Тибқи маълумоти Кумитаи миллии омор, дар моҳи январи соли 2025 ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади сайёҳӣ 678,7 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ворид шудаанд.
Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, шумораи онҳо ба 158,5 ҳазор нафар ё 30,5% зиёд шудааст.
Шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки дар моҳи январи соли ҷорӣ бо мақсади сайёҳӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид шудаанд, аз рӯи кишварҳо чунин аст:
боздиди хешовандон – 461 277 нафар;
сафарҳои хизматӣ – 88 336 нафар;
сайёҳат – 75 392 нафар;
фаъолияти тиҷоратӣ – 41 196 нафар;
табобат – 8 966 нафар;
таҳсил – 3 508 нафар.