Наврӯз аз куҳантарин ҷашн ва оинҳоест, ки то ба рӯзгори мо бо фарру шукӯҳи зиёди худ барҷо монда, ҳар сол бо шодмонӣ ва тантанаҳои афзун пешвоз гирифта мешавад.
Сокинони кишвари азизамон Наврӯзи ҷаҳонафрӯзро дар фазои осудаву ороми сиёсӣ бо шукӯҳи бузург ҷашн мегиранд. Бо шарофати истиқлол он домани густурда пайдо карду ба тамоми олам роҳ ёфт ва ба як ҷашни бузурги байналмилалӣ табдил гардид. Қарори Шӯрои 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 26 феврали соли 2010 дар бораи дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил намудани Наврӯз бояд мояи ифтихори ҳар яки мо бошад. Ангуштшуморанд чорабиниҳое, ки ба як ё чанд халқу миллат мансубанду баъдан ба доираи васеъ роҳ ёфта, ба ифодаи дигар байналмилалӣ шудаанд. 15 сол аст, ки аксари кишварҳои олам пайи татбиқсозии қарори Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид бо ҳусни таваҷҷуҳи зиёде Наврӯзро таҷлил менамоянд.
Бобати таърихи пайдоиш ва моҳияти суннатҳои наврӯзӣ Берунию Фирдавсӣ, Хайёму Манучеҳрӣ ва дигар бузургон осори зиёде ба мерос гузоштаанд. Ва имрӯз шоиреро пайдо кардан мушкил аст, ки ба Наврӯз шеъре нагуфта бошад. Эҷодиёти шифоҳии мардум низ истисно нест. Дар Ӯзбекистони соҳибистиқлол ба ҷашнгирии Наврӯз имконоти боз ҳам бештаре муҳайёст, то онро бошукӯҳ пешвоз бигирем.
Чанде пеш маҷаллаи «Ошно» (чопи Эрон, шумораи чаҳорум, соли 1371, 1992-юми милодӣ)-ро мутолиа намудам. Ин ҷо мухтасари «Наврӯзнома»-и Хайём ва маводи зиёде аз Беруниву Фирдавсӣ, Дақиқиву Манучеҳрӣ ва дигарон оид ба Наврӯз нашр шудаанд. Тасмим гирифтем, ки бо такя ба маводи он таърихи пайдоиш ва омилҳои гиромидошти Наврӯзро ба хонанда пешкаш намоем.
Дар гузаштаи дур Наврӯзро дар ду бахш мегузарониданд: Наврӯзи ҳамагонӣ ва Наврӯзи хоса.
Наврӯзи ҳамагонӣ, ки бо номҳои Наврӯзи хурд ё Наврӯзи сағир машҳур аст, маҳз ҳамин ҷашнест, ки мо имрӯз пазиро мешавем. Ба қавли Абурайҳон Берунӣ Наврӯз «нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав ном карданд, зеро ки пешонии соли нав аст. Ва он чӣ аз паси ӯст аз ин панҷ рӯз ҳама ҷашнҳост.»
Нахуст рӯзи фарвардинмоҳ мутобиқ аст ба лаҳзаи расидани хуршед ба нуқтаи аввали бурҷи ҳамал ва оғози баҳор. Оммаи мардум танҳо панҷ рӯзи аввали фаровардинмоҳро ҷашн мегирифтанд. Ҷашнгирии Наврӯз одатан берун аз хонаҳо дар оғӯши табиат, дар ҷойҳои кушод баргузор мегардид.
Наврӯзи хос – Наврӯзи бузург низ гӯянд, аз рӯзи шашуми фарвардин, яъне аз хурдодрӯз оғоз мешавад, ки бисёр муқаддас буд. Ҳамчунин ин ҷашн миёни суғдиён ва хоразимиён барпо мегашт ва аз миёни расм (одат, оин)-и порсиён, ки дар ин маврид дар Бухоро ривоҷ дорад, он аст, ки ҳалқаҳои гул ва барг бар сари сутунҳо, ки айвони хонаҳо бар он ниҳода шудааст, мегузоранд.
Дар ин рӯз мардум ба якдигар об мепошиданд, муътақид буданд, ки чун Ҷамшед ба ҳукмронӣ расид, борони фаровон борид ва мардум онро ба фоли нек гирифтанд.
Пайдоиши Наврӯзро ба Ҷамшед нисбат медиҳанд. Донишвари бузург ва рубоисарои беназир Умари Хайём оид ба пайдоиши Наврӯз дар «Наврӯзнома» овардааст: «Сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр буда, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз ва рабъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи ҳамал боз ояд. Ба ҳамон вақт ва рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан. Чӣ ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад ва чун Ҷамшед он рӯз дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашни ин оин овард. Пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд.»
Фирдавсӣ чигунагии ҷашн ва оини наврӯзиро аз ҷониби Ҷамшед ба риштаи назм овардааст:
Ба фарри каёнӣ, яке тахт сохт,
Чи поя бад-ӯ гавҳар андар нишохт.
Ки чун хостӣ, дев бардоштӣ,
Зи ҳомун ба гардун барафроштӣ.
Чу хуршеди тобон миёни ҳаво,
Нишаста бар ӯ шоҳи фармонраво.
Ҷаҳон анҷуман шуд, бар он тахти ӯ,
Шигифте фурӯ монд аз бахти ӯ.
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро – рӯзи нав хонданд.
Суоле пеш ояд, чаро Наврӯзи Аҷамро ба ин ҳашамату бузургӣ гиромӣ дорем? Ба ин суол низ аз осори бузургон посух мегирем:
1. Наврӯз рӯзи оғози офариниш аст. Абурайҳон Берунӣ менависад: «Эътиқоди порсиён андар Наврӯз нахустин он аст, ки аввали рӯзист.Он замон ва бад-ӯ фалак оғозид. Гӯянд, ки дар ин рӯз Худои таъоло оламро офарид ва ҳам ҳафт кавкаб дар авҷи тадвир (чархзанӣ) буд ва дар ин рӯз ҳукм шуд, ҳама ба сайру давр дароянд», яъне дар ин рӯз олами ҳастӣ офарида шуд.
2. Наврӯз рӯзи пайдоиши одам аст. Ривоят мекунанд, ки дар моҳи фарвардин рӯзи хурдод Аҳуро (Аҳурамаздо – худои зардуштиён – Ӯ.Р.) ҷон ба ҷаҳониён додааст. Одам рӯзи Наврӯз офарида шудааст. Ба ақидаи эронинажодони қадим Каюмарс (дар баъзе манобеъ Гаюмарс) нахустин инсон аст, ки дар аввали моҳи ҳамал ба олами ҳастӣ омад. Тибқи таълимоти зардуштиён Каюмарс аввалин мавҷуди башарӣ буда, аз гил офарида шудааст. Ва ӯро Гилшоҳ мегуфтанд, зеро подшоҳи аввалин аз гил буд. Фирдавсии суханофар низ зуҳури Каюмарсро ба Наврӯз пайванд медонад:
Чунин гуфт, к-оини тахту кулоҳ,
Каюмарс оварду ӯ буд шоҳ.
Чу омад ба бурҷи ҳамал Офтоб,
Ҳамон гашт бар фарру оину об.
Битобид з-он сон зи бурҷи бара,
Ки гетӣ ҷавон гашт бар яксара.
3. Наврӯз рӯзи падид омадани равшанӣ аст. Масъудӣ менависад: «Ҷам нахустин шоҳе буд, ки оини оташро барқарор кард ва ба мардум гуфт, ки оташ шабеҳи нури хуршед ва ситорагон аст. Маънои вожаи «ҷам»-ро чун рӯшноӣ ва «шид»-ро дурахшон эзоҳ додаанд. Дар осори Берунӣ мехонем: «Ҷам бар тахти заррин нишаст ва чун нури хуршед ба ӯ афтод, мардумон ӯро диданд ва таҳсин карданд. Шодмон шуданд ва он рӯзро ид гирифтанд. «Ҷам дар он рӯз ҳамчун хуршед зоҳир шуд ва нур аз ӯ метофт, ба тавре ки монанди хуршед медурахшид. Мардум аз баромадани ду хуршед дар шигифт шуданд. Ҳама дарахтони хушкида сабз гаштанд, он гоҳ мардум гуфтанд: «Рӯзи нав». Ба ин маънӣ Наврӯз ҷашни баҳорӣ ва таҷдиди ҳаёти табиист.
4. Наврӯз рӯзи вусъат ёфтани Замин аст. Абурайҳони Берунӣ таъкид доштааст: «шумори мардумон дар замин афзун шуда буд, ончунон ки ҷо барои онон танг шуд. Пас Худо се бор заминро аз он чӣ буд, густурдатар кард.»
5. Наврӯз рӯзи таҷдиди оини яздонпарастон ва муншаҳои яктопарастӣ буд. Аз ин ҷиҳат бузургтарин ҷашни эзидӣ шумурда мешавад, яъне ҷашни худопарастӣ, эътиқод ба худои ягона. Дар осори Берунӣ мехонем: «Ин ҷашн ба ёдбуди рӯзе барпо гашт, ки Ҷамшед ба таҳкими дини маздоӣ пардохт. Динро таҷдид кард ва ин кор дар Наврӯз анҷом шуд».
6. Наврӯз рӯзи шодист.
Табарӣ навиштааст: «Ҷамшед дар Наврӯз ба мардум фармон дод, то ба истироҳату хурсандӣ бипардозанд ва бо мусиқӣ ва май шодмонӣ кунанд». Дар ҷашни наврӯзӣ дасторхони идона густурда мешуд ва имрӯз низ густурда мешавад, ки бо ҳафт намуд хӯрока ороста мегардид ва мегардад. Бештар хӯрокиҳое омода мешуданд, аз биринҷу мош ва сабзаҳои гуногун буданд. Хурсандиовар аст, ин анъанаҳо то ба рӯзгори мо ба пуррагӣ барпо монда, дар вазъи кунунии Ӯзбекистони соҳибистиқлол боз ҳам таровату тобишҳои наве пайдо намудаанд. Ҷашни наврӯзӣ дар кишвари мо ҷашни шодиву хуррамист.
Ин ҳама эҳсосоти наврӯзиро Умари Хайём дар «Наврӯзнома» хеле хуб инъикос кардааст: «Ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузорад».
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».