Наврӯз қадимтарин ҷашн аст, ки то ҳол онро миллионҳо нафар дар ҷаҳон таҷлил мекунанд. Фарорасии соли нав ва фасли баҳор на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар Ховари Миёна, Қафқоз, Балкан ва ҳатто дар Россия ва Хитой ҷашн гирифта мешавад.
Ин ҷашни бузург рамзи ҳамбастагии инсон бо табиат буда, онро дар рӯҳияи дӯстӣ, сулҳ ва оромӣ ҷашн мегиранд. Аз соли 2009 Наврӯз ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО шомил шуда, аз соли 2010 иди байналмилалӣ эълон гардид.
Мо хусусиятҳои ҷолиби ҷашни Наврӯзро, ки барои кишварҳои гуногун хосанд, ҷамъ овардем.
ТОҶИКИСТОН
Дар ин мамлакат ин рӯзи эҳтиром ва омурзиши гуноҳҳо, одамон ҳама ғаму ғуссаро фаромӯш, аз фарорасии баҳор ва бедории табиат шодӣ мекунанд. Дар ин давра корҳои кишоварзӣ оғоз меёбанд.
Дар ҳама ҷо чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванд, масалан, гӯштии миллӣ ва бозиҳои бузкашӣ. Мардум дастархони пурнозу неъмат меороянд ва хӯроки асосӣ, суманак мепазанд. Инчунин муҳим аст, ки ҳафт хӯрок бо ҳарфи «син» дар мизи идона ҳузур дошта бошанд. Ҳамаи онҳо рамзҳои махсус доранд.
ҚАЗОҚИСТОН
Дар Қазоқистон ин ид Наурыз ном дорад. Қазоқҳо инчунин боварӣ доранд, ки шумо ҳар қадар идро саховатмандона ҷашн гиред, ҳамон сол ҳамон қадар муваффақ шуда, фаровонӣ мегардад. Мисли дигар кишварҳо, тозакунӣ аҳамияти калон дорад. Дар арафаи ид пирамарди ришдори сафед Қыдырата сайругашт мекунад, ки ӯ ҳатман саъйи одамонро мебинад.
Хӯроки асосии ҷашн дар Қазоқистон Наурыз коже аст. Шарти асосии тайёр кардани он мавҷудияти ҳафт ҷузъ аст: гӯшт, об, ғалла, равған, намак, орд ва шир. Рақами ҳафт чун анъана дар таҷлили Наврӯз нақши муҳим мебозад ва қазоқҳо инро фаромӯш намекунанд. Боздид аз ҳафт хона ва даъват кардани ҳамон миқдор одамонро фоли нек мешуморанд.
ҚИРҒИЗИСТОН
Дар Ноорузи Қирғизистон сумолок аз гандуми сабзида, орд, ширинӣ ва чормағз омода мешавад. Компонентҳоро дар деги калон омехта мекунанд ва сангҳои хурдро ба поён мепартоянд, то ки сӯзондани табақ пешгирӣ карда шавад. Пас аз пухтупаз, онҳо бароварда мешаванд ва агар касе сангро ёфт ният мекунад.
Инчунин, дар Қирғизистон боварӣ доранд, ки агар дар рӯзи ид барф борад, ин нишонаи хуб аст. Ранги сафед умуман нақши махсус дорад. Ҳатто зебоиҳои қирғизро ба барфи сафед дар Нооруз муқоиса мекунанд ва рӯйи мизҳо рӯйпӯшҳои сафед мегузоранд.
ТУРКМАНИСТОН
Дар Туркманистон идро Наврӯз меноманд ва хӯроки асосии он семени мебошад. Бузургтарин ҷашнро дар водии доманакӯҳи Ахала мегузаронанд, ки дар он намоишгоҳҳо, лаҳвҳои миллӣ ва тантанаҳо баргузор мешаванд.
Намоишгоҳи қолинҳои миллӣ, ки дар он шумо шоҳкориҳои воқеии қолинбофии муосирро мебинед, ҷои махсусро ишғол мекунад.
Ва шом онҳо оташ меафрӯзанд, ки дар он ҳама мушкилот ва нохушиҳо месӯзанд.
Таҳияи ФАРАҲМАНД.