Аммо оянда чӣ гуна хоҳад буд? Оё Интернет китобҳоро комилан иваз мекунад? Эҳтимолан, не. Китоб ва Интернет на ҳамчун рақиб, балки чун ҳамсафарон амал хоҳанд кард. Китоб бинобар мазмун ва амиқии худ ба сифати манбаи боэътимоди дониш боқӣ мемонад, дар ҳоле ки Интернет барои зуд пайдо кардани маълумоти нав хидмат мекунад.
Дар тӯли таърих китоб манбаи асосии дониш ва фарҳанг буд. Он на танҳо барои интиқоли иттилоот хизмат мекард, балки инсонҳоро ба тафаккури амиқ ва таҳлилӣ ҳидоят менамуд. Бо пайдоиши Интернет, ҷаҳони иттилоот ба марҳилаи нав ворид гардид. Ҳоло бо як ангуштзанӣ метавон маълумоти лозимиро пайдо кард. Аммо саволе ба миён меояд: оё Интернет метавонад китобро иваз кунад? Ё шояд онҳо, яъне китоб ва Интернет якдигарро пурра кунанд?
Дар гузашта китоб ягона манбаи дастрасӣ ба дониш буд. Ҳар як олим, муҳаққиқ ё шахсе, ки мехост соҳибилму соҳибдониш гардад, ё ҷаҳонро беҳтару бештар дарк кунад, мебоист китоб мутолиа намояд. Китобҳо бо таҳқиқи амиқ навишта мешуданд, муҳтавояшон ба далелҳои санҷидашуда асос меёфт ва эътимоднокиашон баланд буд. Чопи китобҳо барои интишори илм ва фарҳанг нақши бузург дошт ва инсонҳо барои дарёфти дониш китобхонаҳоро мавзеи асосии омӯзиш қарор медоданд.
Бо рушди Интернет дастрасии маълумот зиёд ва осон гардид. Акнун шахс метавонад дар чанд лаҳза маълумоти бисёреро пайдо кунад, дар маърӯзаҳои онлайн ширкат варзад ва ҳатто китобҳоро дар шакли рақамӣ бихонад. Вале Интернет низ мушкилоти худро дорад. На ҳар иттилооте, ки дар он ҷойгир шудааст, боэътимод аст. Ғайр аз ин, афзоиши иттилооти саросемавор ва зудтағйир боиси он мегардад, ки хонанда бештар ба мутоилаи маълумоти кӯтоҳ ва сатҳӣ одат кунад.
Аммо оянда чӣ гуна хоҳад буд? Оё Интернет китобҳоро комилан иваз мекунад? Эҳтимолан, не. Китоб ва Интернет на ҳамчун рақиб, балки чун ҳамсафарон амал хоҳанд кард. Китоб бинобар мазмун ва амиқии худ ба сифати манбаи боэътимоди дониш боқӣ мемонад, дар ҳоле ки Интернет барои зуд пайдо кардани маълумоти нав хидмат мекунад.
Фардои ҷаҳони ахбору иттилоот эҳтимолан дар муттаҳид сохтани ин ду восита хоҳад буд. Китобҳои электронӣ, аудиокитобҳо ва китобхонаҳои рақамӣ аллакай собит кардаанд, ки китоб ва Интернет метавонанд дар якҷоягӣ рушд кунанд. Яъне ҷойи он, ки Интернетро «душман»-и китоб ҳисоб кунем, баръакс бояд онро ба сифати як василаи дигари омӯзиш ва таҳлил истифода барем.
Мо бояд китобхон бошем, зеро китоб тафаккури амиқро ташаккул медиҳад, ба хулосабарорӣ ва таҳлили дуруст ёрӣ мерасонад. Ҳамзамон, мо бояд аз Интернет низ самаранок истифода барем, то дастрасии худро ба дониш бештар кунем. Танҳо дар чунин ҳолат мо метавонем на танҳо соҳиби иттилоот, балки соҳиби дониш ва хирад ҳам шавем.
Зеро бо вуҷуди он ки Интернет рушди босуръати худро идома медиҳад, он наметавонад пурра ҷойгузини китоб шавад. Интернет имконият медиҳад, ки иттилоот бо суръати баланд дастрас гардад, аммо мушкилоти вобаста ба боэътимодӣ ва сатҳӣ будани маълумот ҳамеша боқӣ мемонанд.
Дар оянда, эҳтимолан китоб ва Интернет ба ҳам бештар мувофиқ шаванд.
Онҳо новобаста аз тафриқае, ки доранд, метавонанд якҷо ба пешрафти маърифат ва дониш мусоидат намоянд.
Оғабек Маҳмадқулов.