Муовини Сарвазири Ӯзбекистон, раиси Кумитаи оила ва занону духтарон Зулайхо Маҳкамова дар ноҳияи Шаҳрисабз бо ҳаёти бархе аз оилаҳои камбизоат, аз ҷумла бонувони маълул шинос гардид.
Дар ин дидору мулоқот ӯро сарвари Саридораи оила ва занону духтарони вилояти Қашқадарё Зиёда Аминова ва роҳбарони идораҳои дахлдори ноҳия ҳамроҳӣ доштанд. Меҳмон ба маҳаллаи «Мевазор»-и ноҳия омадаву аз ҳоли Фирӯза Бӯриева, як тан аз сокинони ин маҳалла, ки аз айёми тифлӣ ногиро аст, воқиф гашт. Ҳамчунин ба хонадони Матлуба Худойбердива ташриф оварда, бо мушкилоти ҳаёти ин бонуи маълул низ шинос гардид. Матлуба ҳарчанд чун маълул сабти ном гаштааст, аммо ба фарқ аз ҳамтоёни худ роҳи соҳибкориро пеш гирифта, рӯзгори худро обод месозад. Вай дар шуғли дӯхтани сӯзанӣ дасти баланде дорад ва ҳамин ҳунар ӯро дар маҳалли зисташ маъруф кардааст.
Матлуба сентябри соли 2024 муваффақ гашта буд, ки мактаби омода сохтани сӯзаниҳоро ифтитоҳ ва духтарони атрофро бо асрори ин ҳунари маъруфи бонувон шинос намояд. Дар ин мактаб ҳам меомӯзанд ва ҳам сӯзаниҳои зебое истеҳсол менамоянд.
Муовини Сарвазир зимни ин дидору мулоқот ба бонуи соҳибкор ваъда дод, ки дар роҳи васеъ сохтани коргоҳаш кумак хоҳад кард.
– Ҳаёти Матлуба барин бонувон, ки новобаста аз маҳдудияти имконоти ҷисмонӣ нотарсона барои ободии рӯзгори худ часпу талош меварзанд, намунаи ибрат аст, – гуфт ӯ.
Шариф Халил,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.