Бо мақсади таъмини шуғл ва рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар байни ҷавонон дар ноҳияи Тахиатоши Ҷумҳурии Қароқалпоқистон семинар-намоишгоҳ ташкил карда шуд.
Дар чаҳорчӯби семинар ба 30 нафар ҷавони бекори ноҳия дар асоси субсидия 330 сар харгӯши зотдор супурда шуда, илова бар ин, барои харгӯшҳо катакҳои махсус ва маҳсулоти озуқавории якмоҳа дода шуд. Дар семинар ба ҷавонон аз ҷониби мутахассисони ботаҷриба оиди парвариш ва нигоҳубини харгӯшҳо маслиҳатҳои дахлдор роҳандозӣ гардид. Ҷавонон ба саволҳои худ ҷавобҳои муносиб гирифтанд.
Суратгир: М. Ҳабибуллоев. ӮзА.