Дар Британияи Кабир хадамоти таксиҳои барқии паррон роҳандозӣ мешавад

Чунин таксиҳо метавонанд як халабон, чор мусофир ва бори ҳаҷман хурдро бардоранд. Ин технология дар ояндаи наздик ба ИМА, АМА ва Ҷопон низ мерасад.

Ширкати амрикоии Joby Aviation бо Virgin Atlantic шартнома имзо кард, то ки хадамоти таксиҳои ҳавоии барқиро дар Британияи Кабир роҳандозӣ намояд. Бо ин роҳ, Британия ҳафтумин кишваре мегардад, ки мехоҳад таксиҳои ҳавоии тиҷоратиро ривоҷ диҳад. Вале ҳанӯз дақиқ нест, ки ин кор кай оғоз мешавад. Joby аввал ба бозорҳои ИМА ва Аморати Муттаҳидаи Араб диққат медиҳад ва баъд ба Британияи Кабир мегузарад.

Дар Дубай парвозҳои озмоишӣ шояд то охири соли ҷорӣ ё аввали соли оянда гузаронда шаванд. Дар ИМА ин хадамот бояд соли 2025 ба роҳ монда мешуд, вале бинобар монеаҳои маъмурӣ лоиҳа ба таъхир афтод. Соли гузашта ширкат изҳор дошт, ки барои гирифтани иҷозатномаи истифодаи ҳавопаймоҳояш қариб омода аст, аммо то ҳол тасдиқи расмӣ нагирифтааст.

Барои ба роҳ мондани хадамоти таксиҳои ҳавоӣ дар Британияи Кабир Joby бояд аз идораи авиатсияи маҳаллӣ сертификат гирад. Аризаи дахлдор ҳанӯз соли 2022 пешниҳод шуда буд. Тибқи шартномаи ҳамкорӣ, Virgin ягона миёнҷии расмии Joby дар саросари Британия хоҳад буд.

Мақсади ин хадамот – интиқоли мусофирон аз маркази шаҳрҳо ба фурудгоҳҳо тавассути таксиҳои паррон бо парвозу нишасти амудӣ мебошад. Аввалин хатсайрҳо фурудгоҳҳои Хитроу (Лондон) ва Манчестерро мепайванданд. Дар оянда шабакаи хадамот васеъ карда мешавад. Мизоҷони Virgin метавонанд таксиҳои ҳавоиро тавассути барнома ва вебсайти ширкат фармоиш диҳанд.

Ҳавопаймои Joby барои як халабон, чор мусофир ва бори хурд пешбинӣ шудааст. Суръати максималии он ба 320 км/соат мерасад. Бо ин сабаб, парвоз байни Лидс ва Манчестер ҳамагӣ 15 дақиқа давом мекунад.

Гарчанде ки то татбиқи пурраи ин хадамот ҳанӯз вақти зиёд лозим аст, Joby бо итминон ба сӯи ҳадафи худ ҳаракат мекунад. Дар оянда ширкат ният дорад, ки хадамоти таксиҳои парронро на танҳо дар Британияи Кабир ва ИМА, балки дар Аморати Муттаҳидаи Араб, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Ҳиндустон ва Австралия низ роҳандозӣ намояд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: