом ва мавқеи арзандаи худро пайдо кардааст. Сазовори эҳтироми ҳамагон гардидааст.
Толибилмони мактаб дар озмунҳои фанниву татбиқи «Панҷ ташаббус» ва дигар чорабиниҳо фаъол иштирок доранд. Муаттар Абдуева, ки иштирокчии озмуни ҷумҳуриявӣ буд, ҳоло донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Тирмиз мебошад. Самараи меҳнати омӯзгорон буд, ки имрӯз хатмкардагони мактаб Гулхан Қӯрғонова дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Шакарбой Қӯрғонов дар факултаи физикаи филиали Донишгоҳи миллӣ дар Ҷиззах, Азимшер Холибеков дар бахши экологияи ДМӮ, Раъно Бахтиева дар бахши таълими томактабии ДДС, Ғанишер Мардиқулов дар Донишгоҳи аграрии Тошканд, Севара Муродова дар Донишгоҳи давлатии Тирмиз, Сокина Оқилова, Парвиз Зокиров, Ёдгор Муъминбеков, Асрор Ҳакимов ва дигарон дар донишгоҳҳои гуногуни кишвар таҳсил доранд.
Дастаи духтарони футзали мактаб дар мусобиқае, ки барои «Ҷоми Хидмати амнияти давлатӣ» дар вилояти Ҷиззах гузаронида шуд, ҷойи дуюмро ба даст оварданд. Дар ин мусобиқа толибилмон Меҳринисо Абдиева, Субҳидам Анорбоева, Фаришта Ҳусенбоева, Дилноза Тӯймуродова, Рӯзигул Ҷумъабоева, Гулсевар Қӯрғонова ва Гулсанам Ҳакимова бозии хуб нишон доданд.
Бо ташаббуси нависанда Юнуси Имомназар байни мактабҳои таълимаш тоҷикии вилоятҳои Ҷиззах ва Навоӣ пайваста маҳфили «Хирадманд» гузаронида мешавад. Дар маҳфили навбатии «Хирадманд», ки дар мактаби рақами 43-юми ноҳияи Нурато бахшида ба садсолагии рӯзномаи «Овози тоҷик» баргузор гардид, гурӯҳи толибилмони ин мактаб дар ҳайати Дилноза Янгибоева, Фараҳноз Сарибоева, Дилноза Тӯймуродова, Маҳина Миршакарова, Зулфизар Тӯймуродова ва Фархунда Ҳамробоева ғолиб омаданд.
Мушкилот зиёд, вале додрас ку?
Ҳар ҷо, ки кор ҳаст, нуқсон низ вуҷуд дорад. Барои ҳаллу фасли баъзе муаммоҳо ҷамоаи мактаб то қадри имкон ҳаракат мекунанд. Аммо мушкилоте вуҷуд доранд, ки ҳаллу фасли онҳо танҳо аз қудратҳои болоӣ вобастагӣ дорад. Дард доранд омӯзгорон, азият мекашанд аз дер дастрас гардидани китобҳои таълимӣ ба забони модарӣ. Норизоанд аз тарҷумаи китобҳои таълимӣ ва дастуру нишондодҳои услубӣ ба забони тоҷикӣ.
– Сатҳу сифати тарҷумаҳо хеле паст аст, – мегӯяд омӯзгори тоифаи олӣ Дилбармоҳ Сатторова. – Ҷумлабандиҳо ноқисанд, аз вожаҳои бегона васеъ истифода мебаранд.
Мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ва ду донишгоҳро ба забони тоҷикӣ хатм намудаам. Ҳангоми супоридани тести аттестатсия дафъаи дуюм аз тестҳои тоҷикӣ даст кашидам, чунки саволҳо нодуруст тарҷума шудаанд. Маҷбур тестҳоро ба забони давлатӣ мавриди истифода қарор додам ва тоифаи олии омӯзгориро ҳимоя намудам. Мавзӯъҳои китобҳои таълимии синфҳои ибтидоӣ, ки ба фаслҳои сол бахшида шудаанд, ба барномаи таълимӣ мувофиқат намекунад. Мавзӯи фасли баҳор ба фасли сармо рост меояду фасли тобистон ба фасли баҳор. Ҳол он ки ин китобҳои таълимӣ аз ҷониби муаллифони тоҷик офарида шудаанд.
Мақсад Маъдиев низ дар бораи дуруштии забони китобҳои таълимӣ ва бадеӣ мушоҳидаҳои худро иброз дошт. Гуфт, ки тарҷумаи китобҳои таълимӣ иштибоҳоти зиёди имловию мантиқӣ доранд. Забони китобҳои бадеӣ бошад, душворфаҳм аст, ки на ҳар як хонандаи одӣ маънои онро хуб дарк мекунад.
Бо вуҷуди он, ки дар мактаб муаммоҳо зиёданд, омӯзгорон тавонистаанд аз ҳама гуна имкониятҳо истифода намуда, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гарданд. Китобхонаи мактаб дар синфхонаи хеле танг ҷойгир аст.
– Хонандагон ба китобхонӣ шавқу завқ доранд. Вале дар китобхона мувофиқи синну соли толибилмон китоб нест. Аз ҷониби муассисаҳои китобрасон боре ҳам ба мактаб китоби бадеии тоҷикӣ наомадааст. Ин сесад номгӯ китоби тоҷикиро аксаран муаллифон ва хонандагону ҳамдеҳагон туҳфа кардаанд. Китоби бадеии тоҷикӣ барои хонандагони хурдсол тақрибан вуҷуд надорад, яъне дар мактаб вазъи таъмини толибилмон бо китобҳои бадеӣ мутобиқи синнусол ногувор аст, – мегӯяд китобдори мактаб Малик Назаров.
– Бинои мактаб, ки дар соли 2009 сохта шудааст, ба талаботи имрӯз ҷавобгӯ нест. Синфхонаҳо хурд, шумораи хонаҳо хеле кам. Ҳарчанд дарсҳо дар ду баст аст, барои гузаронидани маҳфилу дигар чорабиниҳо имконият кам, – гуфт Рамазон Комилзода.
Мактаб бо оби ошомиданӣ таъмин нест. Толори варзишӣ ва ошхона низ надорад. Бунгоҳи тиббии деҳа кор намекунад, ҳарчанд бинои тиббӣ вуҷуд дораду асбобу анҷоми тиббӣ дорад... Муаммоҳо зиёд, вале додрас ку?!
Матолиби саҳифаро хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Ҷиззах Ӯзбакбойи Раҳмон ба чоп кардааст.