ҶАШНИ ШОДИВУ СУРУР

Ҷашни Наврӯз аз ҷумлаи идҳои хеле зебо ва пурмазмуни мардумони Осиёи Марказӣ ва берун аз он ба шумор меравад. Онро бо номҳои гуногун: Иди Наврӯз, Ҷашни Баҳор, Наврӯзи Ҷалолӣ, Наврӯзи Ҷамшедӣ ва ғайра ба забон мегиранд. Ин ҷашн аз қабили идҳои хеле қадимтарини миллӣ ба шумор меравад.

Дар бораи Наврӯз ва таърихи он фикру ақидаҳои зиёд мавҷуданд ва он ҳама шукӯҳи ин ҷашнро боз ҳам баланд месозанд. Албатта, афкореро, ки дар бораи Наврӯз гуфта шудаанд, метавон ба ду гурӯҳ ҷудо намуд, ки яке аз он ривоятӣ ва дигаре ҳақиқатанд, ки Наврӯзро асрҳои аср ба дӯстдоштатарин ҷашни миллӣ табдил додаанд.

Мардум онро бо як олам орзуву умед интизорӣ мекашанд, либосҳои нав медӯзанд, ҳар гуна таомҳо мепазанд, қаҳру ситеза ба меҳру ҳамдигарфаҳмӣ мубаддал мешаванд. Яъне беҳтарин рӯз ва рӯзгоре, ки мардум орзу мекарданд, ба таъбири Фирдавсӣ, рӯзгори наврӯзӣ будааст:

Бар ҳар кор бахти ту пирӯз бод,

Ҳама рӯзгори ту Наврӯз бод.

                   * * *

Ҳамасола бахти ту пирӯз бод,

Шабони сияҳ бар ту Наврӯз бод.

Мо медонем, ки дар гузашта ҷашнҳои Меҳргон, Тиргон ва Сада низ дар байни мардум аз ҷумлаи идҳои миллӣ ба шумор мерафтанд. Аммо бо гузашти айём ин ҷашнҳо равнақи худро қариб, ки аз даст доданд, аммо Наврӯз бошукӯҳтар гардид.

Наврӯз аввали рӯзи моҳи соли хуршедӣ (оғози Фарвардин ё Ҳамал) аст. Рӯзест, ки дар он рӯзу шаб баробар мешаванд.

Наврӯз, баробари оғози соли нав будан, шурӯъи фасли баҳор низ ҳаст. Мутобиқи тақвими Ҷалолӣ (ин тақвим дар расадхонае, ки бо корбарии олимони илми нуҷум, ки дар он Умари Хайём низ иштирок ва роҳбарӣ намудааст, тартиб дода шуда буд) Наврӯз дақиқан оғози сол аст, ки 365-рӯзу 5-соату 48-дақиқаву 64-сонияро дар бар гирифта, агарчи дар саросари олам паҳн нашуд, илмитарин ва дақиқтарин тақвим аст.

Гиромидошти Наврӯз асосан ба далели фоли нек пиндоштани ин рӯз будааст. Бузургон овардаанд, ки онро метавон кашфиёт ҳисобид.

Тавре Берунӣ дар асари худ «Осор-ул-боқия» қайд мекунад: чун Сулаймон бинни Довуд ангуштарии худро гум кард, салтанат аз дасти ӯ рафт. Вале пас аз чил рӯз бори дигар ангуштарии худро биёфт ва подшоҳию фармондеҳӣ боз ба ӯ баргашт. Эрониён гуфтанд: «Наврӯз омад!» Яъне рӯзи тоза биёмад. «Ва Сулаймон бодро амр кард, ки ӯро бардорад. Ва парастуе дар пеши рӯйи ӯ пайдо шуд, мегуфт: «Эй подшоҳ, маро ошёнест, ки чанд тухм дар он аст, онсӯтар рав, ки ошёни маро дарҳам нашканӣ». Сулаймон роҳи худро дигар кард. Ва чун аз тахти худ, ки бар бод ҳаракат мекард, фуруд омад, парасту бо минқори хеш қадре об оварду ба рӯйи Сулаймон пошид ва як рони малахро низ ҳадя овард». (Осор-ул-боқия, саҳ 232). Аз ин ҷост, ки мардум дар Наврӯз ба якдигар об мепошанд ва бахшишу ҳадяҳо мефиристанд.

Мардум ин рӯзро «рӯзи умед» низ ном ниҳоданд. Дар «Бурҳони қотеъ» қайд мегардад, ки Худованд ҷаҳонро дар Наврӯз офарид. Дар «Шоҳнома» бошад, омадааст; бузургон Наврӯзро муқаддас ва соҳибэҳтиром меҳисобиданд ва ба он савганд мехӯрданд.

Ба Яздон, ба номи ту, эй шаҳриёр,

Ба Наврӯзу Меҳру ба хуррам Баҳор.

Алқисса, Наврӯз ҳам бо мазмунҳои ривоятӣ ва ҳам бо муҳтавои воқеъии хеш дар ҳаёти мардуми мо нақши муҳим дорад.

Рамазон Абдуллоев,

дотсенти Донишгоҳи давлатии Тирмиз, раиси Маркази милливу мадании тоҷикони Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: