Наврӯз аввали соли шамсӣ, рӯзи нахустини фарвардинмоҳ аст.
Дар асари безаволи шоири бузург Абдулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома» аз хусуси Наврӯз сухан меравад.
Бино ба маълумоти «Шоҳнома» поягузори ин ҷашни бузург шоҳ Ҷамшед аст.
«Наврӯз дар давраи подшоҳии Куруши Кабир низ ҷашн гирифта мешудааст.
Ин ид дар даврони подшоҳии Аштархониҳо, Сосониҳо, Сомониён пуршукӯҳ мегузашт, шоҳон дар рӯзи Наврӯз саҳнаи махсуси идона ташкил мекарданд, машшоқону мутрибону ҳофизон сурудхонӣ, рақсу ғазалхонӣ мекарданд. Мусобиқаҳои варзишии тирандозӣ, найзабозӣ, гӯштингирӣ, аспдавонӣ, бузкашӣ, чавгонбозӣ ва амсоли ин баргузор мешуданд.
Хон кушода, дар рӯйи он ҳафт навъ ғизоро, ки бо ҳарфи «син» ва «шин» оғоз меёбанд, мегузоштанд.
Бачагон бо бодпаракпаронӣ, чормағзбозию ресмонкашӣ ва ғайра машғул мешуданд, духтарон арғунчакпарӣ мекарданд.
Наврӯз ҳафт рӯз давом мекард. Ҳар рӯз номи ба худ хос дошт.
Дар ин вақт табиат бедор шуда, дар дашту саҳро сабзаҳо медаманд, заминро гулҳои гуногуни наврӯзӣ оро медиҳанд. Одамон дар ин рӯз хонаафшонӣ карда, ҳавлиро рӯбучин мекунанд. Либосҳои нав мепӯшанд. Ба дашту саҳро ва кӯҳу дара баромада, хурсандӣ мекунанд.
Хешовандон ба муборакбодии ҳамдигар мераванд. Ногапҳо оштӣ мешаванд, дар ин рӯз аз гуноҳони якдигар мегузаранд, ҳамдигарро авф мекунанд.
Деҳқонон бо кишту кори баҳорӣ машғул мешаванд, боғбонҳо ба шинонидани ниҳолу обод кардани боғи нав шуғл меварзанд.
Чорводорон барои чаронидан чорвои худро ба дашту кӯҳ мебаранд.
Наврӯз давраи ишқварзию меҳру муҳаббат низ ҳаст.
Дар ин рӯз фарзандон ба назди падару модар, хешу табор ва беморон мераванд, ҳолпурсӣ мекунанд.
Хулоса, Наврӯз аз идҳои бузург буда, мазмуну муҳтавои некиву накӯкорӣ бародариву баробарӣ, инсонпарвариву инсондӯстӣ дорад.
Ҳоло он ҷашни байналмилалист, 141 мамлакати ҷаҳон Наврӯзро ҷашн мегиранд, хурсандию хушнудӣ мекунанд, орзую нияти неки худро ба ҳамдигар изҳор ва ирсол медоранд.
Ҳар рузатон Наврӯз бод,
Наврӯзатон пирӯз бод.
Т. Юнусзода,
вилояти Самарқанд.