Ҳамасола 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҷангал таҷлил мешавад. Он бо қарори Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 21 декабри соли 2012 таъсис дода шуда, ҳадафаш ҳифзи ҷангалзор аз нестшавӣ мебошад. Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҷангал аз аҳамият ва мавқеи соҳа дар ҳаёти инсоният ва муҳиммияти он дар сайёра далолат аст.
Дар баробари чолишҳои глобалӣ ба монанди тағйирёбии иқлим ва таназзули муҳити зист, ташаббусҳо назаррасанд. Дар ин маврид бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон баҳри ҳифз ва васеъ намудани масоҳати ҷангал тадбирҳои муассир меандешад. Аз ҷумла, қарори Президент аз 6 октябри соли 2020 «Консепсияи рушди хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Ӯзбекистон то соли 2030» қабул гардида, нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии барномаи мазкур тасдиқ гардид. Консепсия ба ҳифз ва рушд бахшидан ба рушди ҷангали ҷумҳурӣ ва сиёсати устувори давлатро дар ин раванд муайян намудааст. Татбиқи амалии Консепсия имконоти мусоиди экологиро барои наслҳои оянда муҳайё намуда, бехатарии маҳсулоти хӯроквориро таъмин менамояд. Мақсад аз ин нигоҳдории гуногунии биологӣ, барқароркунӣ, зиёд намудани масоҳату маҳсулоти ҷангал, беҳтар намудани сифат ва миқдори хизматрасонии экосистемавии пешниҳодшаванда дар шароити тағйирёбии иқлим, мусоидат ба рушди иқтисодиёт, баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии сокинон бо роҳи ҷалби онҳо ба пешбурди хоҷагии ҷангал, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ҷангал ва содироти он ба хориҷи мамлакат мебошад.
Зимни татбиқи амалии Консепсия то соли 2030 натоиҷи зер дар назар аст: майдони замини ҷангалзорҳо ба 14 миллион гектар расонида мешавад, ки ин 32 фоизи масоҳати умумии ҳудуди ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Ҳар сол 840 тонна тухмӣ рӯёнида, ғундошта мешавад. Соле 190 миллион ниҳол шинонида мешавад, ки аз он 30 959 ҳазор бехро ниҳоли тут ташкил медиҳад. Ҳар сол 3 500 гектар замин ҷангалпӯш карда мешавад.
Дар Ӯзбекистон ҷангал моликияти давлатӣ – сарвати миллӣ буда, аз ҷониби давлат ҳифз карда мешавад ва Фонди ягонаи давлатии ҷангал номида мешавад. Фонди давлатии ҷангал ба ҷангали дорои аҳамияти давлатӣ ва ҷангалҳое, ки дигар идораҳо ва шахсони ҳуқуқӣ истифода мебаранд, тақсим мешавад. Дарахту буттаҳои заминҳои кишоварзӣ, боғҳои гирду атрофи зироат, инчунин дигар дарахту бутта, дарахтзорҳои гирду атрофи қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои оҳан, шоҳроҳҳо, каналҳо ва дигар объектҳои обӣ, дарахтони шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишин, инчунин ниҳолҳои барои кабудизоркунонӣ шинондашуда, дарахтони наздиҳавлӣ ва қитъаҳои боғдорӣ ба Фонди давлатии ҷангал дохил намешаванд. Фонди ҷангали ҷумҳурӣ аз ҷангалҳои кӯҳӣ, ҷангалҳои даштӣ ва ҷангалзорҳои ғафси теппаи қарокӯлӣ, ҷинғил ва ғайра иборатанд.
Масоҳати умумии Фонди ҷангал 8544,1 ҳазор гектар ё 20 фоизи масоҳати умумии ҷумҳуриро ташкил медод. Майдонҳои ҷангалзор 2391,4 ҳазор гектар, аз ҷумла ҷангалҳои сунъӣ 207,1 ҳазор гектар, ҷангалҳои ҷавон 152,9 ҳазор гектар, ҷангалҳои камёфт 247 ҳазор гектар, майдонҳои кушоди бедарахт 285,3 ҳазор гектарро ташкил медиҳанд.
Ӯзбекистон давлатест, ки майдони ками ҷангал дорад. Ба замми ин аз сабаби беназорат тараққӣ кардани чорводорӣ, зиёд шудани талабот ба чӯбу тахта, барои истифода дар соҳаҳои гуногуни саёҳат ва ҳамчун сӯзишворӣ дар деҳот, инчунин аз ҳисоби майдони фонди ҷангал васеъ намудани заминҳои обӣ майдони ҷангал кам шуд. Омили дигаре, ки боиси таназзули ҷангал гардидааст, тағйирёбии иқлим аст, ки боиси афзоиши сӯхтор, ҳамлаи ҳашароти зараррасон ва афзоиши бемориҳои дарахтон шудааст.
Дар Ӯзбекистон заминҳои фонди ҷангал сол аз сол васеъ мегардад. Дар ин бора директори Агентии хоҷагии ҷангал Низомиддин Бакиров дар ҷаласаи навбатии Палатаи қонунгузорӣ хабар дод. Гуфта мешавад, ки фонди ҷангал як миллион гектар зиёд шуда, дар ибтидои соли 2024 ба 11,9 миллион гектар расид. Ин рақам 26,4 фоизи тамоми замини ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» ниҳолҳои дарахту буттаҳо шинонда, 457 гектар «боғҳои сабз» бунёд карда шуданд. Шумораи иншоотҳои экологӣ дар заминҳои фонди ҷангал ба 280 адад, хатсайрҳои экологӣ ба 38 адад ва марказҳои сайёҳӣ ба 5 адад расидааст.
Қарори Девони Вазирон «Дар бораи рушди хоҷагии ҷангал дар вилояти Навоӣ» қабул шудааст. Мувофиқи қарор дар назди Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангал дар хоҷагии ҷангали Нурато, дар назди Институти тадқиқоти илмии хоҷагии ҷангали ноҳияи Кармана Маркази илмии рушди хоҷагии ҷангал дар минтақаҳои биёбон таъсис дода шуд. Вазифаи асосӣ аз барпо намудани майдонҳои ниҳолҳои писта, бодом ва дигар растаниҳои шифобахш иборат аст. Мувофиқи ин қарор дар ҳудудҳои Синтаб ва Чуяи ноҳияи Нурато дар майдони 10 ҳазор гектар плантатсияҳои писта барпо карда мешавад.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.