CӮХ – РАМЗИ ИРОДА ВА ТАЪРИХИ ЯК ХАЛҚ

Ҳар як инсони фаъолу ҷӯянда дар зиндагӣ роҳеро интихоб мекунад ва онро бо садоқат мепаймояд. Аз роҳи тайкардаамон низ маълум аст, ки барои пешрафти зиндагӣ заҳмати зиёд кашида, соҳибкасб шуда, таҷрибаи ғанӣ андӯхта ва имрӯз ҳам дар касби худ мақоме дорем.

Аммо дар ин ҳама андешаҳою хотироти талху ширин суоле ногузир ба миён меояд: аз ҳамаи ин талош, ранҷу заҳмат, ки бешак ба нафъи худ равона шуда буд, ба ҷамъияти маҳаллӣ, ба ҳамон Сӯхе, ки орзуи ободиву рушди онро дорад, чӣ савобе расид?

Шояд замоне барои онҳое, ки баъд аз мо меоянд, барои насли нав, барои худи мардуми одӣ низ чизе мондан лозим буд? Шахсиятро бо мақом не, бо манфиатрасонӣ ба дигарон месанҷанд.

Боқӣ, мо ҳамеша эҳтиром дорем ба ҳар касе, ки бо нияти нек, муҳаббат ва ҳисси баланди ватандорӣ Сӯхро ба забон меорад. Худо кунад, ҳарфи некамон рӯзе ба амали нек табдил ёбад.

27 феврали соли 1990 ноҳияи Сӯх расман мустақил гардид.

Аммо роҳи расидан ба ин ҳадаф ҳамвор набуд. Вақте ки бо ҳамроҳонам муроҷиатномаро омода сохтем, онро ба яке аз шахсони номдорамон нишон додам. Бо табассуми нобоварона тоқии худро аз сар гирифт ва гуфт: «Сӯх мустақил мешавад?» Ман он лаҳза худро нотавон эҳсос кардам, аммо фикрамро тағйир надодам. Ба шахси дигар муроҷиат кардам, ки танҳо бо саросемагӣ гуфт: «Кори хуб, ман тарафдор!»

Аҷиб он буд, ки баъди таъсиси ноҳия, ҳамон бародарони шак оварда дар сафи роҳбарони аввалин ҷой гирифтанд.

Барои иштирокам дар таҳияи муроҷиатнома, маро ба таъқиб гирифтанд. Боре ба маркази вилоят даъват карданд ва дар идораи амният мавриди бозпурсӣ қарор доданд. Ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад, ки адолатхоҳии ман ба гӯё «таҳдид ба сохти давлатдорӣ» табдил хоҳад ёфт.

Бо вуҷуди ин, пас аз таъсиси ноҳия, ман ба ҳайси корманди шуъбаи умумии кумитаи иҷроия фаъолият кардам. Вале баъдан қурбони гурӯҳбозӣ шуда, аз кор канор шудам.

Имрӯз, бо гузашти солҳо, ба он рӯзҳо менигарам ва дарк мекунам, ки ҳар лаҳзаи зиндагӣ, ҳар мубориза ва ҳар сахтӣ арзиш дошт. Зеро Сӯхро имрӯз ҳамчун як воҳиди маъмурии мустақил мебинам – орзуе, ки замоне дур менамуд, вале бо иродаи қавӣ ва талошҳои якдилона ба воқеият табдил ёфт.

Имрӯз барои мардуми ноҳияи мо рӯзи бузургест. 35 сол боз ин гӯшаи зебои Ватан, бо вуҷуди ҳама мушкилиҳо, бо азму иродаи мардуми заҳматкашу сарбаландаш рушд мекунад ва шукуфон мегардад. Сӯх – натанҳо як ноҳияи одӣ, балки як олами таърих, фарҳанг ва ифтихор аст, ки дар оғӯши Ӯзбекистони соҳибистиқлол зиндагии нав меофарад.

Бо самимияти беандоза 35-солагии ташкилёбии ноҳияро табрик мегӯем. Бигзор сулҳу оромӣ, ободӣ ва баракат ҳамеша дар хонаи ҳар як сокини он ҳукмрон бошад.

***

Садои дилреши таърих дар лаби хомӯшии рӯзгори имрӯз танин меандозад. 35 сол натанҳо шумори солҳост, балки марҳилаи ҷонкоҳи як сарзаминест, ки бо талошу иродаи мардум эҳё гардид. Вале имрӯз хомӯшист. Чӣ қадар талху дардовар аст ин сана, ки бояд бо ифтихор таҷлил мешуд, бо бетафовутӣ рӯ ба рӯ шуд.

***

Он солҳо рӯзгори сабук набуд. Ҳар саҳар бо дард бедор мешудем ва бо умед ба хоб мерафтем. Ҳар гӯшаи кӯча, ҳар санги роҳ дар худ як достон дошт. Достони мардумони бесарпаноҳ, деҳаҳои нообод ва чашмҳои норавшан.

Ман, ки шоҳиди он рӯзҳо будам, ҳар бор ба ёд оварам, дилам ба дард меояд. Ҳарчанд баъзе ҷузъиёт аз лавҳи хотир канда шудаанд, аммо як лаҳза мисли санг дар гӯшаи дил мондааст. Се-чор сол пеш, он лаҳзаро боз эҳсос кардам, вақте бо собиқ ҳокими ноҳия Мансурҷон Мамаҷонов, сӯйи хонаи устод Мирзоҷон Хӯҷамов раҳсипор шудем.

Хӯҷамов натанҳо устод, балки шоҳиди зиндаи он рӯзҳо буданд. Мо наздашон рафтем, на барои суҳбати одӣ, балки барои боз кардани гиреҳе, ки солҳо дар синаи мо баста монда буд.

Он рӯз ҳаво соф буд, аммо ҳавои дилҳо пур аз абрҳои ғуборолуд. Домулло бо ҳамон лаҳни шевои худ аз рӯзгори гузашта қисса карданд. Ҳар каломашон на сухан, балки пораи дил буд. Аз азобҳои солҳои пеш гуфтанд, аз умедҳои сӯхта, аз ободие, ки дар миёни хокистар гум шуд ва аз рӯзи рӯшане, ки бояд меомад.

Сухан ба он ҷо расид, ки Сӯх чӣ тавр дубора ноҳия шуд. Устод бо як оҳи сабук гуфтанд: Мо – ман, Ҳаётҷон, Баҳриддин ва Султонбой, ба назди раиси Шӯрои Олӣ, Мирзоолим Иброҳимов рафтем. Бо худ як нома доштем.

Ман суол кардам:

– Домулло, ҳамон номаро медонед кӣ навишта буд?

Бо ҳайрат сӯи ман нигаристанд.

– Не, намедонам, кӣ навишт, аммо медонам, ки он дарди дили мардум буд.

Он лаҳза қалбам такон хӯрд.

– Ман навишта будам! – гуфтам бо лаҳни ларзон, ки дар он ҳам ифтихор буд, ҳам сӯз. – Ман номаро шабона бо дилу ҷон навиштам. 28 мушкили онвақтаи сӯхиёнро рӯйи коғаз овардам. Аз беобӣ, бебарқӣ, бебомӣ то мактабҳои валангор ва роҳҳои хароб.

107 нафар он номаро бо имзои худ мӯҳр карданд. Аввалин имзо номи Қаҳрамонмодар Ҳугминисо Раҳимова буд. Ин на як тасодуф, – як рамз буд. Қаҳрамонмодаре, ки худ чил сол пеш фарзандони ин сарзаминро ба майдони набард гусел карда буд, ҳоло бо ҳамон дасти ларзон барои ҳаёти фарзандонаш имзо мегузошт.

Қаҳрамонмодарон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, зиёиён, ҷавонон, собиқадорон – ҳама он номаро имзо карда буданд.

Он нома ба Тошканд расид. Ва ҳамон нома буд, ки паси дарҳои пӯшида садо кард, дили сахтро нарм кард ва ниҳоят адолатро ба сӯхиён баргардонд.

Ин қиссаест, ки набояд фаромӯш шавад.

Камолиддин Азизов,

узви Иттиҳодияи журналистони Ӯзбекистон.

Вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: