Соли гузашта ба шаҳри Самарқанд миллионҳо нафар сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ ташриф фармуданд, ки дар хатсайри онҳо расадхонаи Мирзо Улуғбек низ ҷой дорад.
Олими бузурги маърифатпарвари рус, соҳиби дониши қомусӣ, асосгузор ва нахустин директори осорхонаи Самарқанд Василий Вятикан (30.08.1869 – 26.06.1932) барои дарёфти ёдгориҳои таърихӣ, хосатан расадхонаи Мирзо Улуғбек хидмати шоиста кардааст. Вай соли 1914 дар натиҷаи ҷустуҷӯйҳо ҷойи расадхонаро муайян намуд.
Муҳаммад Тарағай – Мирзо Улуғбек соли 1409 баъди ҳокими Самарқанд эълон шудан дар майдони Регистон мадраса ва сипас дар Куҳак ном теппаи назди наҳри Обираҳмат расадхонаи машҳури худро бунёд кард. Дар он айём расадхона дар шакли устувона (силиндр) аз се қабат иборат буд, 47 метр баландӣ ва 42,2 метр бар ва зинаҳои камоншакл дошт. Шогирдони олим дар инҷо мушоҳида ва тадқиқоти астрономӣ ва геофизикӣ мебурданд.
Тарбеъ, устурлоб асоситарин асбобҳои ин расадхона буданд. Дар асоси расадхонаи мазкур мактаби илмию тадқиқотии Самарқанд барпо гардид. Дар асари безаволи Мирзо Улуғбек «Зичи Курагонӣ», ки ба забони тоҷикӣ-форсӣ навишта шудааст, ин санадҳо мавҷуданд.
Дар расадхона алломаҳои бузург Қозизодаи Румӣ, Ғиёсуддини Кошонӣ, Алии Қӯшчӣ ва дигарон бо корҳои илмӣ машғул ва ба муваффақиятҳои назаррас соҳиб гардидаанд. Бино ба маълумоти бостоншиносон расадхонаро толори васеъ, ҳуҷраҳои хурду калон ва деворҳо бо тахтасангҳои кошонӣ зебу зиннат дода буданд. Олимону мутахассисони соҳа дар ҳамон замон ҳаракати Офтобу Моҳ, ситораву сайёраҳоро тадқиқ карда, барои ривоҷу равнақи илми нуҷум саҳми арзанда гузоштаанд, ки то ҳол аҳамияти худро гум накардааст.
Афсӯс, ки ҳоло фақат қисми дар зери замин маҳфузмондаи он вуҷуд дорад.
Боиси хушнудист, ки соли 1994 дар маркази фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид, ки дар шаҳри Париж қарор дорад, 600-солагии Мирзо Улуғбек мутантан ҷашн гирифта шуд. Дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд анҷумани бошукӯҳи байналхалқии илмию амалӣ баргузор гардид.
Бо ташаббуси сарвари давлат солҳои охир расадхона ба зиёратгоҳи машҳури Самарқанд табдил ёфт. Ҳар касе, ки ба Куҳак ояд, нигоҳаш ба муҷассамаи алломаи бузурги Шарқ Мирзо Улуғбек меафтад.
Дар расадхона беш аз 10 нафар роҳбалад ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, испанӣ, фаронсавӣ, хитоӣ, ӯзбекӣ ва ғайра ба сайёҳон доир ба ин меъморӣ ва асосгузори он Мирзо Улуғбек маълумот медиҳанд. Яке аз онҳо донишманду соҳибмаълумот Икромиддин Сироҷиддинов мебошад, ки беш аз 30 соли умри худро ба омӯзишу ҷустуҷӯйи ҳаёт ва фаъолияти Мирзо Улуғбек бахшидааст.
– Доир ба арбоби давлатӣ, мутафаккири замони хеш, машъалафрӯзи илму фарҳанг Мирзо Улуғбек ва таърихи расадхонаи ӯ бисёр асарҳои ҳам илмӣ ва ҳам бадеӣ интишор ёфтаанд, вале ҳанӯз он ба дараҷаи кофӣ нест, – мегӯяд Сироҷиддинов, – зеро кору зиндагиномаи ӯ уқёнуси бетаҳу охир аст.
Масалан, дар бораи марги фоҷиаангези вай тахмину гумонҳои гуногун мавҷуданд. Яке аз онҳо аз ҷониби писараш кушта шудани Мирзо Улуғбек аст. Шахсан ман дар асоси байти Абӯшакури Балхӣ:
Ду чашмат ба фарзанд равшан
бувад,
Агарчанд фарзанд душман бувад.
Зи пеши писар марг хоҳад падар,
Ту душман шунида зи ҷон дӯсттар?!
солҳои тӯлонӣ тадқиқот бурда, бо далелу санадҳо собит намудам, ки Абдулатиф падаркуш нест.
Боз як масъалаи дигар ин фитна барангехтан дар байни Мирзо Улуғбек ва яке аз пешвоёни тариқати Нақшбандия Хоҷа Аҳрори Валӣ аст. Нависанда Одил Ёқубов ана ҳамин гапҳои бидуни асосро дар китоби «Хазинаи Улуғбек» бо хаёлоти бадеӣ овардааст. Агар хотирам фиреб надиҳад, шумо ҳамчун сокини маҳаллаи Хоҷа Аҳрори Валӣ ба он эътироз карда будед.
– Оре, баъдан нависанда, аз мухлисони каломи бадеъ ҳатто узр пурсид.
– Бояд таъкид намуд, шояд дар замони ҳукмронии Мирзо Улуғбек баробарҳуқуқии занону духтарон бо мардон вуҷуд доштааст. Инро аз расмҳои минётурии мусаввир Камолиддин Беҳзод ва шогирдони ӯ метавон дарк кард. Дар пештоқи мадрасаи Мирзо Улуғбек дар майдони Регистон ҳадиси «Муслим ва муслимаҳо аз гаҳвора то гӯр бояд илму дониш гиранд», сабт шудааст. Дар минётураҳо лаҳзаҳои дар як ҳуҷра таҳсил гирифтани писаракону духтаракон низ акс ёфтаанд.
Дар осорхонаи мо асбобҳои мусиқие гузошта шудаанд, ки Мирзо Улуғбек онҳоро менавохт, гӯш мекард ва ҳатто асарҳои мусиқӣ менавишт.
Кош онҳо ҳаёт ва фаъолияти Мирзо Улуғбек барин шахсони маърифатпарвар ва равшанфикронро меомӯхтанд, эҳтимол ҷаҳонбиниашон тағйир меёфт.
Албатта, дар як гузориши хурд дар бораи расадхона ва осорхонаи Мирзо Улуғбек имконияти батафсил маълумот додан нест, аз ин рӯ мо навиштаи худро бо ҳикмати «Шунидан кай бувад, монанди дидан» ҷамъбаст мекунем.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.