Ба муносибати сафари давлатии Президент Шавкат Мирзиёев ба Фаронса риштаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо ин кишвар боз ҳам рушд меёбад.
Таъкид намуд, ки соли 1998 Самарқанд ва Лион (Фаронса) бародаршаҳр шуда буданд. Ҳоло бошад, байни шаҳрҳои Самарқанд ва Ниссаи Фаронса ҳамкории судбахш оғоз гардида, фаъолияти пурсамаронаи соҳибкорону ҳунармандон ривоҷу равнақ меёбад. Имрӯзҳо дар Самарқанд ду корхонаи муштараки Ӯзбекистон – Фаронса арзи вуҷуд дошта, гардиши маҳсулотҳои тарафайн 15,4 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Оғози моҳи ноябри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон ба Самарқанд ташриф оварда, шуъбаи давлати худро кушода буд.
Боиси хушнудист, ки дар Донишгоҳи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд факултаи филология, дар Донишгоҳи байналхалқии «Роҳи бузурги абрешим» низ кафедраи забони фаронсавӣ амал мекунанд, ки талабагон забони Александр Дюма, Жюл Верн, Виктор Гюго ва Балзакро ҳаматарафа меомӯзанд.
– Мо дар шаҳри Париж дар анҷумани бошукӯҳи фарҳангӣ ширкат варзида, барои ҳамкорӣ бо чанд мактаби олии ин мамлакат шартнома бастем, – иброз дошт ректори Донишгоҳи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд, профессор Баҳодур Холиқов, – дар асоси он талабагон ва муаллимони ду кишвар таҷрибаомӯзӣ мекунанд. Умедворӣ дорем, ки минбаъд низ ҳамкорӣ густариш хоҳад ёфт.
Зоҳир Ҳасанзода.
Вилояти Самарқанд.