Қувасой минтақаи саноаташ рушдёфта ба шумор меравад. Маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолие, ки дар ин ҷо фаъолият мебаранд, дар бозори дохилӣ ва берунӣ харидоргир мебошанд.
Солҳои охир ба истеҳсоли маҳсулоти энергияи каммасраф эътибори калон дода мешавад. Хусусан, дар корхонаи «Blue Carbon», ки бо ҳамкории соҳибкорони хитоӣ дар фурсати кӯтоҳ сохта ба кор андохта шуд, чароғҳои панелии офтобии кӯчаҳо истеҳсол мегардад, ки ба бозорҳои мамлакатамон расонда дода мешавад. Мувофиқи маълумотҳо дар кӯчаҳои ҳудуди шаҳри Қувасой наздик ба 3 ҳазор чароғи панелии офтобӣ васл карда шудаанд, ки дар натиҷа, 860 миллион сӯмина неруи барқ сарфа шудааст.
Суратгир: М. Қодиров. ӮзА.