Мақсади асосии бахши бухороии Маркази ҷумҳуриявии офият ва мутобиқсозии бонувони назди Агентии миллии ҳимояи иҷтимоӣ аз таъмин намудани иҷтимоишавӣ, ташкил кардани хидматрасонии иҷтимоӣ, психологӣ, ҳуқуқӣ ва хидматҳои дигар ба занону духтароне иборат аст, ки аз тазъиқ ва зӯроварӣ ҷабр дидаанд, ба ҷони худ қасд кардаанд ё ки ба қасдкунӣ моиланд.
Барои шиносоӣ бо фаъолияти Маркази ҳудудии офият ва мутобиқсозии бонувони вилоят ба роҳбари он Нозигул Раҳимова муроҷиат кардем. Директор хабар дод, ки сохтмони бинои нави марказ дар арафаи анҷомёбист. Аз сабаби барои санҷиш омадани намояндагони идораҳои дахлдор Нозигул Икромовна хеле серкор буд. Ӯ дар ин ҷо танҳо як моҳ пеш раҳбар таъин шудааст. Ба мо лозим омад, ки то фурсат пайдо кардани ӯ бо кормандони пуртаҷрибаи марказ Нафиса Қодирова ва Дурдона Раҳимова суҳбат кунем.
Мақсади асосии бахши бухороии Маркази ҷумҳуриявии офият ва мутобиқсозии бонувони назди Агентии миллии ҳимояи иҷтимоӣ аз таъмин намудани иҷтимоишавӣ, ташкил кардани хидматрасонии иҷтимоӣ, психологӣ, ҳуқуқӣ ва хидматҳои дигар ба занону духтароне иборат аст, ки аз тазъиқ ва зӯроварӣ ҷабр дидаанд, ба ҷони худ қасд кардаанд ё ки ба қасдкунӣ моиланд.
Ин марказ вазифадор шудааст, ки ба занону духтарон ва фарзандони ноболиғи онҳо ба тарзи ниҳонӣ хидматҳои иҷтимоӣ, психологӣ, ҳуқуқӣ расонад, инчунин ташкили хидматҳои тиббӣ, педагогӣ ва ғайраро ба роҳ монад, барои таъминсозии кафолатҳои ҳуқуқии занону духтарон ва фарзандони ноболиғи онҳо кумак расонад, бобати аз ҷониби органҳои давлатӣ, институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ омӯхтани ҳолатҳои ба ҷони худ қасдкунии занону духтарон, пешгирӣ намудани чунин ҳолатҳо, инчунин ба ҳаёти меъёрӣ баргардондани онҳо ёрӣ диҳад. Ғайр аз ин омӯхтан, таҳлил ва ҷамъбаст намудани вазъиятҳои муноқишавӣ, хулқу атворе, ки боиси сар задани зӯроварӣ ва майли худкушӣ мешаванд, баҳри аз байн бардоштани онҳо таҳия намудани таклифҳо, гузаронидани тадбирҳои профилактикӣ бо занон ва духтароне, ки аз тазъиқ ва зӯроварӣ ҷабр дидаанд, ба ҷони худ қасд кардаанд ва ё ба худкушӣ моиланд, низ кори марказ аст.
Ба касбу ҳунаромӯзӣ равона кардани занону духтароне, ки шароити мураккаби иҷтимоӣ доранд, аз ҷумла ба онҳое, ки ба муаммоҳои оилавӣ, тазъиқу зӯрӣ дучор шудаанд, кумак расондан, бо мақсади муайян кардани муаммоҳои ҷиддии иҷтимоӣ омӯхтани фикри ҷамоат ва созмон додани тадқиқоти иҷтимоӣ, ба амал баровардани тарғиботу ташвиқот бобати пешгирӣ кардани тазъиқ ва зӯроварӣ, боло бардоштани маданияти ҳуқуқии занону духтарон, бо ин мақсад истифода аз воситаҳои ахбори оммавӣ ва шабакаҳои интернетӣ ҳам аз ҷумлаи вазифаҳои марказ мебошад.
– Тартиби ба марказҳои ҳудудии офият ва мутобиқсозии бонувон ҷалб кардани бонувони ба тазъиқ ва зӯроварӣ гирифторшуда чӣ гуна сурат мегирад?
– Бинобар қарори Президент аз 10 майи соли 2024 «Дар бораи чораю тадбирҳои иловагӣ оид ба такмил додани хидматрасонии иҷтимоӣ ба шахсони аз тазъиқ ва зӯроварӣ ҷабрдида» ин ҷараён ба тарзи зерин амалӣ мегардад: ҳолати тазъиқ ва зӯроварӣ ба занону духтарон дар асоси муроҷиатҳое, ки аз тариқи телефони рақами «102»-и қисми навбатдории мақомоти корҳои дохилӣ расидааст, аз ҷониби кормандони идораи корҳои дохилӣ ба қайд гирифта мешавад.
Аз замоне, ки ҳолати тазъиқу зӯроварӣ ё хавфи сарзании он муайян мегардад, дар давоми 24 соат бояд ин амалҳо иҷро шаванд, бо иштироки фаъоли занону духтарон ва инспектори профилактикаи маҳалла бо шахси содиркардаи тазъиқ ва зӯроварӣ суҳбат гузаронда мешавад, аз ҷониби инспектори профилактика ордери ҳимоя таҳия меёбад, занон ё духтарони аз тазъиқу зӯроварӣ ҷабрдида ва фарзандони онҳо дар шуъбаҳои қабули таъҷилии беморхонаҳои марказии ноҳия (шаҳр) нигоҳ дошта мешаванд, ордерҳои ҳимояи таҳияёфта ва маълумот оид ба шахсони ҷабрдида ба марказҳои «Инсон» тавассути низоми ахбори «Ҳифзи ягонаи иҷтимоии миллӣ» бо тартиботи вақти реалӣ фиристода мешавад.
Занону духтароне, ки ба тазъиқ ва зӯроварӣ гирифтор шудаанд, ба ҷони худ қасд кардаанд, ё ки хавфи худкушӣ доранд, инчунин фарзандони ноболиғи онҳо бо мақсади беҳтарсозии ҳолати ҷисмонию рӯҳиашон дар палатаҳои кумакрасони махсуси шуъбаи қабули таъҷилӣ дар муддати се шабонарӯз нигоҳ дошта мешаванд, ба онҳо ёрии аввалини тиббӣ – рӯҳӣ, психотерапевтӣ расонида, ҳолаташон оид ба бемориҳои сирояткунанда бо усули таҳлилҳои лабораторӣ санҷида мешавад. Эшон баъди се рӯзи муолиҷа дар шуъбаҳои қабули таъҷилӣ мувофиқи хулосаи духтури шуъба ва ордери иҷтимоӣ дар марказҳои ҳудудӣ ҷойгир карда мешаванд. Марказҳои ҳудудӣ то 6 моҳ барои занону духтарони ҷабрдида ва фарзандони ноболиғи онҳо чун сарпаноҳи муваққатӣ хидмат мекунанд.
– Ҳоло дар маркази ҳудудии офият ва мутобиқсозии бонувони вилоят шароит ва вазъи корҳо чӣ гуна аст?
– Тавре ки таъкид шуд, мо ҳоло дар ин бино муваққатан иҷоранишинем, – гуфт директор. – Мо, кормандони маркази ҳудудӣ, ҳафт нафарем. Автомобили хидматии «Дамас» дорем. Маркази мо дар як вақт то 20 нафар занону духтарони ҷабрдидаро бо кӯдакони ноболиғашон ба бар гирифта метавонад. Ҳоло дар ин ҷо 6 нафар бонувон бо 7 нафар фарзандонашон ҷойгир шудаанд. Хонаҳо бо телевизор, кондитсионер, душ ва ҷиҳозҳои зарурӣ таъминанд, китобхона амал мекунад. Дар марказ хидмати ҶММ «Аутсортинг» ба роҳ монда шуда, бонувон ва фарзандони онҳо се маҳал бо хӯроки гарм таъмин мегарданд. Ҳамаи хароҷот аз ҳисоби давлат аст. Фарзандони бонувони ин ҷо мувофиқи синну солашон ба мактаби рақами 29-уми шаҳр ва муассисаи таълими томактабӣ ҷалб шудаанд. Ба онҳо автомобили хидматӣ хидмат мерасонад. Бонувони хоҳишмандро бо кор таъмин месозем. Марказ аз ҷониби хидматчиёни «Гвардияи миллӣ» шабу рӯз посбонӣ карда мешавад.
– Баъди ба марказ омадан ҳаёти минбаъдаи бонувон чӣ мешавад?
– Баъзеи онҳо баъди як моҳи ин ҷо омадан, баъзеи дигар дертар бо оилаи худ муросо намуда, ба ҳаёти муқаррарӣ бармегарданд. Ин ҳолат дар аксарият, тақрибан 90 фоизи бонувон рух медиҳад. Заноне низ ҳастанд, ки баъди дар шаҳр пайдо кардани ҷойи кор ин ҷо мондаанд. Баъди аз маркази ҳудудӣ рафтани бонувони ҷабрдида рӯзгори онҳо аз ҷониби мутасаддиёни дахлор (маҳалла, маркази иҷтимоии «Инсон»...) назорат карда мешавад.
Азбаски марказ ҷойи пӯшидаасту ба шахсияти бонувони ҷабрдида дахолат кардан зарурате надошт, мо аз вохӯрӣ бо онҳо худдорӣ намудем. Муҳим он аст, ки рӯзгори чунин занон аксар ҳангом таҳти ғамхориҳои инсонпарваронаи давлат рӯ ба беҳбудӣ меорад.
Рӯдакии бузург қариб 1200 сол муқаддам гуфтааст:
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.
Тавре ки мебинем, ҳоло дар рӯзгор нақши мардӣ ва ҳимматбаландиро худи давлат мебозад ва ба фитодагон дасти ёрӣ дароз мекунад. Ин пуштибониҳо ба дарди дармондагон дармон шуда, боиси баланд шудани сари хамгаштаи онҳо мегарданд.
Амрулло Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.