Дар ин корхона солона то 12 ҳазор робот истеҳсол мешавад.
Ширкати амрикоии Figure аввалин корхонаеро намоиш дод, ки дар он роботҳои инсоншакл ба ҷамъоварии роботҳои ба худ монанд машғул хоҳанд шуд. Ин корхона қобилияти тавлиди то 12 ҳазор роботро дар як сол дорад. Коргоҳ пурра ба офаридани роботҳои инсоншакл тахассус дошта, бо гузашти вақт сатҳи автоматикониаш бештар мешавад.
Хати аввалини истеҳсолот бевосита дар дохили худи ширкат ташкил шудааст. Ин имкон медиҳад, ки Figure назорати сифатро беҳтар кунад, самаранокии васлкуниро баланд бардорад ва ба тарҳрезии роботҳо зуд тағйирот ворид намояд.
Иқтидори истеҳсолии корхона бо системаҳои рақамии муосир, аз ҷумла таъминоти барномавии Manufacturing Execution System (MES) муҷаҳҳаз гардидааст. Ин нармафзор имкон медиҳад, ки тамоми равандҳо дар вақти воқеӣ назорат ва ҳамоҳанг карда шаванд. Барои банақшагирии логистика ва захираҳо системаҳои Enterprise Resource Planning (ERP) истифода мешаванд, дар ҳоле ки нармафзори махсус идоракунии анборро оптимизатсия мекунад.
Ширкати Figure нақша дорад, ки бо гузашти вақт роботҳо дар ҷамъоварии таҷҳизоти нав нақши фаъолтар дошта бошанд. Ин сатҳи автоматизатсияро баланд бардошта, суръати истеҳсолотро меафзояд ва умуман ниёзи инсонро ба иҷрои корҳои ҳаррӯза кам мекунад. Дар айни ҳол, ширкат аз Figure 02 ба модели Figure 03 мегузарад, ки арзонтар ва самараноктар мебошад. Тарҳи нави робот соддатар шуда, миқдори ҷузъҳои дохилӣ камтар ва раванди васлкунӣ оптимизатсия шудааст.
Системаҳои идоракунии компютерӣ имкон медиҳанд, ки вақти омода кардани ҷузъҳо аз чанд ҳафта то чанд сония коҳиш дода шавад. Бо вуҷуди ин, насби чунин таҷҳизот сармоягузории калон талаб мекунад.
Дар корхона гурӯҳҳои махсус сифати маҳсулотро санҷида, устуворӣ ва самаранокии онро таҳлил мекунанд. Барои баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, ширкат мутахассисони соҳаи автоматикониро ҷалб кардааст. Бо кумаки онҳо технологияҳои нави васлкунӣ, ба монанди рехтани равған ба муҳаррикҳо ва санҷиши элементҳои батарея ҷорӣ карда шудаанд.
Илова бар ин, ширкати Figure нармафзори навро бо номи Helix таҳия кардааст, ки ба зеҳни сунъӣ (AI) асос ёфтааст. Ин система идоракунии роботҳоро дар тамоми раванди истеҳсолот таъмин мекунад. Бо ин роҳ, ширкат аз конвейерҳои анъанавӣ даст кашида, ҳаракати ҷузъҳоро дар дохили корхона пурра автоматӣ мегардонад. Дар оянда, қисми зиёди корҳоро худи роботҳо иҷро мекунанд, ки имкон медиҳад ҷузъҳо бо хароҷоти камтар ва суръати бештар омода шаванд.