НАВРӮЗ, ХУШ ОМАДӢ!

Баъди зимистони тулонӣ фарорасии фасли баҳору Наврӯзи фархунда ба дили хурду бузург шодиву сурур, завқу хурсандӣ мебахшад. Замину осмон сабзапӯшу гулпӯш гардида, насими муаттари рӯҳафзо гӯё олами куҳанро ба наварӯси зебо ва пурҷозиба табдил медиҳад.

Чӣ хуш, ки ин ҷашни қадимии аҷдодии мо, маросими дилкаши мардумамон ҳоло ба Иди байналмилалии ҷаҳон бадал ёфта, дар дилҳо эҳсоси ифтихору ғурур меангезад. Дар мамлакат чун анъана барои табъи дил пешвозгирии ин ҷашни умумихалқӣ ҷараёнҳои омодагӣ кайҳо оғоз ёфтаанд. Аз ҷумла дар сарзамини бостонии Вардонзе – ноҳияи Шофиркони вилояти Бухоро бобати хуб истиқбол гирифтану дилкаш ва рӯҳафзо гузаронидани Наврӯз чораю тадбирҳо андешида мешаванд. Мо бо ҳокими ноҳия Алишер Файзуллоев дар ин мавзӯъ суҳбат кардем.

– Ба мақсади таъмин намудани иҷрои Қарори Президент аз 21 феврали соли ҷорӣ «Дар бораи омодагӣ ва баргузории ҷашни умумиҷаҳонии Наврӯз дар соли 2025» якҷо бо ташкилотҳои ҳамкор 5-25-уми март дар тамоми маҳаллаҳои ноҳия таҳти шиори «Арзишҳоят поянда бод, Наврӯз!» тадбирҳои тарғиботии маданию маърифатӣ амалӣ мешаванд.

Барномаҳои консертии шуъбаи фарҳанги ноҳия дар варзишгоҳи марказии ноҳия, иштироки маҳаллаҳо дар намоиши «Ҷилои кашидадӯзӣ», озмунҳо бинобар бозиҳои гуногуни миллӣ ва «Таомҳои миллӣ» баргузор шуданд.

Ба мақсади дар байни ҷавонон тарғиб кардани расму оинҳои миллӣ намоиши «Либосҳои миллӣ» сурат гирифт.

Таҳти шиори «Мадҳи Наврӯз» 10-17 март озмуни шеъру ҳунарҳои тасвирӣ ба амал омад.

Шуъбаи ноҳиявии Агентии кор бо ҷавонон якҷо бо ташкилоти ҳамкор байни ҷавонон ба мақсади тарғибу ташвиқи расму оин ва арзишҳои миллӣ 18 март дар варзишгоҳи марказии ноҳия мусобиқаи бодбаракпарронӣ – «Варрак-шоу»-ро созмон дод.

Дар бахши ноҳиявии Маркази маънавият ва маърифат бо иштироки кормандони бонкҳои тиҷоратӣ ва ҷавононе, ки соҳибкор шудан мехоҳанд, мулоқот баргузор шуд.

Дар мактаби рақами 33-юми ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Чуқураки Поён» мусобиқаҳои варзиши сабук, дар маҷмӯи варзишии «Ревгар»-и ҷамоати шаҳрвандони «Бобур» қувваозмоиҳои ноҳиявии футбол, мусобиқаҳои тӯби дастӣ барои «Ҷоми Наврӯз», марафони пойга – «Нафаси нав» баргузор гардиданд.

Дар тамоми маҳаллаҳо бо иштироки кормандони масъули шуъбаи оила ва занону духтарон, инчунин бахши ноҳиявии Маркази маънавият ва маърифат сайри суманак, омодасозии таомҳои наврӯзӣ гузаронда шуд.

Аз фурсат истифода бурда, ҳамдиёрони азизро бо фарорасии Иди фараҳбахш – Наврӯзи ҷаҳонӣ табрику муборакбод менамоям.

Амрулло Авезов,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: