НАВРӮЗ ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМИИ САРЧАШМА

Ҷашни Наврӯз дар Сарчашма баъзе тафриқаҳо дорад. Азбаски ин деҳа аз ҷиҳати ҷуғрофӣ аз ҳамсоядеҳаҳои худ Ҳисорак,Тамшуш ва Ғелон фарқ мекунад, таҷлили Наврӯз ҳам вобаста ба он тафовут дорад.

Аҳолии ин деҳа урфу одат, анъанаҳои неке доранд, ки аз қаъри асрҳо то ба мо расидаанд. Онҳо суннатҳои аҷдоди худро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ медоранд ва кӯшиш мекунанд, ки онҳоро ба насли оянда ҳамчун мероси гаронбаҳое боқӣ бимонанд. Ҳарчанд солҳои пеш баргузории баъзе маросиму анъанаҳо мамнӯъ буданд, мардум тавонистанд онҳоро ҳифз кунанд. Аз ҷумла, аҳолии Сарчашма номи баъзе анъанаҳои мардумии худро тағйир доданд, вале мазмунро нигоҳ доштанд ва ба ин тартиб мероси аҷдодиро аз нобудшавӣ ҳифз карданд. Чунончи, иди Садаро бо номи «Мазорравӣ» иваз сохтанд. Ҳоло дар деҳа маросимҳои Ҳосил, Ақиқа, Кӯкалгирон, Деги дарвешон ва Оши ҳалим ҳастанд, ки мардум бо камоли майл баргузор менамоянд.

Мӯйсафедони деҳа нақл мекунанд, ки барои гузаронидани маросим ва идҳо ҷойҳои махсус интихоб карда мешуданд. Дар самти ғарбӣ-ҷанубии деҳа, дар поёни боғи ҳозираи Болои Мазор, ки ҷойи хушманзараю хушҳавоест, майдон ва пуштаи васее ҳаст, ки онро Кофартеппа мегӯянд. Дар ин ҷо мардум маросимҳои худро 2 ҳазор сол пеш ҳам мегузаронидаанд. Пас аз тасаллути дини ислом аксарияти ин маросим ва анъанаҳо ҷомаи исломӣ ба бар карда, то ҳол дар байни мардум маъруф ҳастанд. Ин маросимҳо хоси Сарчашма буда, иддае аз онҳо дар деҳоти ҳамсоя гузаронида намешаванд.

Ҷашни Наврӯз дар Сарчашма баъзе тафриқаҳо дорад. Азбаски ин деҳа аз ҷиҳати ҷуғрофӣ аз ҳамсоядеҳаҳои худ Ҳисорак,Тамшуш ва Ғелон фарқ мекунад, таҷлили Наврӯз ҳам вобаста ба он тафовут дорад. Барфи зимистон дар баъзе гӯшаҳои деҳаи Сарчашма то охири моҳи апрел об намешавад ва ҳатто дар моҳи апрел ҳам барф меборад, ки ҷойи шигифтӣ надорад. Аз ҳамин сабаб ҷашни Наврӯз дар деҳаи мо як моҳ давом мекунад. Нахуст маросимҳои «Хонаӯспонӣ», «Ҷуфтбуророн», «Суманакпазӣ», Сустхотун (ин маросим ҳоло гузаронида намешавад) баргузор мегарданд. Маросими «Хонаӯспонӣ» ва «Суманакпазӣ» хоси бонувон аст. Онҳо болои барфи тоза – барфе, ки зимистон борида, сахт шудаасту одам дар болояш бемалол ҳаракат карда метавонад, тамоми кӯрпаву кӯрпача, гилему шолчаҳои манзили зистро бароварда паҳн мекунанд ва афшонда дубора дар офтоб мегузоранд. Инро дар деҳа «афтоб додан» меноманд. Тирезаю дари хонаҳоро кушода, ҳаворо тоза мекунанд ва мешӯянду мерӯбанд.

«Ҷуфтбуророн» ҳам аз маросимҳои оғози Наврӯз буда, ба кору бори деҳқонон алоқамандӣ дорад. Дар деҳа аз замони қадим маросими мазкурро хеле пуртантанаю бошукӯҳ ва  ба тарзи оммавӣ ташкил мекарданд. Мӯйсафедон нақл мекунанд, ки вақти оғози шудгори заминро пирони кордида (ҳисобдонҳо) ва калоншавандагони деҳа таъин мекардаанд. Тибқи анъана онро рӯзи чоршанбе ё ҷумъа ва ё душанбеи охири моҳи феврал ё ибтидои моҳи март сар мекардаанд. Ба маросими «Ҷуфтбуророн» тамоми аҳли деҳа, занону мардон тайёрӣ медиданд. Баъзеҳо қатлама, рӯйсурхак, нону кулчаҳои қаймоқӣ омода менамуданд. Мардҳо меҳмонхонаю масҷидро тоза ва аз аҳли деҳа палосу кӯрпача ҷамъ оварда, дар онҷо паҳн мекарданд. Пас аз ҷамъ шудани аҳолӣ яке аз куҳансолон дуои хайр мекард. Вай одатан мегуфт: «Кушоиши кор, барака дар касбу кор, тани сиҳҳат, хотири ҷамъ, дили беғам ато кун Парвардигоро! Худо ёр, арвоҳ мадаргор бод. Бобои Деҳқон мадад кунад!» Ҳамин тавр маросим оғоз меёфт. Хӯрокҳоро мехӯрданду боқимондаашро тақсим мекарданд, то аз савоби он ҳама баҳраманд шаванд. Пас аз он деҳқонон даст ба дуо бардошта, аз шахси саводнок, одатан муллои деҳа, қироати рисолаи деҳқониро хоҳиш мекарданд. Вақте ки хондани рисола ба охир расид, ҳама: «Ба касбу коратон барака диҳад, Бобои Деҳқон мадад кунад», – гӯён садо баланд мекарданд ва ҳамдигарро табрик мегуфтанд.

Рӯзи дигар деҳқонон барзаговҳоеро, ки тамоми зимистон нигоҳубин карда буданд, бароварда яктоӣ нон мехӯрониданд, ба шохҳои онҳо равғани зағир мемолиданд, то ки «чашми бад» нарасад. Инчунин барои «дафъ кардани қувваҳои нопок» ҳазориспанд дуд мекарданд ва дар гирди барзаговҳо мегардониданд. Одатан барзаговҳо, ки тамоми зимистон парвариш ёфта буданд, дар рӯзи аввал камтар кор фармуда мешуданд.

Яке аз маросимҳои ба фасли баҳор ва ҷашни Наврӯз таалуқдоштаи деҳа суманакпазӣ мебошад. Ташкилдиҳандагони ин маросим занонанд. Аҳли Сарчашма суманакро ба тарзи зерин тайёр мекунанд: дар зарфҳои ҳамвор гандум сабзонда мешавад, бо ёрии ҳамсоязанҳо ва хешу табор гандуми сабзидаро дар зарфи махсус мекӯбанд ё аз дастгоҳи гӯштқимакунӣ мегузаронанд ва шарбати онро ҷудо месозанд. Суманакро рӯзи чоршанбе мепазанд. Дар вақти ба дег андохтани шираи гандум яке аз занони куҳансолу муътабари деҳа шамъ афрӯхта «Арвоҳи Момоҳавою Одамато мададгор шаванд, дасти ман не, дасти Бибифотимаю Бибизӯҳро, Худо муродталабҳода мурод тияд, пирода имон тияд, сафарҳо бехатар шава, замоно тинҷ шава» – гӯён дуо мекунад. Ҳама баробар даст ба рӯй мекашанд. Пас аз пухтани суманак як қисми онро ба ҳамсоя ва хешу табор медиҳанд, қисми боқимондаашро дар давоми сол худашон истеъмол мекунанд. Тайёр кардани суманак савоб ҳисобида мешавад. Суманакпазии аҳли Сарчашма низ аз дигар деҳаҳо фарқ мекунад. Зеро суманаке, ки дар деҳаи Сарчашма омода мегардад, дар давоми як сол ва ҳатто зиёдтар аз он сифати худро тағйир намедиҳад ва онро мардум бо камоли майл истеъмол мекунанд. Мувофиқи ақидаи мардум дар маросими суманакпазӣ ғамгин будан нашояд. Гуё дар вақти суманакпазӣ, агар инсон ғамгин бошад, сӣ малоика ин ҳолатро ба ҳисоб мегирифтаанд ва он шахс то мавсими суманакпазии дигар рӯйи шодиро намедидааст. Дар оилаҳое, ки касе аз наздикон вафот карда бошад, тӯли як сол суманак тайёр карда намешавад. Зеро ин маросими хурсандист. Маросими дигар «Сустхотун» мебошад, ки ҳоло танҳо дар хотираҳои куҳансолон боқӣ мондааст. Ин маросим одатан солҳои камбориш ва сербориш гузаронида мешуд.

Иди Наврӯз дар деҳаи Сарчашма то солҳои 30-юми асри ХХ гузаронида мешуд. Баъд фақат номи Наврӯзро медонистему дар амал не. Он пас аз  нимаи дуюми солҳои 80-ум шукуҳи нав пайдо кард. Дар Сарчашма Теппаи Калон ном мавзее ҳаст, ки гӯё табиат барои гузаронидани ҳамин гуна чорабиниҳо офарида бошад. Ҳоло Наврӯз дар ҳамин ҷой баргузор мегардад. Ҷашн бо иштироки аҳолӣ гузаронида мешавад, дар он дастаи ҳаваскорони деҳа бо барномаи консертӣ иштирок мекунад. Мусобақаҳои варзишии шашка, шоҳмот, ресмонкашӣ, сангбардорӣ низ дар байни ҷавонон ташкил карда мешаванд. Ҳалим ва палав омода мекунанд.

Наврӯз дар мактаби деҳа бо ҳашамати хос ҷашн гирифта мешавад. Дар асоси дастури махсус намоиши озмунҳои беҳтарин рӯзномаи деворӣ, расми беҳтарин гузаронида мешавад ва ғолибон то рӯзи баргузории иди Наврӯз муайян мегарданд. Рӯзи ҷашн намоиши дастархони наврӯзӣ бо ороиши «ҳафт син» ва «ҳафт шин», суолу ҷавоб аз саволнома оид ба Наврӯз, суруди беҳтарин, бозиҳои варзишӣ  гузаронида шуда, синф ва хонандагони ғолиб бо «Ифтихорнома» ва дигар мукофоти хотирмон сарфароз гардонда мешаванд.

Баҳром Чоршанбиев,

собиқ омӯзгори мактаби рақами 57-уми ноҳияи Шаҳрисабз.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: