Зан нишонаҳои бемориашро ба ChatGPT ворид кардааст, ва зеҳни сунъӣ ба ӯ ташхис гузоштааст.
Тавре ки Bild хабар медиҳад, зане бо номи Марли Гарнрайтер аз Фаронса бо кӯмаки ChatGPT фаҳмид, ки ба саратони хун гирифтор аст.
Бино ба гузоришҳо, пас аз марги падараш, Марли аз арақкунии доимӣ, хориш ва нотавонӣ азият мекашид. Дар аввал ӯ ин ҳолатро ба ғам ва изтиробаш рабт медод. Вале бо гузашти вақт нишонаҳои беморӣ аз байн нарафтанд, балки вазъи ӯ бадтар шуд ва ӯ шурӯъ ба гум кардани вазн кард. Ин ҳолат боис шуд, ки ӯ ба гумон афтад, ки чизе нодуруст меравад.
Марли нишонаҳои худро ба ChatGPT дохил кард ва зеҳни сунъӣ ташхиси саратони хунро пешниҳод намуд.
«Ман ба ин шубҳа кардам ва аҳамият надодам. Фикр мекардам, ки ин наметавонад ҳақиқат дошта бошад», — мегӯяд ӯ.
Бо гузашти вақт, нишонаҳои нав пайдо шуданд – хастагии доимӣ ва ҳисси фишор дар қафаси сина. Вақте ки Марли ниҳоят ба духтур муроҷиат кард, дар шуши чапаш варам ёфт шуд. Ташхис: лимфомаи Ҳоҷкин – яке аз намудҳои саратони хун.
«Ман комилан ҳайрон шудам. Ҳатто тасаввур намекардам, ки ин воқеан саратони хун бошад», — нақл мекунад Марли.
Дар айни ҳол ӯ курси химиотерапияро мегузарад. Ҳикояи Марли бори дигар аҳамияти нодида нагирифтани нишонаҳои ҳар гуна бемориро исбот мекунад.
«Агар ҷисми шумо ба шумо ки чизеро гуфтанӣ бошад, ба он гӯш диҳед», — маслиҳат медиҳад ӯ.
Вай тавсия медиҳад, ки ҳама гуна бемориро аз марҳилаҳои аввалини он ташхис карда, бояд ба мутахассисони тиб муроҷиат кард.
Қаблан олимони Лондон усули нави табобати саратониро бо истифода аз зеҳни сунъӣ кашф карда буданд. Дар ин усул, «дӯгоники рақамӣ»-и беморон офарида шуда, ва пеш аз оғози табобат дар шахси воқеӣ, он аввал дар ин намунаҳои рақамӣ санҷида мешавад.