Зоҳир Ҳасанзода дар рӯзи муборак, вақте мардум Наврӯзи оламафрӯзро ҷашн мегирифтанд — 21 марти соли 1950 чашм ба олами ҳастӣ боз намудааст.
Беш аз се даҳсола аст, ки хонандагони рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Гулобод тонги», «Овози Самарқанд», «Самарқанд», «Ховар» ва дигар нашрияҳои ҷумҳурӣ бо ин ном тавассути хабару мақола, лавҳаю очерк, фелетону гузориш ва ҳикояву қиссаҳои намакинаш ошноянд.
Ҳасанзода аз соли 2005 дар рӯзномаи ҷумҳуриявии «Овози тоҷик» ба ҳайси хабарнигор дар вилояти Самарқанд ба кор шурӯъ кардааст. Инак, бист сол аст, ки ин бори пурмасъулиятро бар дӯш дорад.
– Дар ҷодаи рӯзноманигорӣ ва нависандагӣ, – мегӯяд Зоҳир Ҳасанзода, – роҳи тайкардаи журналистон Насриддин Зайниев, Абдусалом Муҳаммадиев, Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода, Борис Шеголихин, Нор Остонзода, Аҳмадҷон Мухторов, Акбар Усмонов, адибон Ҳасан Ирфон, Болта Ортиқзода ва Шодон Ҳаниф бароям намунаи ибрат аст.
Қиссаву ҳикояҳои намакини Ҳасанзода зери номҳои «Ривояти Оқсой», «Боз баҳор меояд», «Зафар», «Азизи мардум» ва «Бозгашт ба ҳаёт» ба дасти хонанда расидаанд. Соли 2019 дар ҳаёти ӯ ҳодисаи масарратбахше рӯй дод. Ӯро ба узвияти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон пазируфтанд.
Ба қавли Хайём: «Ин қофилаи умр аҷаб мегузарад». Бехабар мондаем, ки бори зиндагӣ бар дӯш, шебу фарози суханро тай намуда, устод Зоҳир Ҳасанзода по ба зинаи мубораки 75-уми умр ниҳодааст. Мегӯянд, ки журналист, нависанда, омӯзгор ҳар қадар солхӯрда шавад, ба он андоза ба камол мерасад. Пас, дар оянда метавон аз устод асарҳои беш аз пеш хонданӣ ва мондагорро интизор шуд.
Ҳоло бошад, хотираҳои соҳибҷашнро, ки дидаву саргузашт ва шарҳи ҳоли худро рӯйи коғаз овардааст, ба алоқамандони гиромиаш пешкаш менамоем.
Идораи «Овози тоҷик».
***
Шукр гӯям зиндагиро бо ҳама неку бадаш...
Бояд бигӯям, ки дар тӯли умри сипаригардида лаҳзаҳои хушу нохушам фаровон буданд, аммо, ба қавле, «шукр гӯям зиндагиро бо ҳама неку бадаш».
Инак, чанд саҳифа аз тарҷумаи ҳоли банда.
Таърихи ба дунё омаданамро боре модаркалонам дар сари дасторхон чунин нақл карда буданд:
– Моҳи марти соли 1950. Мардум ба ҷашни Наврӯз омодагӣ мегирифт. Раҳматӣ падарат, ки дар мактаб омӯзгор буд, баъди дарс ба хона омад. Ман ба ӯ амр кардам, ки зуд аз паси доя шавад – келинро дард гирифтааст. Дере нагузашта Санҷарова ном тоторзанак, ки ҳам ба русӣ, ҳам ба тоҷикӣ омехта ҳарф мезад, аз ман пурсид:
– Дӯмхола, чӣ хидмат? (Дӯм ба маънои раиси деҳшӯро).
– Худованд ба ман набера доданӣ.
– Нағз-ку, – лабханд зад момодоя, – писарча шавад, зиёфат будааст-дия.
– Албатта!
Ҳамон рӯз модарат дугоник – ту ва додаратро ба дунё овард. Ҳамсояҳо барои табрик омаданд.
– Дӯмхола, – гуфт доя, – шумо акнун ду зиёфат қарздор. Зеро келинатон дугоник таваллуд кард.
– Натарсида, ошкоро се зиёфат гуфтан гиред, – маблағеро ба кисаи ӯ андохта гуфт падарат, – ин нарзи дастатон, аз нӯги хамир фатир, хурсандии сеюм имрӯз ид – Наврӯз!
Баъди се рӯз назди имом-хатиби масҷиди ҷомеи Хоҷа Аҳрори Валӣ рафтам, ки ба шумоён ном гузорад.
– Модоме ки падараш Ҳасан ва раҳматӣ амакаш Ҳусейн аст, дар китоб омадааст, ки ба набераҳо Тоҳиру Зоҳир номгузорӣ кунем, – маслиҳат дод домулло.
– Маъқул, – тасдиқ намудам ман.
Салом, мактаб!
Баъди соҳиби ному насаб шудан ва ба синни мактабхонӣ расидан ташвиши падару модарам зиёдтар шуд. Аз шими куҳнаи қиблагоҳам ду эзорча дӯхтанд. Киф низ аз матои сахт, ки кисачае барои рангдон дошт, тайёр шуд.
Аммо дар арафаи соли хониши нав воқеаи аҷибе рух дод. Падарамро ба яке аз хоҷагиҳои дурдаст котиби ҳизб таъин карданд. Аз сабаби он ки Тоҳир қобил, гаправ, каме лоғару итоаткор буд, бо модаркалонам дар зодгоҳ – деҳаи Хоҷа Аҳрори Валӣ монд, вале ман бо аҳли оила ба Сочак ном маҳаллаи дурдаст рафтем. Дар он ҷо мактаб ба забони ӯзбекӣ будааст, ки ғайр аз ду-се калимаи кӯчагӣ чизе ёд надоштам.
Вақте ба зодгоҳ баргаштем, дар синфи якуми мактаби рақами 16-уми ноҳияи Самарқанд аз сари нав «якумхон» шудам. Тоҳири аълохон, ба қавле «паравоз» буду бояд мани бадхон – «вагон»-ро мекашид, ҳампарта шуд. Ғайр аз тарбияи ҷисмонӣ, ба дигар фанҳо ҳаваси хондан надоштам. Хушбахтона, дар мактаб Толиб, Шамсӣ ном ҳамфикру ҳамдилон буданд, ки мо «сегона» шуда бо «диловарӣ – қаҳрамонӣ» шӯҳраи таълимгоҳ ва зодгоҳ гардидем. Ёд дорам, дар синфи ҳафтум муаллимаи ҷавони сода, зудбовар, ки баъди ба шавҳар расидан бо милаи майдабофт ба дарс меомад, диққати моро ба худ кашид. Мо ӯро маҷбур сохтем, ки мӯяшро кушода исбот намояд, ки сунъӣ нест.
Баъди чунин «корнамоӣ» маро аз мактаб қариб пеш карда буданд, вале омӯзгори фанни адабиёт, шоири зуллисонайн Бердӣ Ҳамроев моро дастгирӣ кард. Гуфт, ки ба тарбияи худ мегирад.
Камина чун аъзои маҳфили «Адабиётчиёни ҷавон» ба асарҳои бадеӣ ва театр дил бастам.
Дилбастагӣ ба каломи бадеъ маро ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд овард. Аммо... ба шуъбаи ғоибона қабул шудам.
Соли 1970 баъд аз хидмати ҳарбӣ фаъолияти меҳнатиро дар хоҷагии ҷамоатии «Гулистон» ба сифати сардори звенои ҷавонон оғоз карда, дар саҳро каланд задам, асрори деҳқонӣ омӯхтам.
Албатта, ошноӣ бо адиб ва тарҷумон Ҳасан Ирфон масъулияти маро дар назди сухан афзуд. Чашмҳои Ҳасан Ирфон – «Островскийи тоҷик» хира шуда буданд. Ӯ тарҷумаҳояшро «дикта» мекарду ман ба рӯйи коғаз менавиштам. Соли 1973 устод ба олами бақо реҳлат кард. Маро дертар дар идораи радиошунавонии ноҳияи Самарқанд муҳаррир таъин карданд.
Бозсозӣ – ошкорбаёнӣ
Замоне бо ташаббуси Горбачёв бозсозӣ оғоз ёфту дар яке аз ҷамъомади ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ҳизбӣ ба минбар баромада, гуфтам, ки дар ноҳия тоҷик кам нест, аз муҳаррир то посбон ба ин забон ҳарф мезананд, аммо ба тоҷикӣ рӯзномаи ноҳиявӣ надорем. Хуб мешуд аз Панҷакенти ҳамсоя ибрат гирем, ки рӯзномаи онҳо ба ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ интишор меёбад.
Котиби якуми ҳизби вилоят Назир Раҷабов, ки аз Бухорои шариф буд, моро дастгирӣ кард ва аз роҳбарони ноҳия хоҳиш кард, ки ин масъала ҳал гардад. Сармуҳаррири рӯзномаи ноҳия Насриддин Зайниев (руҳашон шод бод!) маро ба сифати масъули саҳифаи тоҷикӣ ба кор гирифтанд.
Ман гунаҳкорам
Оқибати «демократия», «озодии сухан», «ошкорбаёнӣ» барин ибораҳо ин шуд, ки яке аз фаъолони Маркази фарҳангии тоҷикон ва тоҷикзабонони Самарқанд, изҳор дошт, ки доир ба гузаронидани маҷлиси фаъолон дар рӯзнома эълон чоп кунем.
Ҳарду матнро таҳия намуда, назди муҳаррир даромадем. Муҳаррир аз ман пурсид, ки маънои калимаи «гирдиҳамоӣ» чист?
– О, ин гапи тоҷикии адабӣ, – фаҳмондам, – мазмунаш маслиҳат, суҳбат, саволу ҷавоб...
– Нағз, аз нимкосаи таги коса бехабар, мамнун сӯйи «мизоҷ» нигаристанд муҳаррир, – эълон пулакӣ, 10 сӯм.
Оҳ, агар муҳаррир медонист, ки барои 10 сӯм ва аз надонистани маънои калимаи «гирдиҳамоӣ» чӣ қадар шӯру ғирев мехезад, ҳеч гоҳ ба чопи эълон розӣ намешуд.
Эълон чоп шуд, вале ҳарчанд як қисми он – ҳазор нусха паҳн гардид, боқимонда 14 ҳазор нусха ба коғазпора – макулатура табдил ёфт. Рӯзи дигар дар саҳифаи аввалини он бо ҳарфҳои калон ва сурх иттилоъ дода шуд, ки «Дар Регистон гирдиҳамоӣ намешавад!». Таъҷилан маҷлиси кушоди ғайринавбатии ташкилоти ҳизби рӯзномаи собиқ «Шарқ тонги» (ҳоло «Гулобод тонги») ба вуқӯъ пайваст.
Дар ҷамъомад котиби аввали ноҳия Исо Исҳоқов эълон кард, ки «муҳаррир бо ихтиёри хеш аз вазифааш рафтанӣ аст. Ана, аризааш!»
Баъди ҳама ба дар рафтан, ман назди муҳаррир музтар истода, иқрор кардам, ки гунаҳкор ҳастам.
– Ҳеч гап не, писарҷон, – бо заҳрханда дуди тамокуро сахт фурӯ бурд устод Зайниев, – муҳимаш, маъно ва қудрати калимаи «гирдиҳамоӣ»-ро дарк кардем.
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор...
Воқеан, солҳои фаъолият дар рӯзномаи «Шарқ тонги» бо бисёр шахсони муътабар ошноӣ пайдо кардам. Ба хотири саҳифаи тоҷикӣ устодони сухан ва олимони маъруф Фазлиддин Муҳаммадиев, Болта Ортиқов, Шодон Ҳаниф, Холиқ Мирзозода, Раззоқ Ғаффоров, Адаш Истад ва дигар адибони тоҷик ба идораи мо сар халонда, барои боз ҳам хонданибоб, шавқангез, пурмазмун гардидани рӯзнома маслиҳату кӯмаки хешро дареғ намедоштанд. Аммо барои ба кӯчаи наср даромаданам хидмати устод Шодон Ҳаниф калон аст.
Раҳматӣ боре гуфтанд: «Мулло, зиёд саргарми очерку ҳикоя нашавед, вақти асарҳои калонҳаҷм навиштан расид. Канӣ, як ғайрат кунед, бинем, қаламатон ба чӣ қодир аст. Навиштан аз шумо, таҳрир аз мо».
Суханони устод илҳом бахшид ва нахустин қиссаи тарҷумаиҳолии «Зафар» тайёр шуд, ки аввал Озод Ҳамидзода, Маҳбуба Турсунова ва Адаш Истад хонда, иловаҳои аҷиберо ворид намуданд. Дертар китобҳои «Боз баҳор меояд», «Ривояти Оқсой», «Азизи мардум», «Бозгашт ба ҳаёт» рӯйи чопро диданд. Ҳоло се китоби банда дар нашриёт аст.
Таъкид кардан бамаврид аст, дар шебу фарози ҷодаи хабарнигорӣ роҳи тайкардаи шодравонҳо Насриддин Зайниев, Абдусалом Муҳаммадалиев, Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода, Ҷонибек Қувноқ, Муҳсин Умарзода, Акбар Усмонов, Отахон Латифӣ, Аҳмадҷон Мухторов, Борис Шеголихин, Нор Остонзода бароям намунаи ибрат буду ҳаст.
Пешбарӣ ба депутатӣ
Баъди ба истиқлол расидани кишварамон қоидаҳои пешбарии номзад ба депутатӣ куллан тағйир ёфт. Дар яке аз чунин маҷлисҳо мардуми деҳаи Хоҷа Аҳрори Валӣ номзади бандаро ба депутати Шурои Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбарӣ намуданд. Рақиби ман кӯшиш ба харҷ дод, ки бо ҳар роҳ пирӯз ояд... Бо вуҷуди он 42 фоиз овоз гирифтам.
Кори бад аз мардуми бад сазад
Рӯзе яке аз ошноҳоям занг зада гуфт, ки дар бозори Сиёб беадолатӣ, хиёнат ба ҳаққи харидорон дар авҷ аст.
– Шумо, додарҷон, як маротиба бо устоди худ фелетони «Дар бозор – роҳи пулёбӣ бисёр»-ро навишта, пӯстаки директори онро дурустакак афшонда будед, – фаҳмонд ӯ, – гап дар сари он, ки дирӯз ду кило нок харидам, аммо дастам сабук будани меваро ҳис карда, дар дигар ҷой онро рӯйи тарозу гузорам, ноинсоф 400 грамм задааст. Ба фикрам, мунофиқон санги тарозуро, ки рӯяш «як кило» навишта шудааст, сӯрох карда, ба ҳаққи харидорон хиёнат мекунанд.
Ман ба дӯсти наздикам Комилҷон Ашӯрзода занг зада, масъаларо фаҳмондам, илтимос кардам, ки ҳар се ба бозори Сиёб равем. Ӯ розӣ шуд. Моён мусаллаҳ бо қаламу дафтар ва дастгоҳи аксбардорӣ ба бозори Сиёб омадем. Комилҷон гуфт, ки дар шафати ҳудуди бозор пиразане, ки шавҳараш дар Ҷанги дуюми ҷаҳон шаҳид шудааст, истиқомат мекунад. Роҳбарони бозор ӯро бо ҳар роҳ аз хонааш пеш карда, ҳавлиашро ба тасарруфи худ дароварда, мағоза сохтанӣ ҳастанд.
Мо назди кампир рафта, шикояташро ба диктафон навиштам ва вайронкориро аксбардорӣ карда, ба утоқи кории директори бозор омадем. Ба ӯ мушкили кампир ва фиреби савдогарҳои бозор ва тарафгирии паттафурӯшонро як-як ошкор сохтем.
– Ба назарам шумо боз мақолаи танқидӣ навиштанӣ ҳастед, – роҳбари бозор бо чашмони бозигар сӯйи ман ва ҳамроҳонам нигарист, – ин коратон нағз не.
Вай тугмачаи паси мизашро пахш карда буд, ки котиба омад. Директор ба гӯши вай пичиррос зад. Дар як нафас нозири ҳуқуқу тартибот дар либоси низомӣ ва ду-се нафар шахсон ҳозир шуданд.
Директор онҳоро ба берун бароварда ким-чиҳо гуфт. Ва боз гашта омада, ба курсӣ нишаст ва тантанавор хабар дод, ки масъалаи мо ҳал мешавад, яъне савдогарҳои ҳанноту фиребгар ҷазо мегиранд ва ба ҳавлии пиразан ҳеч гуна осебе намерасад.
Директор ваъдаҳои болохонадор медоду ёварон наздаш омада пичирросзанон чизеро мефаҳмонданд.
Мо «ҳақ ғалаба мекунад» гӯён ба берун баромада, бо табъи болида сӯйи истгоҳ мерафтем, ки як гурӯҳ занҳо бо доду дашном замину осмонро ба сар бардошта, аз дунболамон омаданд. Дар назди дарвоза ду-се мошини зиреҳпӯш ва ходимони милиса бо таёқҳои резинӣ саф кашида, аз моён чашм намеканданд.
– Комилҷон, тезтар дума хода кардан лозим, – пичиррос задам ман, – ҳозир ягон бало мехезад.
– Аз чӣ метарсед, – бепарво таскин дод вай, – мо чӣ кор кардем?!
Лаҳзае нагузашта занҳо моёнро ба муҳосира гирифтанд. Яке аз онҳо ангушти ишоратиро сӯям бигизкунон бонг зад:
– Ана ҳамин гуфт, ки ҳозир митинг мекунем, шумоён иштирок карда, дар бораи қимат будани нархи наво гап мезанед.
– Ба ман ёд дод, ки норозигӣ эълон кардан лозим, – гуфт дигаре.
– Ман гувоҳ, – боз яке аз онҳо ба давра даромад, – ана ӯ сурат гирифт, – вай сӯйи Комилҷон ишора намуд.
Ҳамин вақт ҳуштаккашон чанд нафар ходимони милиса омада, сӯйи мошини зиреҳпӯш ишора намуданд.
Мо чун асирони итоаткор, вале ҳайрон дар иҳотаи ходимони ҳуқуқу тартибот, ба мошин савор шудем. Милисае, ки ӯро дар утоқи кории директори бозор дида будем, ба шӯришгарон чизеро фаҳмонд ва онҳо бо қадамҳои қатъӣ аз паси мошин то идораи шуъбаи корҳои дохилӣ омаданд.
Мо – «маҳбусон»-ро аз дар дарун карданд ва ҳар се шунидем, ки нозири бозори Сиёб ба савдогарзанҳо супориш медод:
– Шумоён натарсида доду фарёдкунон занед онҳоро, – бо даст сӯйи бинои корҳои дохилӣ ишора менамуд ӯ, – ман ҳамин ҷо. «Хирс мулло мешавад аз зарби чӯб!»
Инчунин ӯ ба як гурӯҳ низомиён фаҳмонд, ки тамошобини бефарқ шаванд.
Занону духтарони савдогар муҳорибаи шадидро оғоз намуданд. Ҷузвдони чарминамро чун сипар истифода бурдам, зеро мушту лагад мисли борон мерехт. Бечора он ду нафар, ки ҷисмонан камқувват буданд, ба фишори беисти нохалафон тоб наоварда рӯйи фарши хона афтиданд.
Ҳамин вақт яке аз занҳо, ки бидуни муболиға мисли фил азимҷусса буд, назди ман омад ва намоишкорона чоки гиребонашро канда, бонг зад:
– Одамҳо, бинед, ана инаш ба ман таҷовуз мекунад! – зани бешарм ними тан урён як давр зада ба ман дарафтод. Он лаҳза муши ба доми гурба афтодаро мемондам. Ҷанҷолу ханҷол чӣ қадар давом кард, дар хотирам нест. Аммо баъди кадоме: «Ҳой, занакҳо, яктааш мурд, дуюмаш нимҷон, кандем», гуфтанд, аз болои Комилҷон ҷаҳида гузашта, ҳама як-як тарки хона карданд. Гапи нозири шинос ба гӯшам расид: «Равед, қанд занед, бозор ба ихтиёри шумо. «Хас каму ҷаҳон пок!».
Гарчанд мадорам хушк, нафасгириам вазнин шуда буд, аз ходимони милиса талаб кардам, ки зуд «ёрии таъҷилӣ»-ро даъват намоянд. Дере нагузашта табибон омада, ба ду нафар ҷабрдида кӯмаки аввал расонда рафтанд. Нафасамонро рост накарда, муфаттишон «ташриф фармуда», моро аз элак гузаронда, ба шуъбаи нигаҳдории муваққатии корҳои дохилии шаҳр бурданд.
Ин «истироҳатгоҳ» барои ман қадрдон буд, ки қаблан низ «меҳмон» шуда, огоҳӣ доштам, ки дар ин ҷо хӯроки бепул, ҷойи хоби ройгон аст ва низомиён шуморо шабу рӯз посбонӣ мекунанд. Ана ба шумо иззату эҳтиром! Шояд ифтихор кунам, ки дертар ҳам бори дигар зиёрати ин маскани «қадрдон» насибам гашта буд.
«Овоз» овозадорам кард
Он айём мудири шуъбаи фарҳанги рӯзномаи «Овози Самарқанд» будам. Бо устод Акбар Усмонов пайваста очерку репортаж, фелетону мақолаҳои публисистӣ менавиштем. Гоҳ-гоҳ навиштаҳоямон дар рӯзномаи «Овози тоҷик» низ рӯйи чопро медид. Муҳаррири рӯзнома Шерпӯлод Вакилов занг зада гуфт, ки теъдоди он хеле коҳиш ёфтааст ва кӯмак лозим. Ман ин мушкилро ба пири матбуот – Акбар Усмонов гуфтам. Он кас шӯхиомез мақоли «агар ба шутур янтоқ лозим бошад, гарданашро дароз кунад»-ро ёдрас намуданд. Дар ҳақиқат, баъди ташрифи муҳаррир ба Самарқанд, масъала ҳалли худро ёфт.
– Аз ҳамин рӯз теъдоди рӯзнома ба 300 нусха афзуд гуфтан гиред, – ваъда доданд Акбарбобо. – Ману шумо то як пиёла чой нӯшидан, масъала ҳал мешавад.
Сипас сӯйи ман нигариста супориш доданд: Ҳозир ба фабрикаи «Оҳалик-Ломан-парранда» рафта, ба шартнома имзо ва мӯҳр гузошта меоед. Муҳлат – як соат.
Хушбахтона, директори корхона Фурқатака ва сармуҳосиб Абдувосеъ илтимосамонро ба замин намонданд. Муҳаррир мамнун, шартномаро гирифта пурсид: «Аз мо чӣ хидмат?»
– Ана ҳамин шогирд қаноти ман, – гуфтанд Акбар Усмонов, – агар ҳамчун мухбир дар вилояти Самарқанд ба кор гиред, мо ҳар ду барои пешрафти рӯзнома – камарбаста!
Ҳарчанд аз ин воқеа бист сол сипарӣ гаштааст, камина ба ҳоли қудрат адои вазифа мекунам. Ва ифтихорам аз он аст, ки ҳар куҷо равам, бо сари баланд мегӯям: «Ман аз «Овози тоҷик!».
Ба ҷойи охирсухан
Рости гап, фаришта нестам, вале ба хотири ҳақиқат, ошкорбаёнӣ, бо «калон»-ҳо борҳо «даст ба гиребон» шудаам.
Дар тули умри сипаригардида лаҳзаҳои ширину талх бисёр буданд, ки ҳамаи онҳо дар як навишта намегунҷанд.
Барои маълумот бояд бигӯем, ки падари панҷ нафар фарзанд – чор писару як духтар, бист набера ва ду абера ҳастам. Хӯроки дӯстдоштаам оши палав.
Меҳмон шавед!
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд,
узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон.