Хонандаи синфи 9-уми мактаби таълими ҳамагонии рақами 66-уми ноҳияи Ҷарқӯрғони вилояти Сурхондарё Фирӯза Ҷумъақулова бо тақозои тақдир имконияташ маҳдуд буда, ҳаракат карда наметавонад. Вале дар хондану омӯхтан дар сафи ҳамсинфон ҷой дорад.
Духтарак чанде пеш дар асоси таълими инфиродӣ дарс меомӯхт, акнун ду моҳ боз бино ба барномаи «Таълими инклюзив» дар мактаб бо ҳамсинфони худ мехонад. Модари Фирӯза мегӯяд, ки «Таълими инклюзив» барои духтараш имконияти васеъ фароҳам овард, ин ҷараён муносибати духтаракро ба ҳаёт дигаргун намуда, ба сӯйи орзуҳои ширин роҳнамун месозад.
Суратгир: Ҷ. Қӯзимуродов. ӮзА.