Ба муносибати фарорасии яке аз қадимтарин ҷашни баҳорӣ дар таърихи башарият – Наврӯз, ки рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав ва таҷдид мебошад ва чунин хислатҳои хоси халқи сермиллати моро, аз қабили меҳрубонӣ, шафқат, таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ нисбат ба наздикон, созандагӣ, эҳтироми замини аҷдодӣ ва муҳити зист инъикос мекунад, ба номи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон табрикоти самимии роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва шахсиятҳои шинохтаи ҷамъиятӣ мерасанд.
Дар паёмҳои худ шарикони хориҷӣ ба сулҳу оромӣ, рушди устувор ва фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамсоягии некро, ки дар кишвари мо ҳукмфармост, баҳои баланд дода, афзоиши бемайлони нуфузи Ӯзбекистонро дар арсаи байналмилалӣ, ки бо сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна ва прагматикӣ ноил гардидааст, махсус таъкид мекунанд. Онҳо инчунин таманниёти самимии худро барои шукуфоии Ӯзбекистони Нав изҳор медоранд.
Ба Аълоҳазрат Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Муҳтарам Шавкат Миромонович!
Табрикоти самимии маро ба муносибати иди баҳории Наврӯз бипазиред.
Муносибатҳои Русия ва Ӯзбекистон дар рӯҳияи шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ бо муваффақият рушд мекунанд. Итминон дорам, ки бо талошҳои муштарак минбаъд низ рушди фаъолонаи робитаҳои дуҷонибаи муфидро ба нафъи халқҳои дӯсти мо ва ба манфиати таҳкими амнияту субот дар Осиёи Марказӣ идома хоҳем дод.
Аз самими қалб ба Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович, дар ин рӯзи пурнури идона тандурустии бардавом ва комёбиҳо, ба тамоми шаҳрвандони Ӯзбекистон саодат ва шукуфоӣ таманно дорам.
Бо эҳтиром,
Владимир Путин,
Президенти Федератсияи Русия
***
Ба Аълоҳазрат Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Муҳтарам ҷаноби Президент!
Ба муносибати иди анъанавии халқи ӯзбек – Наврӯз аз номи Ҳукумат ва мардуми Чин ба Шумо, Ҳукумат ва мардуми Ӯзбекистон, табрикоти самимии худро ирсол медорам.
Наврӯз, ки решаҳои он ба таърихи ҳазорсола мерасанд, рамзи фаро расидани баҳор ва эҳёи табиат буда, ҳамзамон орзуи мардуми ӯзбекро барои зиндагии хушбахт, ваҳдати миллӣ ва шукуфоии давлат инъикос мекунад.
Дар ҷараёни мулоқоти гарму дӯстонаи мо дар ҳошияи Саммити СҲШ дар Остона дар моҳи июли соли гузашта, мо ба мувофиқаҳои муҳим дар бораи рушди минбаъдаи муносибатҳо ва ҳамкориҳои Чину Ӯзбекистон дар соҳаҳои гуногун расидем ва самтҳои нави ҳамкориҳои дуҷонибаро муайян кардем.
Хушҳолам, ки ин мувофиқаҳо бо муваффақият амалӣ шуда, ҳамкориҳои мутақобилан судманди миёни кишварҳоямон пайваста таҳким меёбанд ва натиҷаҳои назаррас ба бор меоранд.
Ман ба рушди муносибатҳои Чину Ӯзбекистон аҳамияти калон медиҳам ва дӯстии амиқи моро баланд арзёбӣ мекунам.
Омода ҳастам, ки бо Шумо якҷоя кӯшишҳо ба харҷ диҳам, то ҳамкориҳоро дар ҳама соҳаҳо густариш дода, сохтмони ҷомеаи сарнавишти ягонаи Чину Ӯзбекистонро бо мундариҷаи бой пурра гардонем.
Аз фурсат истифода бурда, ба Шумо, Аълоҳазрат, тандурустии бардавом, саодати оилавӣ ва дар фаъолияти пурмасъули давлатӣ комёбиҳо орзу менамоям ва ба мардуми дӯсти Ӯзбекистон сулҳ, рушди минбаъда ва шукуфоӣ таманно дорам.
Бо эҳтиром,
Си Сзинпин,
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин
***
Ба Аълоҳазрат Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Муҳтарам ҷаноби Президент!
Аз номи мардуми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Шумо ва тамоми мардуми Ӯзбекистонро бо иди Наврӯз табрик мегӯям. Ин ид рамзи сулҳ, шукуфоӣ ва таҷдид барои ҳамагон мебошад.
Ман ба муносибатҳои устуворе, ки байни кишварҳоямон ташаккул меёбанд, баҳои баланд медиҳам ва барномаи пайгиронаи ислоҳоти Шуморо истиқбол менамоям. Бо бесабрӣ интизори идомаи ҳамкориҳои муштарак дар роҳи густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ ва ҳалли бузургтарин мушкилоти замони муосир ҳастам.
Дар роҳи расидан ба ояндаи шукуфон миллатҳои бузурги мо ҳамоно пеш мераванд ва Иёлоти Муттаҳида ҷонибдори устувори соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Ӯзбекистон боқӣ мемонад.
Наврӯз муборак!
Бо эҳтиром,
Доналд Трамп,
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
***
Ба Аълоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Салом, раҳмат ва баракоти Аллоҳ бар Шумо бод.
Мо хушҳолем, ки ба Аълоҳазрат табрикоти самимӣ ва таманниёти некӯтаринро ба муносибати ҷашни Наврӯз ирсол намуда, ба Шумо сиҳатмандии комил ва хушбахтӣ, ба ҳукумат ва мардуми бародари Ӯзбекистон пешрафту шукуфоии минбаъдаро таманно намоем.
Бо эҳтироми амиқ,
Салмон бин Абдулазиз Ол Сауд,
Подшоҳи Арабистони Саудӣ
***
Ба Аълоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Салом, раҳмат ва баракоти Аллоҳ бар Шумо бод.
Барои ман мояи ифтихор аст, ки ба Аълоҳазрат табрикоти гарму самимӣ ва таманниёти беҳтаринро ба муносибати ҷашни Наврӯз ирсол намуда, ба Шумо сиҳатмандии комил ва хушбахтӣ, ба ҳукумат ва мардуми бародари Ӯзбекистон пешрафт ва шукуфоии минбаъдаро орзу намоям.
Бо эҳтироми амиқ,
Муҳаммад бин Салмон бин Абдулазиз Ол Сауд,
Валиаҳд, Раиси Шӯрои Вазирони Арабистони Саудӣ
***
Ба Аълоҳазратҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Муҳтарам ҷаноби Президент, бародари азиз!
Шумо, Аълоҳазрат ва мардуми дӯсти Ӯзбекистонро самимона ба муносибати ҷашни Наврӯз, ки рамзи эҳёи табиат, бедории замин ва таваллуди умедҳо мебошад, табрик мегӯям.
Анъанаи чандинасраи Наврӯз ба мо имкон медиҳад, ки боз ҳам аҳамияти сулҳ, бародарӣ ва ҳамбастагиро ба ёд оварем. Орзу дорам, ки Наврӯз хушхабарро дар бораи таваллуди умеди сулҳ дар тамоми ҷаҳон оварад ва роҳҳои нави муколама ва ҳамкории байналмилалиро боз намояд. Мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстӣ ва бародарии амиқи решадор миёни кишварҳоямон ва рушди минбаъдаи ҳамкорӣ аз орзуҳои самимии мост дар ин соли нав.
Ба муносибати ин рӯзи фархунда ба Аълоҳазрат сиҳатмандии комил, хушбахтӣ ва ба мардуми бародари Ӯзбекистон сулҳ, осоиштагӣ ва шукуфоиро таманно мекунам.
Реҷеп Тайип Эрдоған,
Президенти Ҷумҳурии Туркия
***
Ба Аълоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Шумо ва тамоми мардуми бародари Ӯзбекистонро бо ҷашни бузурги мардумӣ – Наврӯз самимона табрик мегӯям!
Ин ҷашни дурахшон кишварҳои моро бо анъанаҳои қарнҳои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром пайванд дода, ҳамчунин рамзи таҷдиду эҳёи табиат мебошад. Дар ин рӯзи тантанавӣ бигзор мардумонамон дар талоши ваҳдат ва шукуфоӣ муттаҳид гарданд.
Ман комилан мутмаинам, ки арзишҳои муқаддаси ҷашни Наврӯз ба рушди минбаъдаи робитаҳои байнидавлатии мо, ноил гардидан ба ҳадафу вазифаҳои олӣ ба манфиати мардумонамон мусоидат хоҳанд кард.
Дар ин рӯзи фархунда, муҳтарам Шавкат Миромонович, ба Шумо сиҳатмандии комил, нерӯи бепоён, осудагии хонаводаатон ва ба мардуми бародари Ӯзбекистон сулҳ ва шукуфоиро таманно мекунам.
Бо таманниёти нек,
Қосим-Ҷомарт Тоқаев,
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон
***
Ба Аълоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Муҳтарам Шавкат Миромонович!
Шумо ва тамоми халқи бародари Ӯзбекистонро бо ҷашни зебои Наврӯз аз таҳти дил муборакбод менамоям.
Ин ҷашни зебову хурсандибахш – рамзи эҳёи баҳории табиат, ваҳдат ва дӯстӣ, сулҳу салоҳ ва фаровонӣ аст. Вай анъанаҳои бисёрасринаи дӯстӣ ва ҳусни тафоҳумро, ки халқҳои моро пайванд ва муносибатҳои бародаронаро, ки ба таърихи умумии мо асос доранд, мустаҳкам менамоянд, таҷассум мекунад.
Муътақидам, ки ҳамкориҳоямон дар тамоми самтҳо, ки ба эҳтироми тарафайн, эътимод ва шарикии стратегӣ такя мекунанд, минбаъд низ дар сурати саъю кӯшишҳои муштарак идома карда, ба ояндаи дурахшони халқҳоямон мусоидат менамоянд.
Муҳтарам Шавкат Миромонович, иҷозат диҳед ба Шумо саломатии мустаҳкам ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳо, ба халқи бародари Ӯзбекистон сулҳу салоҳ ва пешрафт орзу намоям.
Бо эҳтиром,
Садир Ҷапаров,
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон
***
Ба Аълоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Муҳтарам Шавкат Миромонович!
Хоҳишмандам муборакбодиҳои беҳтарин ва орзуҳои неку самимии моро ба муносибати фарорасии Ҷашни байналхалқии Наврӯз қабул фармоед.
Ин ҷашн аз таърихи куҳан, ҳамчун таҷассуми ягонагии мероси фарҳангӣ ва анъанаҳои бисёрасрина дар пояи ғояҳои сулҳ ва амният, некҳамсоягӣ, эҳтиром ва дастгирии тарафайн дар мустаҳкам намудани робитаҳои байни халқҳои мо нақши муҳим мебозад.
Анъанаҳои ҷовидони созандагии Наврӯз дар қалбҳои мо саъю кӯшишҳои доимиро барои таҳкими минбаъдаи риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои тарафайни муфиди халқҳо ва кишварҳои мо бедор мекунад.
Ҷониби Тоҷикистон аз сатҳи кунунии муносибатҳои байнидавлатиаш бо Ӯзбекистон дар доираи шарикӣ ва тифоқии стратегӣ қаноатмандии худро изҳор менамояд.
Муътақидам, ки кишварҳои мо бо такя ба суннатҳои олии умумиинсонии ин ҷашни бостонӣ минбаъд низ бобати ғанӣ гардонидани муҳтавои муносибатҳои бисёрҷанбаи худ саъю кӯшишҳои муштарак мебаранд.
Дар ин рӯзҳои хотирмон ба Шумо саломатии мустаҳкам ва дар фаъолияти масъули давлатии Шумо комёбиҳои нав, ба халқи бародари кишвари Шумо бошад, бахту саодат, фаровонҳолӣ, сулҳу эътидол, пешрафти устувор ва шукуфоӣ орзу мекунам.
Наврӯз муборак бод!
Бо эҳтироми бузург,
Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
***
Ба Аълоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Муҳтарам Шавкат Миромонович!
Ба Шумо ва дар шахси Шумо ба кулли мардуми бародари Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати Ҷашни байналхалқии Наврӯз муборакбодии самимӣ ва орзуҳои беҳтарини худро ирсол медорам!
Ин ҷашни зебо, ки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон васеъ таҷлил мегардад, таҷассуми оғози баҳор ва эҳёи табиат аст. Ҷашни Наврӯз дар таҳкими муносибатҳои некҳамсоягии байни халқҳо ва маданиятҳои мухталиф нақши калидӣ мебозад. Ин ҷашни зебо рамзи умедворӣ, илҳом ва таҳкими эҳсоси инсондӯстона дар олами кунунӣ ба шумор меравад.
Бигузор ин ҷашни хотирмон барои Шумо ва тамоми халқи кишвари Шумо боиси хушбахтӣ, хушнудӣ ва комёбиҳои нав бошад!
Бо эҳтироми амиқ,
Сердар Бердимуҳамедов,
Президенти Туркманистон
***
Ба Аълоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Муҳтарам Шавкат Миромонович!
Аз он хурсандам, ки ба Шумо табрикоти сидқидилона ва орзуҳои беҳтарини худро ба муносибати Ҷашни байналхалқии Наврӯз ирсол менамоям!
Ҷашни байналхалқии Наврӯз, ки дар рӯзҳои эътидоли баҳорӣ таҷлил мегардад, аз ҷумлаи мероси куҳантарини фарҳангии инсоният ба шумор меравад. Ин ҷашни зебо, ки решаҳояш ба ҳазорсолаҳо мерасанд, нафақат тимсоли эҳёи табиат, балки рамзи эҳтироми тарафайн, ҳамзистии осуда, ҳусни тафоҳум ва меҳнатдӯстӣ ҳам ба шумор меравад.
Бигузор ин ҷашни зебо барои Шумо ва барои кулли мардуми кишвари Шумо таҷассуми сулҳу салоҳ, хушию хурсандӣ ва тозакориҳо бошад!
Бо эҳтироми амиқ,
Гурбангулӣ Бердимуҳамедов,
Сарвари миллии халқи туркман,
Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон
***
Ба Аълоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Муҳтарам Шавкат Миромонович!
Бародари азиз
Шумо ва халқи бародари Ӯзбекистонро бо ҷашни Наврӯз, ки решаҳои амиқи миллӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ дорад, аз таҳти дил муборакбод менамоям.
Ин ҷашн, ки онро инак ду ҳазор сол боз бо завқу шавқ ва хурсандӣ таҷлил менамоянд, таҷассуми бедоршавии замин, эҳёи табиат ва инсоният аст. Бигузор Наврӯз барои халқҳои бародари мо муборак бошад ва оғози омолҳои некамон гардад!
Бовар дорам, ки ваҳдати Озарбойҷону Ӯзбекистон ба таърихи умумии суннатҳои ғановатманди миллӣ ва маънавӣ, бародарӣ ва ягонагии халқҳоямон такя карда, минбаъд низ бо саъю кӯшишҳои мо инкишоф меёбад ва мустаҳкамтар мегардад.
Дар ин рӯзҳои ҷашнӣ ба Шумо ва оилаи Шумо сиҳҳату саломатии мустаҳкам, бахту саодат ва дар фаъолиятатон ба манфиати Ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон ва халқи он комёбиҳо орзу мекунам.
Бо эҳтиром,
Илҳоми Алиев,
Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон
***
Ба Аълоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Шумо, Волоҳазрат ва кулли мардуми кишвари Шуморо бо ҷашни бузург ва бостонии Наврӯз, ки таҷассуми бедории табиат, орзуву умед ба ояндаи нек ва оғози соли нави 1404 мувофиқи солшумории ҳиҷрӣ ба шумор меравад, самимона, аз таҳти дил муборакбод менамоям.
Баҳор ин нуқтаи эътидол дар табиат ва фурсати накӯӣ, ягонагӣ ва навсозӣ аст.
Умед мекунам, ки дар соли нави шамсӣ мо шоҳиди тағйироти хуб дар муносибатҳои байни ду мамлакат ва ҳаёти халқҳоямон мегардем.
Ба Шумо, Волоҳазрат, саломатии мустаҳкам ва комёбиҳо, бахту саодат ва ба халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон фаровонҳолӣ, рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байни кишварҳои минтақаи фарҳанги Наврӯзро орзу дорам.
Маъсуд Пизишкиён,
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон
***
Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай
Нурлан Ермекбаев,
Котиби генералии Созмони давлатҳои туркӣ
Кубаничбек Омуралиев,
Котиби генералии Созмони ҳамкории иқтисодӣ
Асад Маҷид Хон низ муборакбодиҳои худро ирсол доштаанд.
Муборакбодиҳо идома доранд.