ХУШБАХТӢ ДАР ОН АСТ, КИ...

Хушбахтиро баъзеҳо дар пулу мол, давлату сарват медонанд. Вале он бинобар доштани сарвату пул нест, балки дар ҳурмату эҳтироми якдигарист. Хушбахтии ҳақиқӣ ҳаловати ҳамарӯза аст.

Дар ин бора фикру мулоҳизаҳои ҳамдиёронеро, ки дар соҳаҳои гуногун фаъолият мебаранд, пурсон шудем.

Ойшахон ФАЁЗОВА – модари чемпиони ҷаҳон Муродҷон Аҳмадалиев:

– Доштани ҳамсари хуб, хонаи хуб, кори хуб, фарзандони хуб... хушбахтист. Ман аз он хушбахтам, ки модари чемпиони ҷаҳон ҳастам. 

Муродҷон дар оила фарзанди аз ҳама хурдӣ аст. Ӯ бисёр вақт дар хориҷа мебошад. Албатта, ман ҳамеша ёду фикри ӯро мекунам, пазмон мешавам. Дар вақти мусобиқаҳо, ба гуфти ҳамсарам, ман бисёртар аз бобати писарам беором мешавам. Мехоҳам писарам мушт «нахӯрад» ва ба рақибаш низ озор надиҳад. Зеро ман модар ҳастам ва ҳарифи писарам низ ман барин модар дорад. Барои ин аз падари фарзандонам бисёр гап мешунавам...

Ҳамаи духтарону писаронам дар ҳаёт ҷойи муносиби худро доранд. Оилаҳояшон орому осуда, соҳиби касбу кор мебошанд. Набераҳо низ фаъоланд. Онҳо хубу хотирҷамъ бошанд, ин хушбахтии мост. Яъне хушбахтӣ дар амониву осудагист.

Одилҷон КАРИМОВ – кордсоз:

– Хушбахтӣ ин амалӣ шудани орзуҳост. Барои ин ҳар инсон бояд ҳаракат кунад. Яъне хушбахтии инсон дар дасти худи ӯст. Соҳиби касби дӯстдоштаи худ шудан, ба халқ хидмат кардан, рӯзгори пурбарокат доштан...

Шукр, ки ман аз ҳунари интихобкардаам кам нашудам. Дар ёд дорам, бачаи хурд будаму бобоям ва падарам то нисфи шаб бо кордсозӣ машғул мешуданд. Дукони кордсозӣ надоштанд, ҳамаи корҳои амалӣ дар хона, дастӣ иҷро мешуд. Ҷараёни кор ниҳоят душвор буд. Мо дар оила 4 нафар додарон дар паҳлӯйи падар истода ин ҳунарро аз худ кардаем. Ҳоло ҳар кадом дукони худро дорем. Маҳсулоти тайёршударо нафақат дар бозорҳои маҳаллӣ, балки ба давлатҳои хориҷӣ мефурӯшем. Харидорон аз кишварҳои гуногун низ ба маҳсулоти мо иштиёқи баланд доранд.   

Санобар ТОҶИБОЕВА– соҳибкори пешқадам, роҳбари корхонаи «Чуст Ӯктамҷон сервис», соҳибаи ордени «Дӯстлик»:

– Хушбахтӣ – барои модар ин аввало осудагии оила. Хонавода осуда бошад, хотирҷамъӣ низ мешавад. Шукр, ҳамсарам корманди корҳои дохилӣ, ҳаёт ва зиндагиро хуб таҳлил мекунанд. Он кас, алҳол, мададгори ман ҳастанд.

Пештар дар мактаби миёна омӯзгор будам. Пас аз он ки Президентамон барои соҳибкорӣ роҳ кушоданд, ба соҳибкорӣ шурӯъ намудам. Зеро падарам, ки як умр дар фабрикаи дӯзандагӣ кор кардаанд, орзу доштанд, баъди нафақа як устохона барпо кунанду фаъолияти хусусиро ба роҳ монанд. Мутаассифона, ин рӯзҳо ба падарам насиб накард. 10 сол пеш бо 5-6 мошини дарздӯзӣ ва 6 нафар дӯзанда корро сар кардем. Ҳоло шумораи онҳо ба 350 нафар расид. Аз он хушбахтам, ки коргарон аз корашон мамнун, оилаашон осуда, хотирашон ҷамъ аст. Боз аз он хушҳолам, ки орзуи падарамро ба амал баровардам, барои ҳамин корхона ба хотири падар номи ӯро дорад. Маҳсулоти истеҳсолкардаамонро нафақат дар бозори маҳаллӣ мефурӯшем, ҳатто ба давлатҳои хориҷӣ низ экспорт мекунем. Орзуям ҷомаи амал пӯшид, ана ҳамин барои ман хушбахтист. Чанд рӯз пеш аз дасти Сарвари давлатамон мукофоти олӣ – ордени «Дӯстлик»-ро гирифтам, ин боз як хушбахтӣ буд, ки бовари маро ба пешравӣ зиёд кард.

Аббосхон ПОЛВОНОВ –  соҳибкори ҷавон, дорандаи нишони сарисинагии «Келажак бунёдкори»:

– Ман хушбахттарини хушбахтон ҳастам. Чунки дар диёри офтобрӯ – Ӯзбекистон зиндагӣ мекунам, фарзанди оилаи одии деҳаи Чодаки кӯҳистонам. Дар соҳаи бофандагӣ корхона ташкил намуда, якчанд занону духтарони деҳаро бо кор таъмин кардам. Бинобар деҳаи сайёҳӣ гардидани Чодак меҳмонхонаи хонагӣ низ ташкил намудам. Дар хидмати халқ будан, ба одамон бо кори фоиданок суду сабукӣ овардан барои ман хушбахтист. Дар овони бачагӣ бисёр душвориҳо кашида будем. Падарам моро танҳо бо маошу даромади касби сартарошӣ хонондаву пӯшонда буданд. Имрӯз дар рӯзгор камӣ надорем, ҳамааш муҳайё. Хушбахтам, ки падару модарам зиндаву саломат маслиҳатгару дуогӯйи мо – фарзандон мебошанд. 

Мусоҳиб Шоҳида ДАМИНОВА,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: