НАФАСИ НАВРӮЗ БА ВОҲАИ СУРХОН ҲАМ РАСИД

Наврӯз ҷашни зебо ва бостонист, ки бо фаро расидани баҳори нав ва эҳёи табиат таҷлил карда мешавад. Ин ҷашн рамзи покизагӣ, навсозӣ ва сарчашмаи умед ба ояндаи нек мебошад.

Наврӯз таърихи қадимӣ дорад ва тӯли асрҳои зиёд дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон таҷлил мегардад. Шоҳи афсонавии Эрон – Ҷамшед бунёдгузори Наврӯз дониста мешавад, ки тибқи ривоятҳо, дар ин рӯз ба тахт нишаст. Аз ин рӯ, онро «Наврӯзи Ҷамшедӣ» низ меноманд. Бо гузашти асрҳо, Наврӯз на танҳо ҳамчун ҷашни миллии тоҷикон боқӣ монд, балки ба як ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт. Соли 2010 Созмони Милали Муттаҳид Наврӯзро ҷашни ҷаҳонӣ эътироф кард. Дар Ӯзбекистон ва дигар кишварҳое, ки Наврӯз ҷашн гирифта мешавад, мардум пеш аз фарорасии он хонаҳоро тоза карда, дастархонҳои идона меороянд, либосҳои нав мепӯшанд. Яке аз муҳимтарин рамзҳои Наврӯз «ҳафт син» ва «ҳафт шин» мебошад, ки ҳар кадом маънои махсус доранд. Дар ин рӯз таомҳои анъанавӣ, аз ҷумла суманак, ширбиринҷ, оши бурида ва дигар хӯрокҳои лазиз омода карда мешаванд. Бозиҳои миллии Наврӯзӣ, аз қабили гӯштӣ, бузкашӣ, аспдавонӣ ва пойга ба ҷашн шукӯҳи хос мебахшанд.

Наврӯз моро ба ваҳдат, дӯстӣ ва ҳамдилӣ даъват мекунад. Ин ҷашн на танҳо оғози соли нави шамсӣ, балки рамзи ҳамгироии инсоният бо табиат ва арҷгузорӣ ба фарҳангҳои бостонӣ мебошад. Бигзор Наврӯзи оламафрӯз ба хонадонҳои шумо нуру баракат оварад! Шоир Ҷаъфари Муҳаммад мегӯяд:

Эй ёри баҳоройин, Наврӯз муборак бод!

Парвардаи фарвардин, Наврӯз муборак бод!

Зулбибӣ  Искандарова,

донишҷӯйи соли 3-юми Донишгоҳи давлатии Тирмиз.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: